Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 17:12

Сад мушкили сармоягузору сармоягузорӣ

3 июн 2013, 09:40

Сиёвуш ҚОСИМЗОДА

Тоҷикистон ба тоҷирони Кореяи ҷанубӣ пешниҳод намудаст, то дар иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ кунанд. Масъалаи ҳамкории ду кишвар дар дидори раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов бо ҳайати гуруҳи ширкати DAELIM- и Корея ба раҳбарии Ёо Чае-Хунгом мавриди баҳс қарор гирифтааст.

Сармояҳо ба Тоҷикистон сарозер мешаванд?

Дар ин мулоқот масъалаи барқарории ҳамкориҳо дар бахшҳои энергетика, коркард, манобеи маъданӣ, тавлиди ангишт ва ғайра баррасӣ гардид. Ба гуфтаи масъулини Кумитаи сармоягузорӣ тоҷирони Кореяи ҷанубӣ ба қонунгузории Тоҷикистон дар мавриди дифоъ аз сармоягузорон, фазои сармоягузорӣ, вазъияти иқтисодӣ ва системаи бонкӣ алоқамандӣ нишон додаанд.

Фаъолияти гурӯҳи ширкати DAELIM бештар ба амалигардонии лоиҳаҳо дар самти гидроэнергетикӣ, коркарди нафт, сохтани хона, роҳ, корхонаҳои саноатӣ ва низ тиҷорати технологияҳои коммуникатсионӣ ва туризм марбут мешавад.
Ин гурӯҳ дорои 15 намояндагӣ дар тамоми дунёст. Порсол ҳаҷми тиҷорати гурӯҳи ширкати DAELIM 23 миллиард долларро ташкил дод.

Албатта дидору гуфтугӯ бо кишварҳои хориҷӣ як ними масъала буда ними дигари моҷаро ин имзои қарордодҳои ҳамкорист. Тоҷикистон бо дигар кишварҳо санади ҳусни тафоҳум имзо мекунаду дар расонаҳои хабарии кишвар эълом менамоянд, ки Тоҷикистон қарордод имзо кардааст. Зулфиқори Исмоилиён таҳлилгари масоили иқтисодӣ мегӯяд, ки ҳамин ҳуҷҷати ҳусни тафоҳумро бо қарордод иваз мекунанд, вале дар асл ҳечгуна ҳамкорие сурат намегирад. Номбурда чунин мешуморад, ки мулоқот бо кишварҳои хориҷӣ хуб асту метавонад сармояҳоро ба Тоҷикистон ҷалб кунад, вале ҷазби сармоя ба кишвар ҳамон вақт муфид анҷом мешавад, ки Тоҷикистон дар натиҷаи ҳамкорӣ қавоиди фаъолиятро риоя кунад.
"Чун Тоҷикистон ин қавоидро риоя намекунад, ҳамкориҳо нимкора мемонанду сурат намегиранд ва танҳо санади тафоҳум имзо мешаваду тамом. Натиҷаи ин гуфтугуҳо то кунун маълум нест, зеро аз замони истиқлолият дар Тоҷикистон сармояи хусусии хориҷӣ ба кишвар ворид нашудааст. Танҳо чанд ширкати эронӣ бо Тоҷикистон ҳамкорӣ доранд, ки сармояҳои онҳо ҳам аз ҳадди 200 то 500 ҳазор доллар убур намекунад", гуфт Зулфиқори Исмоилиён.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Нозим Ишанкулов директори иҷроияи Маркази бозори озоди Тоҷикистон вазъи сармоягузориро дар кишвар номусоид арзёбӣ карда мегӯяд, шароити сармоягузорӣ дар Тоҷикистон хеле бад мебошад. Иқтисод хеле ноозод буда ҳаҷми танзим аз тарафи муассисаҳои давлатӣ бисёр аст. Аз ҷумла вазъият дар системаи андоз, гумрук, дастрас кардани замин ва нерӯи барқ, гирифтани иҷозатномаҳои махсус ва аз ҳама муҳимтарин ҳифз намудани ҳуқуқҳои худ ҳамчунин ҳифзи амвол.

"Маълумотҳои оморӣ худ тасдиқи назари ман ҳастанд. Аз соли 2007 то 2011 ҳаҷми сармояҳои хориҷӣ 10% зиёд шуд ва сармояҳои хориҷии мустақим аз 18 фоиз бо 3,4 фоиз паст шудаанд! Асосан "сармояҳои дигар" зиёд шудаанд – аз 81 то 97%. Ин чи гуна сармояҳост? Ин ҳамааш қарз мебошад", изҳор дошт Нозим Ишанкулов.

Моҷарои Зайд Саидов ибрате барои сармоягузорони дохилӣ

Иқтисоддонон бар ин назаранд, ки танҳо набояд ба сармояҳои хориҷӣ иктифо кард, балки бояд сармояҳои дохилиро низ ҷиҳати сармоягузорӣ дар иншоотҳои кишвар ҷалб намуд. Аммо ин ҳам дар ҳолест, ки бо пеш омадани моҷарои Зайд Саидов ва ҳабс шуданаш, ҷалби сармояҳои дохилӣ ва ташаббускорӣ дар фаъолияти соҳибкориву тиҷоратӣ дар Тоҷикистон бе хавфу ҳарос ба назар намерасад. Зеро ин ҳодиса дар ҳар ҳол таъсири манфие ба сармоягузорону сармояҳои дохилӣ дар кишвар хоҳад гузошт.

Зулфиқори Исмоилиён мегӯяд, ки моҷарои Зайд Саидо на танҳо ба сармояҳои дохилӣ садама ворид мекунад, балки ҷалби сармояҳои хориҷиро ҳам бо мушкил мувоҷеҳ месозад. Ин қазия ҳам ҳамон риоя нашудани қавоиди бозӣ дар Тоҷикистон аст. Чун фиреб кардани ширкатҳои хусусӣ, ки ба Тоҷикистон сармоя мегузоранд, дида мешавад. Як кор анҷом мешаваду идомаи он нотамом боқӣ мемонад. Адами таъмини амнияти сармояи сармоягузорони дохиливу хориҷӣ онҳоро барои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон дучори тардид мекунад. "Чанд соли пеш як ширкати туркӣ ба Тоҷикистон омаду корхонаи коркарди пӯсту чарм эҳдос намуд, аммо масоиле пеш омаду ин ширкат фаъолияти худро таътил намуду Тоҷикистонро тарк кард.

Нозим Ишанкулов ин гуфтаҳоро тақвият бахшида мегӯяд, моҷарои Саидов нишон медиҳад, соҳибкорони инфиродӣ барои сармоя ворид кардан ба Тоҷикистон шитоб намекунанд. Зеро ин хеле хатарнок мебошад. Мисоли Зайд Саидов хеле хуб ин аҳволро тасдиқ мекунад.

"Агар сармояҳо бо капитали асосиро низ таҳлил кунем, метавонем дид, ки сармояҳои давлатӣ аз 19% дар соли 2007 то 50% расидааст. Саҳми маблағгузории давлатӣ нисбат ба хусусӣ (хориҷӣ ва даруна). Ин чи маъно дорад? Яъне давлат сармоягузории асосӣ шуда истодааст, яъне соҳибкорон не", илова кард директори иҷроияи Маркази бозори озоди Тоҷикистон.

Тоҷикистон замине дастнахӯрда аст

Иқтисоддонон мӯътақиданд, ки Тоҷикистон бозорест дастнахӯрда ва тамоми соҳаҳо дар Тоҷикистон метавонанд дар натиҷаи ҳамкорӣ бо ширкатҳои хориҷӣ оидоти зиёд ба даст оранд. Аммо Тоҷикистон ё инро намехоҳад ва ё наметавонад бо хориҷиҳо ҳамкорӣ намояд. Масъулин худ ин корро анҷом дода наметавонанд ба хотири бепулӣ, аз тарафи дигар дар ҳолатҳое тамоюл ба додани ин объекту дигараш барои сохту соз ба хориҷиҳо дида намешавад. Ҳамон мақоли на ман на ту, бигзор монда пӯсад!


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!