Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 23:26

Муовини муфтӣ дар намози ҷумъа: “Фарзандҳоятонро баргардонед!”

31 май 2013, 14:52

Муовини сархатиби масҷиди марказии шаҳри Душанбе дар намози ҷумъа аз сокинон хост, фарзандони худро аз мадрасаҳои динии хориҷӣ бозпас оранд.

Домулло Сайид Акбар, муовини сархатиби масҷиди марказии шаҳри Душанбе, аз намозогузорон даъват кард, фарзандони худро, ки дар хориҷа ба таълимоти динӣ машғуланд, баргардонанд.

Домулло Сайид Акбар, ки дар намози ҷумъаи рӯзи 31-уми май дар ин бора ҳарф мезад, гуфт, “аз падару модарон ва бародарон хоҳиш карда мешавад, фарзандони худро, ки ба таври ғайрирасмӣ барои таҳсили динӣ ба хориҷа рафтаанд, баргардонда, тибқи дастуроти сарвари давлат ба таври расмӣ онҳоро равон кунанд.”

Зеро ба гуфтаи ӯ, дар ақидаву рафтор ва амалҳои ин ҷавонон ақидаҳои ғайриисломӣ ҷорӣ карда мешавад, ки барои волидайнашон оқибати нохубе хоҳад дошт: “Имрӯз равияҳои тундраве ба миён омадааст, ки дунболи аз роҳ баровардани ҷавонони мову Шумо мебошанд.”

Ба гуфтаи Сайид Акбар ҳоло аз 1800 нафар аз ҷавонони тоҷик, ки бидуни иҷозаи расмӣ барои гирифтани маълумоти динӣ ба кишварҳои хориҷ рафтаанд, 1 600 тани онҳо баргардонида шудааст. Ин нуктаро Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 23-юми майи соли ҷорӣ, ҳангоми мулоқоташ бо ҷавонон таъкид карда буд. Мақомот мегӯянд, онҳое, ки барои таҳсил ба мадрасаҳои динии кишварҳои исломӣ мераванд, аввал бояд Донишгоҳи исломии Тоҷикистонро хатм карда ва баъдан бо ризояти Вазорати маориф ва Кумитаи умури дин бираванд.


Дар акс: Домулло Сайид Акбар, муовини имомхатиби масҷиди марказии Душанбе (Нафари дувум аз тарафи чап)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Абдуллоҳ

  • 31 май 2013 15:31
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин бечора мехоҳад, ки ҳама мардуми тоҷик ва хоссатан, ҷавонони он мисли ӯ бошанд. ин бечорагон, аслан, ба ҷойи талқини гуфтаҳои боло агар рисолати худро аз рӯйи имон адо мекарданд ва барои омӯзиши таълимоти динӣ шароити мусоид, чун маводи зарурӣ, устодони ботаҷриба ва воқеан, донишманд таҳия менамуданд, ҷавонони тоҷик ба берун аз пайи сер намудани таталлуоти илмии худ намерафтанд. ин бечора дар ҳоле ин талқинотро тӯтивор аз минбари паёмбарӣ мегӯяд, ки дар вилояти Суғд чанд мадрасаи динии боқимондаро низ бастанд ва донишандӯзони онро масъулони "облава" барои дифои марзу буми ватан бурданд..........
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чи хушбахти аст ки дар донишгохи ИСЛОМИи Точикистон бихонем ва 1800 нафаре ки дар хорича мехонд онхо бихонад.
Аммо имруз хамон донишгох чунин шудааст,ки ба имтихони давлати на кам аз 1000$ насупори аз имтихон намегузари. ин пушида нест,ки порахурон кори худро ба пеш мебаранд. боз дар ин донишгох хондан кудрати хаммаи шахрвандон намерасад ки дар ончо бихонанд. Агар дар инчо бихонанд дар хар як мохаш на кам аз 1000$ харч карда мешавад. Барои чи мадрасахое,ки дар вилояти Сугд буд онхоро бастанд? онхоро гайри расми хисобида барои хуччатгузориаш ичозат намедиханд. дар ончо хамаи чавонписарон ва чавондухтарон илми кофи мегирифтанд ва рохи дурусти зиндагиро меомухтанд. аз хама мухимаш ин буд,ки дар як мох 100 сомони харч мекарданд.
Посух додан
  • Мустафо

  • 2 июн 2013 22:53
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Абдуллоҳ,
У дуруст мегуяд! Мана ба наздики хабар доданд, ки 3 чавони точик дар Сирия нобуд шудаанд. Ана хамонорам падару модар хаёл мекарданд, ки дар мадрасахои Покистону Эрон ва Миср таълим гирифта истодаанд. Аз Ватани худ ношукри накунед!!!

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!