Бахшҳо

Суолҳое, ки ба президент дода нашуд

Рустами МАҶИД

Рӯзи 23 майи соли равон бахшида ба Рӯзи ҷавонон дар Тоҷикистон, мулоқоти раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони фаъоли ҷавонони кишвар баргузор шуд. Мисли бештари мулоқоти чунин сатҳ, он бо суханронии президент оғоз шуда, бо суолу ҷавоб бо даъватшудагон анҷомид. Суханронӣ, тибқи оини ба таври расмӣ ё ғайрирасмӣ қабулшуда, бештар аз аз дастовардҳо дар мавриди кор бо ҷавонон, аз он ҷумла дар соҳаи илм ва варзиш, иҷтимоиёт ва иқтисодиёт, иборат буд. Албатта, дар бораи баъзе мушкилот низ сухан мерафт, аммо чунон дур, ки гӯиё онҳо як чизи ҷонибию ғайримарказӣ бошанд.

Чуноне мегӯянд, сиёсатро спичрайтерҳо месозанд. Бале, на сиёсатмадорон, балки онҳое, ки матни суханронии эшонро менависанд. Ҳар сухан сесаду шастушаш паҳлӯ дорад ва ба кадом паҳлӯ гуфта шудани он маҳз аз ҳаминҳое бастагӣ дорад, ки сиёсатро қалам мекашанд. Камтар сиёсатмадоре ҳаст, ки бидуни омодагии спичрайтерон, суханронӣ кунад. Чунин ба назар мерасид, ки суханронии сарвари давлат тағйироти зиёд надидаю сабку услубаш ҳамоно қолабист.

Дар маҷмуъ, ташаббусҳое ҳамчун мулоқоти рӯбарӯ бо намояндагони табақаҳои гуногуни аҳолӣ қобили дастгирист. Қабл аз ҳама, ин ду ҷониби ҳукумат ва мардумро ба ҳам наздиктар месозад ва намояндагони дуюмиҳо имкон пайдо мекунанд суолу пешниҳодоти худро бидуни миёнарав ба раҳбарияти олии давлату ҳукумат расонанд. Аммо чизе, ки ба ин раванд халал мерасонад, хоҳиши худширинкунии муроҷиаткунандагон аст, ки аз ҷониби намояндагони ҳукумат дастгирӣ ҳам мешавад.

Ду-се рӯз пеш дар мусофирбар шоҳиди суҳбати ду хонандаи синфҳои болоӣ будам, ки яке ба дигаре мегуфт: “Ба ҷои ҳамин қадар таъриф, саволу пешниҳоди мушаххас мекарданду вақти президент ва дигаронро намегирифтанд, намешуд? Ё магар раисиҷумҳур танҳо барои шунидани таъриф онҳоро ҷамъ оварда аст? Магар худи ӯ монда намешавад аз чунин худширинкуниҳо?”

Саволҳое, ки бояд дода мешуд

Ҳоло, чанд суоле, ки ба назари банда, ба ҷои хушомадҳо, бояд ба сарвари давлату ҳукумати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот дода мешуд:

1. Муҳтарам президент, чаро барномаҳои давлатӣ бо қонунгузории ҷумҳурӣ мутобиқ нестанд? Барои мисол, мувофиқи дурнамои рушди ҷавонон дар кишвар аз соли 2004, бояд барои корхонаҳое, ки бештари кормандонашон ҷавононанд, сабукиҳое дар андоз пешбинӣ шуда буд. Аммо Кумитаи андоз онро сарфи назар мекард, чун дар қонунгузории андози кишвар, чунин сабукӣ ҷой надорад.

2. Муҳтарам президент, 28 май, ки рӯзи касбии марзбонон аст, барои беҳбуди хидмати ҳарбӣ чӣ чораҳои мушаххас амалӣ мешаванд? Маҳз мушаххас ва маҳз амалӣ, чун андешидани он барои беҳбуди кор кофӣ нест.

3 Муҳтарам президент, дар баробари суоли боло, бовар доред ҷавононе, ки ба таври маҷбурӣ ва зери мушту лагад ва зарби автомат ба хидмат бурда мешаванд, рӯзи мабодо синаи худро барои ин марзу бум сипар мекунанд? Охир, “облава” аз одамрабоӣ чӣ фарқ дорад? Он ҳам рӯирост ва дар рӯзи равшан? Муҳтарам президент, ба гузоришоти расмӣ ва суханоне чун “чунин мафҳум дар қонун нест” бовар накунед, чун он дар амалия ҳаст.

4. Муҳтарам президент, барои ҳифзи ҳуқуқ ва амнияти худ, ба кӣ муроҷиат кунем? Намояндагони милиса худ дар гуруҳи “облава” бо намояндаи комиссариати ҳарбӣ ва ҳам ҳукумати маҳаллӣ амал мекунанд. Барои пурра шудани ин гурўҳ, танҳо прокуратура ва суд намерасад.

5. Муҳтарам президент, чаро дар кишвар барномаи дастгирии иҷтимоии ҷавонон вуҷуд надорад? Агар ҳаст, пас, чаро он рӯи коғаз ҳасту дар амал не? Чанд мисолеро, ки оғоз аз дастгоҳи иҷроияи Президент то “управдом” шояд дар ҷавоб ба ин суол оранд, ҳамчун иҷрои як барномаи комил қабул карда наметавонам.

6. Муҳтарам президент, чаро ба хотири ранги галстук аз дарс пеш мекунанд? Бояд гуфт, ҳуҷҷати қабулшуда оиди либоси дарсӣ, хусусияти тавсиявӣ дорад, на иҷборӣ. Ҳамчунин, он озодиҳои инсонро барои иҷрои русуми динӣ, ки дар Сарқонуни кишвар, Қонун оиди озодии виҷдон ва ғайра омада аст, зери суол мебарад.

7. Муҳтарам президент, чаро низоми идоравии сохторҳои гуногуни кишвар дар амал ҳамоно иерархӣ ва гоҳо векторӣ буда, мувофиқи талаботи замон органикӣ ё аққалан матритсавӣ намешавад?

8. Муҳтарам президент, чаро бо гузашти бештар аз 15 сол, ҳолати имрӯзаро ҳанӯз бо солҳои ҷанги шаҳрвандӣ муқоиса мекунанд? Чаро бо 3-5 соли қабл не?

9. Муҳтарам президент, чаро ҳукумати кишвар, дар бораи масрафҳои буҷаи давлат, ки аз ҳисоби андозҳою пардохтҳои аҳолӣ шакл мегирад ва дар давлати демократӣ молики аслии он аҳолии кишвар аст, ҳисобот намедиҳад?

10. Муҳтарам президент, чаро барномаҳои телевизионҳои марказӣ ҷуз рақсу бозӣ ва такрори чорабиниҳои калони давлатӣ тӯли моҳҳо, дигар чизе надоранд?

11.Муҳтарам президент, чанд ҳазор сомонии дигар дар буҷаи кишвар ё бонк ёфт намешавад, то дастгоҳҳои 15-солаи овоздиҳии парлумон таъмир гардад?

Чунин саволҳо зиёданд. Пешниҳодҳо низ кам нестанд, аммо чуноне сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот таъкид мекунад, онҳо бояд ба таври хаттӣ ба дастгоҳи президенти пешниҳод гарданд, то баррасӣ шуда ва чораҳои зарур андешида шаванд. Умедворем пешниҳодоти шоиста дастгирии лозим ёфта, барои беҳбуди зиндагии мардуми кишвар хидмат кунанд.

Суханони рӯи навори сабт ва қавонини рӯи коғаз

То ҳол танҳо як бор дар мулоқоти сарвари давлат бо ҷавонон иштирок доштам, он ҳам ҳудуди 6 сол қабл. Он ҷо, сухани раисҷумҳур дар вақти худи нишаст ба инобат гирифта нашуд: ӯ ҳозиринро даъват мекард, то назди микрофон омада саволу пешниҳоди худро гӯянд, аммо ду нафари назди микрофон касеро наздикшавӣ намемонданду “маҷлис тамом шуд” мегуфтанд.

Сад афсӯс, ки иқдомоти наҷиби зиёд аз сабту пахш дар телевизион дуртар намераванд ва амали дастандаркорон аз рӯи онҳо, бо корҳои фаҳмондадиҳӣ меанҷомад. Ва сад афсӯс, ки қонунҳову барномаҳои хубамон танҳо рӯи коғазанд ва дар амал қариб дида намешаванд. Ҳазорон афсӯси дигар, ки дурнамои рушди ҷавонон гӯё барои як гурӯҳи аҳолӣ бошад, чун ҳазорон ҷавони болаёқат барои дарёфти қути лоямуте, кишвари русро обод мекунанд. Гуфтагӣ барин, чаро дар мулоқоти президент бо ҷавонон, боре аз сармоягузорони аслии буҷаи кишвар ва кисаи аҳолӣ – муҳоҷирони меҳнатӣ ёд нашуд?
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)