Бахшҳо
01 июн 2013 12:33Тоҷикистон / Сиёсат

Расулзода: Як ваҷаб хокамонро ба бегонагон намедиҳем

Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд, аз мавзеъҳои баҳсбарангез дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дидан кардааст.

Тавре аз ҳукумати вилояти Суғд хабар доданд, Расулзода, аз 30 то 31-уми май ба Исфара рафта, нахуст аз деҳаи Ворух дидан намуда ва масъалаи ихтилофоти марзиро миёни сокинони ин маҳалла баррасӣ намуд.

Қоҳир Расулзода зимни мулоқоти сарироҳии худ бо мардуми Ворух таъкид намудааст, ки “хеч гоҳ як ваҷаб хоки кишвар ба бегонагон дода намешавад ва ҳамагуна ихтилофҳои марзӣ бо роҳи гуфтушунид ҳалли худро хоханд ёфт.”

Қоҳир Расулзода бо ишора ба баҳсҳои сокинони ин маҳал бо ҳамсоягони қирғиз, ки чанде қабл сурат гирфта буд, сокинонро ба таҳаммулпазирӣ ва поси хотири дӯстию рафоқати халқҳо даъват намудааст.

Номбурда бо чараёни сохтмони биноҳои маъмурии шӯъбаҳои раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилӣ, ки бо мақсади таъмини амнияту бехатарии сокинони деҳаҳои наздимарзӣ дар маркази ҷамоати Ворух бунёд мешаванд, шинос шудааст.

Тоҷикистону Қирғизистон тӯли 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз он 567 километраш аломатгузорӣ шудаасту халос. Ин номуайянӣ боис мегардад, ки миёни сокинони наздимарзӣ мунтазам даргириҳо сурат мегиранд.
Мӯҳр
Хуш ба холи чунин рохбарият Иншоаллох ояндаи ин Миллат бо чунин рохбарони чассуру Далер монанди Расулзода дурахшон хохад шуд

Сафи чунин рохбарони ватандуст зиёд мешуду ватани мо хам обод мешуд.

Депутатхои бесаводи мачлиси оли бачои ки манфиати мардумро химоят кунанд,онхо гами кисаи худро мехуранд.

Огои Расулзода, вы видели в каком состоянии ворухские дороги?

Точикбача
Сугд зихи ба родмардони далеру нотарсат .

Ахсан чаноби Расулзода мешудас ку!!!

Ними Помира доден фикр накаден хамсояхора омухта каден пага афгонистон икай замина мегира амихели амихели Точикистонда факат Душанбе мемона тамом

Сахти бад таърифаш кардед-да чаноби абдукохирро. Факат барои ваъдахои забонии холй....

точик
1100 км ин милионхо вачаб мешавад ба Хитой додеду!?

Ма гумон кардам, ки ин суханонро ягон каси дигар пеш аз марзи Бадахшон гуфта бошад

бовар
магар беш аз 1000 км кв дар Мургоб аз як вачаб камтар буд чаноби раис? ё хисобатро гум карди???

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)