Бахшҳо
31 май 2013 17:53Тоҷикистон / Иҷтимоӣ / Акс

Тахриби манзили як сокини Ваҳдат бо "кран" ва шарҳи мақомот (АКС)

Алишер ЗАРИФӢ

Мақомоти ноҳияи Ваҳдат бегоҳи 29-уми майи соли ҷорӣ қисме аз манзили сокини кӯчаи “20-солагии истиқлолият” (Туғдона) -- Мушаррафа Шарифоваро чаппагардон кардаву ба ӯ ва бархе аз ҳамсояҳояш се рӯз муҳлат додаанд, то он ҷоро батамом тарк намоянд.

Хонум Шарифова дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, он рӯз барои тахриби манзили ӯ намояндагони мақомоти расмӣ ва сӣ корманди милиса бо “кран” омада буданд.

Ин сокини ноҳияи Ваҳдат аз он шиква дорад, ки тахриби қисме аз манзилаш бидуни огоҳии пешакӣ сурат гирифта, ӯро дар нимароҳ гузоштааст, ки бо тамоми ҷиҳози хона ва панҷ фарзанд ба куҷо раваду аз кӣ имдод талабад. Вай мегӯяд, ҳоло ҳукумати ноҳия ба ӯ шарте гузоштааст, ки иҷрояш мушкил ва иҷро накарданаш метавонад ӯро ду дасти холӣ бигузорад: “Агар тибқи шартномаи пешниҳоднамудаи ҳукумат аз баҳри як қисми дигари манзиламон, ки дар 29 метри мураббаъ ҷойгир аст, нагузарем, баъд аз 3 рӯз новобаста аз хоҳиши мо онро вайрон хоҳанд кард.”

Хонум Шарифова илова кард, “шартнома дар хусуси он аст, ки мо бояд розигӣ диҳем ва имзо гузорем, ки дар ҳамин 29 метри мураббаъ замин зиндагӣ кардан мехоҳем ва боқимондаи он ки вайронаш кардаанд, ғайриқонунӣ буд. Ҳукумат хонаи моро дар тендер монда буд ва тибқи он Тоҷиддин Пиров, раҳбари “Тоҷиксодиротбонк”, омода буд дар ҳаҷми 40 ҳазор доллар хонаи моро харад, мо ба ин розӣ шудем, аммо барои ин боз худи намояндагони ҳукумат монеа эҷод карданд. Ба дастгоҳи иҷроияи президент, парлумон Додситонии кулл муроҷиат кардем ва ба мо гуфтанд, ки бе иҷозаи Шумо касе ҳақ надорад хонаатонро вайрон кунад, аммо бубинед чӣ кор карданд. Аз дастгоҳи иҷроияи президент ба мо гуфтанд, дар сурати иваз кардани макони манзили зистатон сари ҳар нафаре, ки дар оила зиндагӣ мекунад, бояд 10,5 ҳазор долларӣ ҷудо карда шавад.”

Ин мусоҳиби мо 18 сол боз дар ин хонааш зиндагӣ карда ва тамоми аснод дар бораи қонунӣ будани заминашро доштааст. Гулнигор Табарова, сокини ноҳияи Ваҳдат ва ҳамсояи Мушаррафа Шарифова, низ барои холӣ кардани манзилаш се рӯз муҳлат гирифтааст. Ӯ мегӯяд, “рӯзи 29-уми май тамоми хонаи Мушаррафаро чаппа карданӣ буданд. Аммо ӯ худро дар дами “кран” партофт, ки ин боиси вайрон нагардидани тамоми хонааш гардид. Лекин ба ман низ 3 рӯз муҳлат доданд ва ҳоло аз он дар ташвишам, ки баъди 3 рӯз бехона мемонам.”

Гулнигор Табарова ва Мушаррафа Шарифова дар сӯҳбатҳои худ аз Сарабек Холов, муовини раиси шаҳри Ваҳдат, ном мегирифтанд, ки ба ӯ дар мавриди ҳалли ин мушкилашон муроҷиат кардаанд.

Аммо Сарабек Холов шарҳи ин масъаларо ба дӯши яке аз ҳуқуқшиносони ҳукумати ноҳия бо номи Абдуллоев гузошт. Абдуллоев ҳам бо мо сӯҳбат накард ва беҳтар донист дар ин масъала бо Эраҷ Зоиров, сармеъмори шаҳри Ваҳдат, гуфтугӯ кунем.

Эраҷ Зоиров зимни суҳбат ба мо гуфт, манзили истиқоматии Мушаррафа Шарифова вайрон нашуда, балки ошхонаи ӯ, ки дар назди ҳавлияш худсарона сохта шуда будааст, вайрон гардидааст. Ба қавли Эраҷ Зоиров, дар маҷмӯъ тибқи нақшаи генералии шаҳр манзили Шарифова ва ҳамсояааш Табарова пурра чаппа карда мешаванд ва дар ҷойи онҳо хонаҳои баландошёна сохта хоҳад шуд.

Номбурда мегӯяд, бар ивази манзилҳояшон ба онҳо 29 ҳазор доллари Амрико пешниҳод кардаанд, аммо истиқоматкунандагони ин манзилҳо розӣ нашудаанд: “Мушаррафа Шарифова мехоҳад, бар ивази манзилаш 40 ҳазор доллар гирад, ҳол он ки дар маркази шаҳри Ваҳдат 1 метри мурабаъ 450-500 доллар аст ва манзили ӯ 14 ҳазор доллар арзиш дорад. Бо 29 ҳазор долларе, ки ба онҳо пешниҳод намудем, имкони харидории як манзили дуҳуҷраӣ дар маркази шаҳри Ваҳдат вуҷуд дорад.”

Эраҷ Зоиров таъкид кард, ин масъала миёни ҳукумат ва сокинон бо якдигарфаҳмӣ ҳал нашуд ва мақомоти иҷроия тариқи аризаи даъвоӣ ба Додгоҳи шаҳри Ваҳдат барои кӯчондани онҳо ба дигар ҷо муроҷиат кардааст. Гулнигор Табарова ва Мушаррафа Шарифова дар навбати худ амали намояндагони ҳукумати Ваҳдатро ғайриқонунӣ шуморида, мегӯянд, дар сурати ҳал нагардидани ин мушкилашон ва идома додани тахрибкунии манзилҳояшон ба дигар мақомоти дахлдор шикоят мебаранд ва мехоҳанд ҳақ ба ҳақдор бирасад.

Дар чанд соли охир тахриби манзили сокинон дар бархе аз маҳаллаҳои Душанбе ва ноҳияи Рӯдакиву Ваҳдат мушоҳида шуда, бештари баҳсҳо ба нафъи мақомот ҳал шудааст. Мақомот ин манзилҳоро ё ба далели ғайриқонунӣ будани заминашон ва ё аз рӯи нақшаи куллии шаҳру ноҳияҳо тахриб кардаанд.

Тахриби манзили як сокини Ваҳдат бо "кран" ва шарҳи мақомот (АКС)

Тахриби манзили як сокини Ваҳдат бо "кран" ва шарҳи мақомот (АКС)

Тахриби манзили як сокини Ваҳдат бо "кран" ва шарҳи мақомот (АКС)

Тахриби манзили як сокини Ваҳдат бо "кран" ва шарҳи мақомот (АКС)

Тахриби манзили як сокини Ваҳдат бо "кран" ва шарҳи мақомот (АКС)

Тахриби манзили як сокини Ваҳдат бо "кран" ва шарҳи мақомот (АКС)

Тахриби манзили як сокини Ваҳдат бо "кран" ва шарҳи мақомот (АКС)

Тахриби манзили як сокини Ваҳдат бо "кран" ва шарҳи мақомот (АКС)

Тахриби манзили як сокини Ваҳдат бо "кран" ва шарҳи мақомот (АКС)

Тахриби манзили як сокини Ваҳдат бо "кран" ва шарҳи мақомот (АКС)
Мӯҳр
ш душанбе Чи хак дори ки хонай шахсии уро ба хок яксон мекни хато бе ичозати сохиби хона хак надори хонаш даромадан кани кани у пракроре ва судияхо хамаш одамои худшонан. милати мора дар хамачо паст мезанен шмо вазфата ичро карда наметавонен

фируз
recourse ба кудакон нигаред рахматон меояд.ин чи бе адолатист

Бо кудакони кучак ин занро дар куча партофтаанд шармандагист охи р намефахмам ба кучо нигох дорад ин давлат дар хамин Шахри Вахдат бори 2юм аст ки ба ин вокеъа ру ба ру мешавам

Мухаммад
Ин як шармандагист барои хукумати шахри Вахдат. Аз конун наметарсед, аз Худо тарсед.

Кулоби
Кори ин золимо факат вайрон кардан аст. Шмо барои мардм кор наменен хай хоношона вайрон накнен охи.
Хами одамо касе хастан коре карданиян ки ами мардм ай чонш безор шававу броян дар майдон хдшуна алов бзанан. И мардм хдш безор шидаст, ихели бад накнен , ки дар оташ шмо якм месузен.
Агар рах сохтани бошен пули мардма бтен е хонашон бтен ки зиндаги кнан бад бсозен. И корои шмо говзури аст, ба говзури хкмат када наметунен.

Худотарс
Дар дунё ду навъ тафаккур вучуд дорад ки хамвора боиси бадбахтии башар будаву хаст.. яке тафаккури зургуи ва дигаре гуломи.. агар ин ду истилохро нарезондаву начаконда тарчума кунем ба точики мешавад: тафакури узбаки ва дохундаги яъне... ин ду тафаккур садди рохи пешрафти точик -мардум шудааст.. марг ба хар дуи ин.. дар дохил дохундаги дар берун узбаки..ин тафаккурхо бояд решкан шавад.. хар кишваре ки ноил ба пешрафту рушд шуда хамин дуро аз реша табар задааст...

Неъмат
Вокеан сурати аламовар аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)