Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 23:28

Ҳалокати хабарнигори тоҷик дар садамае дар Душанбе

31 май 2013, 17:05

Барно Абдураҳмонова, рӯзноманигори сомонаи Pressa.tj аз вилояти Суғд, шаби 30 ба 31-уми май дар пайи як сониҳаи нақлиётӣ дар Душанбе ба ҳалокат расидааст.

Pressa.tj аз қавли шоҳидони ин ҳодиса менависад, соати 22-и шаби 30-юми майи соли равон дар назди Театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, дар кӯчаи Неъмат Қарабоев, ду мошин ба ҳам бермехӯранд ва яке аз мошинҳо Барно Абдурахмоноваро, ки дар назди гузаргоҳи пиёдагарди канори роҳ истода будааст, пахш менамояд. Дар натиҷа Барно бо ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ соати 22:40 дақиқа ба беморхонаи Қарияи боло интиқол дода мешавад ва ба ҳуш наомада, соатҳои 2-и шаби 31-уми май ҷон медиҳад.

Ба иттилои аввалияи Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон садама бо айби Усмоналӣ Рустамов, ронандаи "Дэу Леганза" (рақами давлатиаш ЕН 84- 74-РТ 01) сар задааст. Ба иттилои ин ниҳод айни ҳол мақомоти пулис сабабҳои рух додани сониҳаро, ки мунҷар ба ҳалокати ин зан шудааст, тахқиқ карда истодаанд.

Аҳли эҷоди гуруҳи расонаҳои "Озодагон" аз даргузашти нобаҳангоми Барно Абдураҳмонова сахт андуҳгин буда, ба наздикону пайвандони ӯ сабри ҷамил мехоҳанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Администраторы
  • Қайд: 21.01.2013
  • Мақом: Пользователь offline
  • Шарҳҳо: 4
  • Матлаб: 2978
Хонаи охиратат обод бошад хамкасби азиз!!!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рухатон шод бод хамкасби гироми, Худованд ба шумо рахмату магфирати худро насиб бигардонад. Мо хам аз ин холат бисёр андухгин хастем! аз даргохи худованд ба пайвондону наздикони шумо сабри чамил мехохем!admin,
admin,
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хамдардии худро ба ахли оила ва хешовандони мархум расонда ба хамаи онхо сабри чамил аз даргохи Худои муттаъол талаб дорам. Омин!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Худованд ин хохару хамкасби моро биомурзад ва дар бихишт чояш бидихад. Тасаллияти хешро ба ахли хонадон ва пайвандони мархума баён мекунам.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Инно лиллох ва инно илахи рочиун, Худованд ба наздикони мархум сабри чамил ато фармояд ва рохи охирати майитро бехатар гардонад, омин.
Худованд мо ронандагонро биомурзад, ки гохо нархи иштибохамон баробари нархи чони инсонист! Худованд моро аз ин гуна фалокат дар панохи исматат нигахбон бош...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба хамаи он касоне.ки таъзияи хешро барои фавти ин духтари чавон-фарзанди ватан ва хохараки мо баён сохтаанд,хамрохам.Эй хоку эй замин наход.ки хамин олихаи зебову нафисро ба коми худ каши?.Хазорхо чисмхои зеборо дар Точикистон ба худ кашиди.каме истихола накарди,эй замини кухнаву хомуш.Сад афсус,хонаи охиратат обод бошад,хохари азиз!.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!