Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 11:06

Шарҳи ВКД: 5 нафарро куштанду 30 000 $-ро гирифтанд ва хонаро оташ заданд

3 июн 2013, 09:36

Барои таҳқиқи қатли панҷ узви як хонавода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд гурӯҳи тафтишотӣ-оперативӣ таъсис ёфтааст.

Дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, “сардорони Раёсати кофтукоби ҷиноӣ, Раёсати ташхиси криминалистии ВУД ва Раёсати умури дохилӣ дар Суғд барои кушодани ҷинояти мазкур сафарбар шуда, тафтиши ҳодисаи мазкур зери назорати қатъии вазири умури дохилӣ қарор дорад.”

Аз рӯи ин ҳодиса Додситонии вилояти Суғд ҳам парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, соати чори субҳи дувуми июни соли ҷорӣ “шахсони номаълум бо яроқи оташфишон мусаллаҳ гашта, бо мақсади роҳзанӣ” ба манзили Аҳмадхӯҷа Бобоев (соли таваллудаш 1973), сокини шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, даромада, ӯву ҳамсараш ва се фарзанди кӯчакашонро ба қатл расондаанд.

Ба қавли манбаъ, оқои Бобоев ва ҳамсари 39-солааш -- Ҳаётхон Бобоева соҳибкор будаанд. Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, афроди ношинос фарзандони ин хонавода -- Рухшона Бобоева, хонандаи синфи 9, Суҳробҷон Бобоев, хонандаи синфи 8-ро бо истифода аз яроқи оташфишони тамғаи АКМ-5,45-мм ба қатл расонда, Санҷарбеки шашсоларо ба ҳаммомхонаи ҳавлии истиқоматиаш маҳкам намудаанд, ки аз дуди оташ заҳролуд гаштаву ба ҳалокат расидааст.”

Ба иттилои манбаъ, ин афрод “дари сандуқи оҳании дар хонаи истиқоматӣ ҷойгиршударо шикаста, тахминан ба маблағи 30 000 доллари амрикоӣ ҷавоҳироти тиллоиро тасарруф намуда, бо мақсади рӯйпӯш намудани ҷинояташон бо истифодаи бензин хонаи истиқоматии Аҳмадхӯҷа Бобоевро оташ зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд."



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ачиб, аз кучо муайян карда бошанд, ки "тахминан ба маблағи 30 000 доллари амрикоӣ ҷавоҳироти тиллоиро тасарруф намуда" рафтаанд?
Посух додан
  • Аслидин

  • 3 июн 2013 10:27
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Макомоти точик кадом кора сари вакт анчом дода буд ки инаша анчом метияд.Ду духтарак кариб се мох шуд ки гум шудааст то хол хабаре нест аз ин дуструякон.Макомот хатто вада дода будан ки чузиёти ходиса ба онхо малум аст дар зудтарин фурсат ин кудаконро пайдо мекунанд.Вале афсус ки се мох шуд то хол ягон малумоте нест.Ин аз ноухдабарои макомоти хифзи хукуки Точикистон шаходат медихад.
Посух додан
  • Хонанда

  • 3 июн 2013 11:47
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Набояд таъҷиб кард.

Кишварҳо гирди ҳам омаданд,ва ҳар як аз тавонои пулиси худ таъриф кардааст,Америка гуфтааст,ки пулиси ман шахси ҷинояткорро дар давоми 3 шабонаруз меёбад,Русия гуфтааст,ки пулиси ман дар давоми як шабонаруз,Англя гуфтааст,ки пулиси ман шахси ҷинояткорр дар байни 3 соъат дасгир мекунад. Намояндаи як кишвари камбағал,аз ҷой хеста эълон кардааст,ки пулиси кишвари ман пеш аз рух додани ҳодиса ва таҳқиқот 3 руз пеш шахси дузду ҷиноёткорро мешиносад ва аз нияту нақшаи он хабардор мегардад. ``Аниқдод``
Посух додан
  • Раҳимбек

  • 3 июн 2013 12:34
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Инно лиЛоҳи ва инно илайҳи роҷиъун. Худованд ҷояшонро Ҷаннат гардонад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Инно лиллохи ва инно илайхи рочиъун.Худованд чоятонро чаннат гардонад.Иншооллох шумо шахид хастед.Худованд дар дунёву охират шуморо сарбаланд гардонад ва котилони шуморо хору залил гардонад.Омин.Боварии кас намеояд, ки то ин дарача вахши будаанд.Пулу мол аз сарат монад, захри баданад шавад, хамон кудакхои дуструяк чи гунох доранд.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!