Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 15:11

Аблязов: Бо фармони Назарбоев зану духтарамро рабуданд

3 июн 2013, 11:18

Мухтор Аблязов, мухолифи қазоқ бо пахши як изҳорот дар сафҳаи фейсбукияш мегӯяд, бо фармони Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон ҳамсару духтари ӯ аз шаҳри Рим рабуда шуда ба Қазоқистон истирдод гардидаанд.

Аблязов менависад, субҳи 29-уми май ҳудуди 30 корманди мусаллаҳи пулис ба хонаашон дар Рим зада даромада, бе пешниҳоди ягон ҳуҷҷат занаш Алма ва духтари шашсолааш Алуаро бо худ бурдаанд ва чанде баъд бо як парвози чартерӣ ба Остона равон кардаанд.

Ӯ ин амалро, ки ба гуфтаи ӯ бо дастури Назарбоев сурат гирифтааст, терроризм унвон карда, аз кишварҳои ҷаҳон хоҳиш кардааст, ки ба қазия дахолат кунанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!