Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 03:06

Чаро Тоҷикистонро тарк мекунанд?

1 июн 2013, 10:32

Таҳлилгарони тоҷик дар суҳбат бо "Озодагон" омилҳои асосии афзоиши муҳоҷирати мардуму мутахассисонро аз Тоҷикистон шарҳ доданд.

Зарафо Раҳмонӣ,
Мудири шӯъбаи фарҳангу ҳунари ҲНИТ

Рафтани шаҳрвандон аз Тоҷикистон пеш аз ҳама ба вазъияти иқтисодӣ марбут аст. Аксарият ба хотири пайдо кардани ҷои кор ва маоши арзандае, ки бо он хонаводаашонро таъмин карда тавонанд, берун аз кишвар мераванд. Дар баъзе маворид сафари шаҳрвандон агар аз як тараф иқтисодӣ бошад, аз тарафи дигар ба хотири амнияти корашон дар Тоҷикистон ҳам ҳаст. Ҳамчунин метавон гуфт, ки дар ин авохир амнияти сиёсӣ ҳам ба ин раванд дахл дорад. Масалан, нафароне, ки мехоҳанд фаъолияти озоди сиёсӣ дошта бошанд, дар доираи як чорчӯбаи муайяни ҳукумати давр бояд тобеъ бошанду аз он берун набароянд.

Сайфулло Сафаров, муовини раиси МТС

Якум, тибқи конститутсияи Тоҷикистон онҳо ҳақ доранд, ки ҳар куҷо хоҳанд озодона раванд ва бозгашта оянд. Дуюм, онҳо ҳақ доранд, ки ҳам барои хондан, ҳам барои эҷод кардан ва кор кардан ба дигар кишварҳо раванд ва мисли дигар ҳамсояҳо дар Тоҷикистон ин хел системаи иҷозатдиҳӣ ва ё ҳукуматӣ вуҷуд надорад. Яъне визаву паспорти хориҷӣ дорӣ, метавонӣ ба ҳар ҷое хоҳӣ биравию баргардӣ. Ягон мушкилоте дар ин самт вуҷуд надораду набояд дошта бошад чун ин нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон мебошад. Сафарҳо ба хориҷ бештар ихтиёриву довталабонананд ва ҳар касе ҳарчи қадар мушкил, ки надошта бошад, метавонад. Барои мисол устод Бозор Собир бозгашта омаданд боз ҳам бо даъвати ҷаноби олӣ. Яъне ҳамаи шаҳрвандонро наравед гуфтан маъно надорад ва шаҳрванди мо бояд озод бошад.

Меҳмоншоҳ Шарифзода, донишманд

Муҳоҷират ҳама давру замон вуҷуд дошт ва ба хусус баъди ба охиррасии Ҷанги Сард ва оғози ҷаҳонишавӣ ба як руйдоди байналхалқӣ табдил ёфт. Ва муҳоҷират дар ҳар як мамлакат хусусиятҳои худро дорад. Агар дар як мамлакат аз зиёдшавии аҳолӣ муҳоҷират мекунанд, дигар ҷо аз пастии сатҳи зиндагӣ, дар дигар ҷо аз фишорҳои сиёсӣ ва ғайра мамлакати худро тарк мекунанд... Ва акнун мо мебинем мамлакатҳое ҳастанд, ки муҳоҷир қабул мекунанд ва мамлакатҳое, ки мисли Тоҷикистон муҳоҷир истеҳсол мекунанд... Қисми зиёди Тоҷикон баъди пош хурдани Шӯравӣ ба ҷуз зиндагӣ дар муҳоҷират ягон намуди дигари зиндагиро ёд надоранд. Ин намуди зиндагиро касе медонад ки худ таҷрибаи муҳоҷириро аз сар гузаронида бошад. Чи хеле ки мебинем Тоҷикон аз Тоҷикистон на барои он мераванд, ки ин ҷо дар Тоҷикистон зиндагии хуб доранд ва боз мехоҳанд зиндагии беҳтар дошта бошанд. Онҳо барои ин мераванд, ки дар Тоҷикистон фазои барои зиндагии инсонӣ мувофиқ ташкил карда нашудааст. Дуруст аст ки биноҳои нав, пулҳо, роҳҳо сохта шуда истодаанд вале ин ҳама худ ба худ чизе истеҳсол намекунад, зеро технологияҳое, ки барои истеҳсоли дороии мардум, истеҳсоли бехатарии иҷтимоӣ ва вуҷудии мардум дар ҷомеа даркоранд, кор накарда истодаанд. Ҷомеа худ бояд ба як ҷисми зиндаи амалкунанда табдил дода шавад бо таркибҳои солими иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ, ки мутассифона дар мо то ҳол вуҷуд надорад...

Аслан муҳоҷират дар Тоҷикистон ин мушкилоти сиёсӣ-иқтисодӣ ва иҷтимоист ва он бояд дар ин муддат ҳамчун мушкилот дарк мешуд ва ҳал мешуд, вале дар мо ба ҷои шинохти мушкилот ва ҳалли он ин мушкилотро ба корхона табдил додаанд ва аз он фоида ҷустанӣ мешаванд. Манзурам хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон аст, ки яке аз ниҳодҳост, ки мардуми худро барои мардикори хуб будан барои Русия тайёр мекунад. Агар барномаи истиқлол амалӣ мешуд бояд ин корхона вазифаи дигарро иҷро мекард, яъне муҳоҷир қабул мекард, вале имрӯз аз рӯи фалсафаи ин ниҳод агар корҳо рафтан гирад, бояд ҳама дар муҳоҷирати иҷборӣ бошанд. Аслан ин муносибатро давлатҳои мустақил нисбат ба муҳоҷирони ғайр, яъне дар натиҷаи ҷангҳо ва ҳаёти вазнин аз давлатҳои ҳамсоя омада мекарданд. Давлати Тоҷикистон, ки дар ин давраи тақдирсоз ва ҷаҳонишавӣ бозингари калидӣ ба ҳисоб меравад дар мудати ин солҳо бояд бо беҳтар кардани шароити зиндагии мардум дар мамлакат ин хадамотро ё мебоист ва ё ҳамчун хадамот барои қабули муҳочирон аз дигар мамалакатҳо ба Тоҷикистон табдил медод. Дар ин муддат бояд бунёди ҷомеаи амалкунанда андохта мешуд ва намуди нави ҳаёт шакл мегирифт. Мебоист дар ин муддат ҷомеаи беҳтар аз ҷомеаи Руссия сохта мешуд то ба муҳоҷират рафтагиҳо бармегаштанд. Вале сиёсат ранги дигар гирифтааст ва барномаи истиқлолият амалӣ нашуда истодааст. Имрӯз мардуми зиёде дар дохил ва хориҷи мамлакат он сӯи истиқлолият мондаанд. Имруз дар мамлакате мисли Тоҷикистон намешавад мардуми зиёдеро дар ин муддати дуру дароз ва боз дар мамлакате нимаваҳшӣ , мисли Руссия, дар муҳоҷирати маҷбурӣ нигоҳ доштан ва онро ба “сиёсати фоиданоки” давлатӣ табдил додан. Ин мардум акнун бозичаи дасти сиёсатмадорони Русия ҳам ҳастанд ва дар он ҷо ҳам он сӯи ҳуқуқҳои башарӣ ва дур аз ҳимояи қонун мондаанд...

Гуруҳе, аз ин зиндагии пароканда, нотинҷ ва зери фишори қисми зиёде аз мардуми тоҷик, барои худ ва хешу табор ва фарзандони худ гуё фазои осудаи зиндагӣ’ ташкил кардаанд, ва намедонанд ки ҳама дар як киштианд.
Шамсуддин Ҷалолов, коршиноси масоили иқтисодӣ
Аслан ба хотири зиндагиашро беҳтар намудан аз вартаи қашшоқӣ баромадан ва ин чизи маъмулии чунин кишварҳо мебошад. Ҳоло ҳам дар мо механизми аслии иқтисодӣ дар сатҳи инкишоф аст ва то ҷобаҷошавии фишангҳои иқтисодӣ бояд омилҳои сари роҳшавандаи онро таҳлил кунем.

Шариф Муллоев, устоди донишгоҳи славянӣ

Фикр мекунам,ки аз ҷиҳати иқтисодӣ мардум камбизоат мебошанд. Асос ҷанбаи иқтисодӣ... Бале, ҳама шароитҳо ҳастанд, вале қисми зиёди одамон танбал шудаанд,кор кардан намехоҳанд. Деҳқон ҳам дар замини худ аз таҳти дил кор намекунад. Ҷавонон бошанд қисми зиёдашон ба чизи тайёр одат кардаанд. Фикр мекунам ин ҳамин аст, бубинед мо қисми зиёдамон дар хондани китоб низ танбалӣ мекунем.

Илҳом Назриев, таҳлилгари масоили сиёсӣ

Сабабаш гуногун аст, лекин бисёртар аз ноумедист. Вақте, ки дигар ягон умед надоранд, ки дар инҷо мушкили худро ҳал карда тавонанд, аз маҷбурӣ мераванд. Кадом аблаҳ довталабона мусофири кишварҳое, ки онҷо оҳоро одам ҳам намеҳиосбанд, мешавад? Яъне мардум аз ноумедӣ ва маҷбурӣ ватанашро тарк мекунад. Ман ҳам ҷавонтар мебудам, маҷбур мерафтам.

Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшинос

Ин масъала ҷанбаи иқтисодӣ дорад. Дигар ин ки нарасидани ҷои кор ҳам дар инҷо дахил аст. Ба хориҷа мардуме ҳам мераванд, ки донишгоҳҳоро тамом мекунанду дар ин ҷо ҷои кор намеёбанд. Дар ватан мондани мардум вобаста ба ислоҳотест, ки ҳукумат ваъда ва ҷорӣ мекунад. Агар воқеан ислоҳотҳо ҷорӣ шаванд, имкониятҳо пайдо мешаванд дар Тоҷикистон. Агар не ман бисёр донишҷуёнро медонам, ки аз Маскав ба Тоҷикистон меоянду ҷои кор наёфта ба ягон кишвари дигар сафар мекунанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!