Бахшҳо

Бозии хатарноки Узбакистон бо абарқудратҳо

Агентиҳои хабарии байналмилалӣ хабар медиҳанд, ки дар оғози июн дар Тошканд дафтари минтақаии НАТО боз хоҳад гашт. Коршиносон дар посух ба ин савол мондаанд, ки дар ҳақиқат сиёсати воқеии ҳукумати Узбакистон бо раҳбарии Ислом Каримов чиро нишон медиҳад. Бархе аз онҳо мегӯянд, ки Тошканди расмӣ нақши худро дар бархурди манофеи қудратҳои ҷаҳонӣ аз ҷумла Русия, Чин ва Амрико дар минтақа ниҳоят муҳим мешуморад. Он ҳам ба умеди онки барои худ манофеи устувор ва дарозмуддати стратегиву иқтисодӣ касб кунад.

Коршиносони байналмилалӣ чунин мешуморанд, ки баъд аз солҳо ҳифзи тавозун байни манофеи Русия ва Амрико дар сиёсати амниятии Тошканд, зоҳиран интихоб ба манфиати Вашингтон анҷом шудааст. Пушида нест, ки шахсан Ислом Каримов тамоюл надорад, то ба пуррагӣ ба шарикони хориҷӣ эътимод кунад. Чун хотираи интиқодҳои шадиди онҳо ва таҳримҳои иқтисодияшон барои руйдодҳои Андиҷон ва талаби муҷозот намудани ҳукумат ба хотири нақзи ҳуқуқи башар ҳануз дар ёфдҳо ҳаст. Ба хотири ҳамин қазияи манфӣ сафари 12 тан аз мақомоти аршади Узбакистон ба ИМА ва Иттиҳодияи аврупо мамнуъ гардид ва рафтори Ислом Каримов мабнӣ бар бастани пойгоҳи низомии Амрико дар Каршӣ-Хонобод муҷримона талаққӣ шуд. Аммо вақт ва манофеи стратегӣ ҳамаи дардҳоро дармон мекунад.

Барои мисол акнун маълум мегардад, ки дар Тошканд ду равиши мумкин барои ҷалби сармоягузорон вуҷуд дорад, ки алоқаҳои сиёсии ҳукуматро муаян месозад. Ингуна таасур шакл мегирад, ки Узбакистон сиёсати сармоягузории интихобӣ ва печидаро бо дар назар гирифтани Вашингтонпеш мебарад то ҳимояи ин кишварро ба даст оварад. Чизе, ки то кунун муҳаққақ нашудааст. Хотирнишон месозем, ки ҳаҷми муомилоти тиҷории ин кишвар бо ИМА 2,4 миллиард долларро ташкил мекунад. Барои муқоиса тиҷорат бо кишваршои ҳамсоя дар соли 2012- 3,7 миллиард долларро ташкил дода буд.

Вале агарчи Тошканд тамоми роҳҳоро барои тиҷорати бештар бо Амрико истифода мебарад, бо ин ҳол ҳануз ширкатҳои ҷиддӣ бо эҳтиёт по ба минтақа мегузоранд. Бинобарин кулли сармоягузориҳои Амрико дар Узбакистон аз 1,4 миллиард доллар убур намекунад. Дар муқоисаи тиҷорат бо кишварҳои собиқ шӯравӣ дар равобити иқтисодии ду кишвар номувозинатӣ эҳсос мешавад. Амрикоиҳо аз сармоягузориҳои дарозмуддат худдорӣ намуда ба самте мераванд, ки дар сурати зарурат битавонанд зуд маблағҳои худро пас гиранд.

Аммо дар муқоиса бо шарики амрикоии Тошканд, тарафи русӣ ба сармоягузориҳои дарозмуддат майл дорад. Таи 5 соли ахир сармоягузориҳои Русиядар ин кишвар то 7 миллиард доллар расидааст. Дар тиҷорати хориҷии Узбакистон 30 фоиз саҳми Русия дида мешавад, Чин 12 ва Қазоқистон 10 фоиз.Имрӯз дар Узбакистон қариб 850 ширкати русӣ кор мекунад аз ҷумла Газпром ва Лукайл. Лукайл дар 7 соли ахир дар бахши гази Узбакистон 5,5 миллиард доллар сармоягузорӣ кардааст.

Русия на танҳо як шарики муҳими иқтисодӣ балки як корфармо низ ҳаст. Дар қаламрави ин кишвар миллионҳо узбак бо кору хадамоти иҷтимоӣ таъминанд. Вале гоҳо иқтисод бо сиёсат мутобиқат намекунад. Аз як тараф Ислом Каримов ба вазири умури хориҷаи Русия гуфт, ки кишвараш омодаи хариди силоҳ аз Русия аст ва ду кишвар лоиҳаи ҳамкориҳои низомиву техникиро то соли 2020 омода мекунанд, аз дигар тараф Тошканд аз Паймони амнияти ҷамъӣ (СПАД) хориҷ шуда аз соли 2006 ба ин сӯ ҳамкориҳоро бо ин ниҳод бас мекунад. Ба хотири ҳамин фурсатталабиҳои раҳбарияти Тошканд раисҷумҳури Беларус маҷбур шуд мустақиман гуяд: "навбати дигар, ки Тошканд хоҳад баргардад, бояд тамоми созишномаҳоро дар чорчуби СПАД имзо кунад.

Пажуҳишгари Осиёи марказӣ Беата Эшмент мӯътақид аст, ки Тошканд то ҳудуде сиёсати хориҷии бетарафонаи Туркаманистонро дунбол мекунад. Вале ингуна тавозуни сиёсати хориҷӣ бисёр хатарнок ва ғайриқобили эътимод аст. Тошканд довталабона ба самти сиёсатҳои Амрико ва НАТО кашида мешавад. Дар ин шароит сиёсатмадорон манофеи иқтисодиву сиёсии худро дар минтақа дунбол карда Тошкандро дар марказ қарор медиҳанд, ки чорае ҷуз мувофиқат бо ҳузури пойгоҳҳои низомии Амрикову НАТО дар хоки худ надорад. Вашингтон доимо идеаи истиқрори пойгоҳҳои низомии худро дар Узбакистон ташвиқ мекунад, бо вуҷуди онки парламенти ин кишвар дар 30-уми августи соли 2012 қонунеро тасвиб кард, ки мувофиқи он Тошканд дар блокҳои низомӣ ва созмонҳои байналмилалие, ки тамоюл ба транзит дар блокаи низомӣ доранд, ширкат намекунад.Ҳамчунин ҳузури қувваҳои мусаллаҳи хориҷӣ ва пойгоҳҳои низомиро дар хоки худ рад мекунад.

Албатта ҳукумати Тошканд доимо хатар карда стартегияи чандсамтаро дунбол мекунад. Оқибатҳои хуруҷи нерӯҳои низомиро аз Афғонистон дар соли 2014 пешбинӣ намудан душвор аст, ки он замон террористҳои ҳаракати исломии Узбакистон фурсати муносибе барои амалинамудани барномаҳои бераҳмонаи худ дарёфт менамоянд. Аммо аз эҳтимол дур аст, ки касе ба ин савол ҷавоб диҳад оё ба Тошканд ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини Амрико ҷиҳати ҳифзи иттиҳоди сиёсиву арзии ҷумҳурӣ ба хотири як қатъа нон кумак мекунанд?

Таҳияи Сиёвуш Қосимзода
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)