Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 07:53

Оташсӯзии навбатӣ дар бозори «Шоҳмансур»

10 май 2011, 04:40

Дар бозори «Шоҳмансур»-и пойтахт воқеъ дар кӯчаи Лоҳутӣ 12, ошхона ва толори саққобозӣ дар масоҳати 300 метри мураббаъ оташ гирифтаанд.

Тибқи иттилои расида аз вазорати умури дохила сӯхтор нимашаби 9-уми май, соати 02.48 ба вақти Душанбе ба вуқӯъ пайвастааст. Сабабҳои сар задани оташсӯзӣ ва хисороти воридгардида айни замон таҳқиқ мешаванд.

Ёдрас менамоем, як чунин сӯхтор 10-уми октябри соли 2008 дар бозори мазкур, дар толори фурӯшгоҳи мавсум ба «Наргис» сар зада, хисороти ҳангуфти молиро дар пай дошт. Масоҳати оташсӯзии он замон майдони 1800 метри мураббаъро дар бар мегирифт.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!