Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 03:22

Сайри аксҳои парчами даридаи Тоҷикистон дар Фейсбук

3 июн 2013, 11:36

Бархе аз корбарони интернет аксҳои парчами Тоҷикистонро, ки дар пайи шамоли сахт даридаву ба замин афтидааст, дар саҳифаҳои худ ҷо додаанд.

Рӯзи дуюми июн шамоли сахт парчами Тоҷикистонро, ки дар баландии 165 метр дар маркази Душанбе ҷо гирифтааст, пора кардаву ба поён афканд. Ин ҳамон парчамест, ки ду соли пеш ба китоби рекордҳои Гиннес шомил шуда, яке аз ифтихороти сокинони Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Ин бори дувум аст, ки парчами балантарини Тоҷикистон даридаву ба замин меафтад. Ду моҳ қабл, рӯзи 23-юми апрел, низ баъд аз вазидани шамол парчам ба замин афтида буд.

Бештари корбарони Фейсбук аксҳои парчами даридаи Тоҷикистонро дар саҳифаҳои худ гузоштаанд, ки вокунишҳоеро ҳам дар пай доштааст. Бисёриҳо ин парчамро на як ифтихори миллӣ, балки мояи хандахариш донистаанд. Бархеи дигар онро як ҳодисае донистаанд, ки ихтиёраш дар дасти мақомдорон ва ё сокинон набуд.

Дар се-чаҳор соли охир Тоҷикистон ҷашни парчами миллиро расмӣ кардааст, ки он ҳар сол моҳи ноябр таҷлил мешавад. Ёдрас мекунем, парчами баландтарини Тоҷикистон рӯзи 24-уми майи 2011 сохта шуда, рӯзи 9-уми сентябри ҳамон сол, ки 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон ҷашн гирифта мешуд, аз он пардабардорӣ шуд.


Сайри аксҳои парчами даридаи Тоҷикистон дар Фейсбук

Сайри аксҳои парчами даридаи Тоҷикистон дар Фейсбук

Сайри аксҳои парчами даридаи Тоҷикистон дар Фейсбук


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Аламшо

  • 3 июн 2013 13:31
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Якумша дар Бишкек духта буданд. Минбаъд дар кучо? Боз БИШКЕК?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
KUN BA GU NESTU RIDAN BOGHI ZOGHON
Посух додан
  • Ватандуст аз Душанбе

  • 25 октябр 2014 09:01
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Нотавонбинхо аз зери нохун чирк кофта ба дунё пахн мекунанд, шарм кунед, дар хонаатон занатон гапатонро намегтрад, айб мечуед. Парчам газвор аст ва дер ё зуд дариданаш лозим, дар туфонхои сохили океан бинохо хароб мешаванд!!!!!!

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!