Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 17:42

Шабакаҳои иҷтимоӣ. Магӯ нохуш, ки посух нохуш ояд!

31 май 2013, 11:49

Бархе аз коршиносону корбарони Фейсбук сабаби аслии ба майдони таҳқиру дашном табдил ёфтани шабакаҳои иҷтимоиро “нишонаи заъф ва бетарбиятии ҷонибҳои баҳс” медонанд. Чунин таҳқиру дашномҳо бештар дар баҳсҳои марбут ба сиёсат ва дину оин ва мазҳабҳо рӯ мезананд.

Бобоҷони Қаюмзод, равоншинос ва яке аз корбарони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ, мегӯяд, аслан таҳқир василаи афроди заиф ва нотавон мебошад. “Инсон замоне дар баҳс ё гуфтугӯ ба тавҳин ва таҳқир мегузарад, ки эҳсоси заъфу нотавонӣ мекунад”,-гуфт ӯ.

Ба қавли Қаюмзод, ҳоло тавҳин ва таҳқир на танҳо дар шабакаи Фейсбук, балки дар ҷомеаи тоҷик ба як фарҳанг табдил ёфтааст: “Барои мисол, агар мо бихоҳем решаи ин мушкилро пайдо кунем, он аз мактаб ва оила маншаъ мегирад. Зеро дар мактабҳои мо муаллимон кӯдакони нодон ё камсаводро тавҳин ва таҳқир мекунанд. Аз сӯи дигар, дар оила низ падару модар кӯдакони худро тавҳин танбеҳ мекунанд. Вақте кӯдак дар ин ду макони муқаддасу муҳим танҳо тавҳин мешунавад, ҳатман дар зеҳнаш ба як чизи одӣ табдил мешавад.”

Абдуллоҳи Муҳаққиқ, корбари дигари фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ, низ дар таъйиди суханони Қаюмзод гуфт, берун рафтан аз мавзуъ ва гузаштан ба таҳқиру тавҳин ин нишонаи надоштани маърифати илмию динӣ ва одитарин унсурҳои ахлоқӣ мебошад. Ба назари Абдуллоҳи Муҳаққиқ, инсон баъзан вақт барои посух гуфтан бо лаҳни шадиду тунд маҷбур мешавад: “Барои радди ақидаҳои ифротӣ ва экстремистӣ, ки бархе нафарон дидаву дониста аз номи Ислом матраҳ мекунанд, моро маҷбур месозад, то дар муқобилашон бо ҳамон тарзу услуб ва метод посух гӯем.”

Аммо равоншиноси тоҷик ингуна услубро чандон мантиқӣ намедонад. Ӯ егӯяд, агар як ҷониби баҳс дашном дод, тарафи дигар ба он ҷавоб надиҳад, кор тамом мешавад. “Вале ҳар ду тараф дар ҳолати фишору асабоният карор доранд, ки мунтазири фурсат ҳастанд, то ҳаяҷони дарунии худашонро холӣ кунанд. Бинобарин, тарафи дувум ҳам бо камтарин тавҳин ҷавоби аз он шадидтар медиҳад”,-афзуд ӯ.

Аз сӯи дигар, Умед Ҷайҳонӣ, яке аз ҷавонони фаъол, ба ин назар аст, ки бе ҷазо мондани афроди бадгуфтор мояи афзоиши дашному таҳқир шудааст: “Бадгӯён чун медонанд ки касе пайдову муҷозоташон намекунад, нухтаашонро мекананду забондарозӣ мекунанд.”

Ин дар ҳолест, ки қаблан низ Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бо пахши як изҳорот аз фарҳанги костаи бархе аз истифодабарандагони интернет дар Тоҷикистон нигаронӣ карда, ҳушдор дода буд, ки имрӯз ин ниҳод таҷҳизоти муосиреро дар даст дорад ва қодир аст, манбаи иттилооти бардурӯғро муайян кунад ва барои ҷавобгарияш мусоидат намояд. Бино ба иттилои расмӣ дар ҳоли ҳозир бештар аз се миллион сокини Тоҷикистон ба интернет дастрасӣ доранд, ки аксари онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, назири Фейсбуку Мой Мир, Одноклассники ва ВКонтакте “хона” кардаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!