Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 23:26

Қаҳрамони асосии “Суруши Сталинград” ба назди Устод Қаноат меояд

31 май 2013, 16:20

Қарор аст, моҳи сентябри соли ҷорӣ қаҳрамони достони “Суруши Сталинград”-и устод Мӯъмин Қаноат ба Душанбе омада, ба ӯ медал супорад. Ин маросим дар робита ба ҳафтодсолагии пирӯзии сарбозони Шӯравӣ дар муҳорибаи Сталинград баргузор хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, дар остонаи ҷашни мазкур “Маҳфили дӯстии байналмилалӣ”-и шаҳри Волгогради Русия достони “Суруши Сталинград”-и Мӯъмин Қаноатро ба забони русӣ мунташир кардааст. Тавре Зинаида Селезнева, қаҳрамони достони мазкур, дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, ташаббускори аслии аз нав чоп кардани достони Мӯъмин Қаноат, Олга Безбородова, раҳбари “Маҳфили дӯстии байналмиллалӣ” будааст.

Вай афзуд, “аз “Суруши Сталинград” як нусха буд. Онро ба ман шахсан Мӯъмин Қаноат тақдим карда буд. Баъдан Олга Безбородова китобро гирифта, нав барои нашри он кӯшиш кард. Дар натиҷа китоб хеле аҷиб баромад.”

Зинаида Селезнева дар идома гуфт, ҳамзамон дар остонаи 70-солагии пирӯзии сарбозони Шӯравӣ дар муҳорибаи Сталинград тамоми мактабҳои шаҳри Волгоград чорабиниҳо бахшида, ба ашъор ва зиндагии Мӯъмин Қаноат доир кардаанд.

“Дар робита ба 70-солагӣ ман шахсан ба Мӯъмин Қаноат як рамзи хосе омода кардам, ки қарор аст онро дар Душанбе барояш тақдим кунам”,-илова кард Зинаида.

Достони “Суруши Сталинград” ба устод Мӯъмин Қаноат шӯҳрати ҷаҳонӣ овардааст. Ӯ соли 1977 барои ин достон ва ҳамчунин достони “Тоҷикистон - исми ман” барандаи Ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ гашта буд.


Қаҳрамони асосии “Суруши Сталинград” ба назди Устод Қаноат меояд

Қаҳрамони асосии “Суруши Сталинград” ба назди Устод Қаноат меояд


(Барои дастрас намудани ин аксҳо ба Абдулло Давлатов, раҳбари Иттиҳоди тоҷикони Русия изҳори сипос мекунем)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Insho Surushi Stalingrad???

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!