Бахшҳо
31 май 2013 08:50Тоҷикистон / Иқтисодӣ

"Ҳар тобистон тақрибан 7 миллиард киловатро аз даст медиҳем"

Гул Шералӣ, вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон, дар нахустин Форуми энергетикии Осиё ва Уқёнуси Ором, аз 27 то 30-юми май, дар ҳузури намояндагони 62 давлат мушкилоти энергетикии Тоҷикистонро матраҳ кардааст.

Тавре Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, Гул Шералӣ зимни ҳамоиш аз ҷумла қайд намудааст, ки “аз солҳои 1990 инҷониб дар энергетикаи Тоҷикистон ҳиссаи гази моеъ ва намудҳои газҳосилкунанда коҳиш ёфта, маҳдуд гардидани интиқоли гази табиӣ ва минбаъд қатъ шудани он ба ҷумҳурӣ, баланд будани арзиши намудҳои дигари энергетикӣ дар ҷумҳурӣ ногузир зарурати гузаштан ба нерӯи барқро ба миён овард.”

Вазири энержӣ таъкид намудааст, ки ҳукумат барои бартараф намудани норасогии энергетикӣ, ки дар фасли сармо қариб 4 млрд КВт/с-ро ташкил медиҳад, чораандешӣ дорад: “Ҳамзамон, дар мавсими тобистон ҳар сол нерӯи барқ дар ҳаҷми 5-7 млрд КВт/с беистифода партоб карда мешавад.”

Вазири энергетика ва саноат инчунин лоиҳаи CASA-1000-ро ба миён гузошта, онро дорои аҳамияти минтақавӣ хонда, аз ҷонибҳои манфиатдор, институтҳои молиявии байналмилалӣ даъват намудааст, ки дар татбиқаш ширкат кунанд. Гул Шералӣ зикр кардааст, ки айни замон Бонки умумиҷаҳонӣ ва Бонки Рушди Исломӣ омодагияшонро барои татбиқи лоиҳа изҳор намуданд.
Мӯҳр
Кадри кухна хеч гох харфи нави намегуяд. Факат як гапро мисли тути такрор мекунаду халос Масалан хамин сухан дар хама баромадхои ин хеши Чаноби Оли хаст: "дар мавсими тобистон ҳар сол нерӯи барқ дар ҳаҷми 5-7 млрд КВт/с партоб карда мешавад".
Чаноби Гул Шерали! Лутфан ба бехунари ва мутахассис набудани худ коил шуда, мансабро холи кунед. Медонам курсии Шумо басо курсии сердароад буда, хар сол миллионхо доллар аз тарафи ташкилотхои хоричи грантхо чудо карда мешаванд. Албатта чаноби Оли хам ин курсиро ба бегона бовар намекунанд. Вале Шумо бояд худ эътироф кунед, ки аз ухдаи вазифа набаромадед. Истеъфо дихед ва хам худу моро аз азоби вичдон озод кунед

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)