Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 10:45

Таҷлил аз Рӯзи ҳифзи кӯдакон дар Тоҷикистон (АКС)

1 июн 2013, 11:21

Имрӯз,1-уми июн дар сартосари Тоҷикистон Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад.

Айни ҳол ба муносибати ин рӯз дар гӯшаҳои мухталифи пойтахт бо иштироки ҳазорҳо кӯдак консерти идона ва дигар барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ идома доранд.

Барномаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар Боғи кӯдаконаи пойтахт ҷашнвораеро таҳти унвони “ҳафтаи кӯдакону наврасон”- роҳандозӣ кардааст, ки дар он бештар кӯдакони имконияташон маҳдуд ҷалб шудаанд.

Барномаи кӯдакони СММ дар ин рӯз бештар ба кӯдакони имконияташон маҳдуд таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, чорабиниҳои гуногунеро дар дигар манотиқи кишвар доир намудааст.

Дар Тоҷикистон теъдоди кӯдакону наврасони то синни 15 сола ба 2 миллиону 800 ҳазор расидааст, ки ин нишондод 35,3 фоизи аҳолии кишварро ташкил медиҳад.

Шумораи аҳолии кишвар ҳамасола то 200 ҳазор нафар зиёд шуда истодааст, ки тибқи маълумоти оморӣ дар давоми 21 соли соҳибистиқлолии кишвар беш аз 4 миллиону 200 ҳазор кӯдак таваллуд шудааст.

Ҳоло дар 84 мактаб-интернати кишвар беш аз 11 ҳазор кӯдакону наврасони ятиму бепарастор нигоҳдорӣ мешаванд.

Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com

Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!