Бахшҳо
03 июн 2013 11:07Тоҷикистон / Сиёсат

Зоиров: “Ин дафъа касе намедонад, кӣ президент хоҳад шуд”

Раҳматилло Зоиров, раҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, гуфтааст, иштироки ӯ дар интихобот на ба маънои дарёфти қудрат, балки “ба чаҳорчӯбаи ҳуқуқӣ ворид кардани интихоботи президентист”. Вай ин нуктаро дар посух ба суоли яке аз аъзои гуруҳи “Платформа” дар шабакаи Фейсбук баён доштааст.

“Агар талош кунаму ба ин ҳадаф нарасам, виҷдонам дар назди Худованду мардуми Тоҷикистон тоза мешавад. Агар ҳаракат накунаму имконият диҳам, ки қонуншиканӣ рӯй медиҳад, мо, ки раҳбарии ҳизбро ба зимма дорем, гуноҳи азим содир мекунем”,-афзудааст ӯ.

Оқои Зоиров дар идома гуфтааст, “тамоми халқ медонад, ки интихобот дар ҷумҳурии мо ба таври шаффоф намегузарад, аммо ин дафъа, ки раисиҷумҳур мешавад, маълум нест. Албатта, боз қонуншиканӣ ва тақаллубкорӣ мешавад ва агар Эмомалӣ Раҳмон боз номзадии худро пешниҳод кунад, механизми давлатдорӣ инро таъмин менамоянд, аммо, ӯро аз ҷиҳати ҳуқуқ ва қонун президент эътироф кардан ғайриимкон аст. Яъне, дар ин ҳолат, аз ин интихобот Тоҷикистон бе президенти расмӣ мемонад ва ин ваъзияти ҷумҳуриро аз танзими ҳуқуқӣ мебарорад.”

Раҳматилло Зоиров дар посух ба ин суол, ки оё дар интихоботи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон иштирок хоҳад кард, ё не, гуфтааст, инро анҷумани ҳизб муайян хоҳад кард. Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз моҳи феврали соли ҷорӣ Ҷунбиши миллӣ, созмони сиёсии сабтиномнашуда дар Тоҷикистон, эълон кард, Раҳматилло Зоиров номзади онҳо дар интихобот аст ва аз ҳамаи созмонҳову ҳарактаҳои сиёсӣ хост, то ӯро дастгирӣ намоянд.
Мӯҳр
Jovidon
Окои зойируф, бодиккат азтнавиштахои шумо хондам. Боиси таассуф аст ки хулосаи ман ба нафъи шумо нест. Ин хам бошад шумо демагог ва туфтолог хастед. Китобхои хархелаи юридикиро хондаеду чи гуна амали кардани он ба доираи истеъдодхои шумо шомил нест.
Шуморо хамчун муаллими ддм мебинаму халос! агар шумо мард бошед кани ин маротиба баъд аз нокомихои пайи хам да интихоботхои гузашта , номзадии ягон шогирди худро манзур кунед! Аааааааа, раиси ширин аст окои теоретик ширииин!

Дустон агар ичозат дихед суоле кунам. Хамин акои зоиров дар хамаи аксхо е кач нишастааст, е ба дигар тараф якнима нигох мекунад. Магар эшон ягон иллате бо гардан ва чашм дорад?

Алик Малики навбатии Рахматулло Зоиров... И мардак кида хизмат кадестаст? Хами мардак набуд ки Зайд Саидова бие бие гуфта буд?) Агар Муллора ба гуфташ кардан даркорай ба карда не, пас ба ба гуфтаву хам ба кардаи Зоиров кадан даркор нест)

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)