Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 04:56

Машруъияти як ҳукумат ба иҷрои қонун аст

3 июн 2013, 11:27

Номзади ёздаҳумин давраи раёсати ҷумҳурӣ ба иҷрои моддаи 44 қонуни асосӣ ишора карду гуфт: агар ин модда иҷро мешуд имруз мушкили иқтисодӣ надоштем.

Ба гузориши хабарнигори ҳавзаи аҳзоби хабаргузории “Форс”, Алиакбари Вилоятӣ, номзади ёздаҳумин давраи раёсати ҷумҳурӣ асри рузи якшанбе дар ҳамоиши маркази ҳамбастагии ҳуқуқдонон изҳор дошт: қувваҳои сегона ҳар як аз аҳамияти вижае бархурдор ҳастанд ва корбурди муассире дар идораи ҷомеа доранд.

Ин номзади раёсати ҷумҳурии ёздаҳум таъкид кард: агар мардум ба ман эътимод карда ва раъй доданд, дар ду ҳавзаи аслӣ корҳоеро ки ба дурустӣ анҷом нашудаанд, анҷом медиҳем ё ислоҳ мекунем ки ин ду ҳавзаи иқтисоди дохилӣ ва равобити хориҷӣ ҳастанд.

Вай бо таъкид бар ин ки қонунмандии як ҳукумат ба иҷрои қонун аст, гуфт: мумкин аст ин қавонин шаръӣ ё урфӣ бошанд. Агар қарор бошад қонунро иҷро накарда ё эълон кунем онро қабул надорем, посухаш ин аст ки Имом фармуданд: қонун шуморо қабул надорад.

Вилоятӣ бо таъкид бар инки бинои ҳукумати мардумсолории динӣ бар ду рукн такя дорад, афзуд: аввалин рукн раъйи мардум ва ҳаракат дар чаҳорчуби арзишҳои динӣ аст ва рукни баъд пайравӣ аз қонуни асосӣ, ки вазифаи ҳар фард ва қувваеро мушххас карда аст.

Ин номзади раёсаит ҷумҳурии ёздаҳум бо баёни инки иҷро нашудани қонун ҷурм аст, ёдовар шуд: маҷлис вазифаи тасвиби қонунро бар уҳда дорад ва вазифаи қувваи иҷроӣ назорат бар иҷрои қонун аст.

Вай бар ҳамин асос ба иҷрои моддаи 44 қонуни асосӣ ишора кард ва гуфт: агар ин модда иҷро мешуд имрӯз мушкили иқтисодӣ надоштем ва муҳимтарин нукта ин аст, вогузор кардани иқтисод ба мардум аст ва ин ки давлат нақши назоратӣ дошта аст.

Вилоятӣ дар идомаи суханони худ изҳор дошт: барои ҳалли мушкилоти иқтисодӣ се роҳи ҳал вуҷуд дорад, ки кутоҳмуддат, миён муддат ва дарозмуддат аст ва зарфи 100 рӯз метавон мушкилоти фавриро ҳал кард.

Ин номзади раёсати ҷумҳурии ёздаҳум бо баёни инки муҳимтарин нукта дар хусуси вайрон кардани иқтисод, тахриби эътимоди давлат ва мардум аст, афзуд: аввалин кор дар давлати ҷадид бояд бозгардони эътимод ва лағви бахшномаҳое бошад, ки боиси мушкилот шуда аст.

Вай бо баёни инки бояд истеҳсолотро ба дасти мардум дод, хотир нишон кард: вақте нақдинагӣ дар бозор зиёд шавад ва дар мувозина бо он маҳсулот дар бозор вуҷуд надошта бошад, боиси таваррум мешавад; аз ин ру бояд истеҳсол ва тақозо бо якдигар мутаносиб бошанд.

Вилоятӣ бо таъкид бар инки бояд дар кишвар ва дар заминаи масоили иқтисодӣ аз афроди шоиста истифода кард ва бо бахшномаҳое ҷойгузин, роҳро боз кард то мардум кор кунанд, гуфт: хоҳед дид дар муддати се моҳ корхонаҳо равнақ меёбанд.

Ин номзади раёсати ҷумҳурии ёздаҳум дар поён ба бозгардондани бонки марказӣ ба ҳолати аввалияи худ, ки мустақил ва қудратманд буд ишора кард, ки бонки марказӣ бояд нозир ба бонкҳои хусусӣ бошад.

Ба гузориши “Форс”, дар ин маросим Муҳаммадризо Боҳунар низ ҳузур дошт ва дар суханоне гуфт: зимни эҳтиром ба дигар номзадҳо муътақидем. оқои Вилоятӣ дар мавориде монанди сиёсати хориҷӣ ба хубӣ метавонанд амал кунанд.
Ҳамчунин маркази ҳамбастагии ҳуқуқдонон имрӯз Алиакбари Вилоятиро ба унвони номзади мавриди ҳимояташон дар интихоботи раёсати ҷумҳурии ёздаҳум, муаррифӣ кард.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!