Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 19:02

Ифтитоҳи боғча барои кӯдакони маъюб дар Душанбе (АКС)

31 май 2013, 15:23

Нилуфари КАРИМ

Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи кӯдакон, ки ҳамасола 1-уми июн таҷлил мегардад, имрӯз, 31-уми май, дар назди Маркази солимгардонии кӯдакони маъюб -«Киштӣ», боғчаи нав мавриди истифода қарор дода шуд.

Санавбар, корманди маркази мазкур дар сӯҳбат ба «Озодагон», гуфт, дар боғчаи нав бо гулу гулкорӣ ва хоку табиат инкишофи кӯдаконро вусъат хоҳанд дод: «Асосан марказ дар якҷоягӣ бо модарон кор мекунад, барои модарон дарсҳои махсус гузаронида мешавад. Агар дар ин марказ мутахассисон бо кӯдак ҳудуди 2 соат кор кунанд, боқимонда вақти худро онҳо бо модаронашон сарф мекунанд. Дар асл табиби ассосии ҳар кӯдак модараш аст.»

Дар маросими ифтитоҳи боғча бештар модарон бо фарзандони худ машғул буданд. Зулайхо -модари писарчаи 5 сола мегӯяд, ки фарзандаш модарзод маъюб будааст: «Аз 1 солагиаш ба ҳамин марказ меорам. Фарзандамро дар хонаи худам нигоҳубин мекунам. Ҳар вақте, ки дар Марказ ягон чорабинию корҳои фаҳмондадиҳӣ дошта бошад моро даъват мекунанд. Аз ҷониби ҳамин ташкилот ҳамчун модари маъюб маро ба як конфронсе ба шаҳри Бишкек фиристода буданд».

Ифтитоҳи боғча барои кӯдакони маъюб дар Душанбе (АКС)Назира Муҳаммадҷонова, директори Маркази «Киштӣ» изҳор дошт, ки ҳамасола то 150 кӯдакро ба марказашон қабул намуда, барои тавонбахшии онҳо машғулиятҳо мегузаронанд: «Ҳар рӯз ба маркази мо аз 15 то 20 кӯдакро волидайнашон меоранд. Ҳамчун табиб гуфта метавонам, ки ин боғча барои кӯдакони маъюб зарур буд ва барои саломатии онҳо кӯмак мебахшад. Роҳҳо, ҷойҳои махсуси бозикунӣ ва дигар бозичаҳо махсус барои ин кӯдакон сохта шудааст. Мо ҳар моҳ тифлакони маъюбро гирифта ба хонаи кӯдакон меравем. Мақсади мо ин аст, ки онҳо дар ҷамъият якҷо шаванд.”

Маврид ба зикр аст, ки Маркази солимгардонии кӯдакони маъюб аз соли 2008 кушода шуда, дар ихтиёри Созмони занони маъюб «Иштирок» қарор дорад.


Ифтитоҳи боғча барои кӯдакони маъюб дар Душанбе (АКС)

Ифтитоҳи боғча барои кӯдакони маъюб дар Душанбе (АКС)

Ифтитоҳи боғча барои кӯдакони маъюб дар Душанбе (АКС)

Ифтитоҳи боғча барои кӯдакони маъюб дар Душанбе (АКС)

Ифтитоҳи боғча барои кӯдакони маъюб дар Душанбе (АКС)

Ифтитоҳи боғча барои кӯдакони маъюб дар Душанбе (АКС)

Ифтитоҳи боғча барои кӯдакони маъюб дар Душанбе (АКС)

Ифтитоҳи боғча барои кӯдакони маъюб дар Душанбе (АКС)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!