Бахшҳо

Дар асорат (Номаи саркушода ба Эмомалӣ Раҳмон)

Шояд ин дақиқтарин вожаест, ки ҳолати имрӯзаи моро бозгӯ мекунад. Дар тӯли тақрибан бист сол ҳамаи мо дар асоратем.

Дар асорати сиёсӣ, иҷтимоӣ, тарс, дилсардӣ, беқонунӣ, хиёнат, фиреб... Кулли шаҳрвандони Тоҷикистон дар асоратанд. Яке аз охирин мисол ҳолати Зайд Саидов аст. Бештар аз даҳ рӯз шуд, ки соҳибкори муваффақ Зайд Саидовро боздошт кардаанд. Ӯ дар асорати номус қарор дорад.

Дар баёнияи худ ба омбудсмени Тоҷикистон, Зариф Ализода, 12 пункт (ҳолат)и риоя нашудани Қонуни асосиро ироа карда будам, ки аз тарафи чор намояндаи ҳокимият: иҷроия, қонунгузор, судӣ, ВАО, телевизион ва нашрияҳои давлатӣ, рух дода буданд.

Воқеаи бар сари Зайд омада исбот кард, ки имрӯз метавонанд ҳар яки моро бе гуноҳ ба асорат гиранд.

Дар бораи Қонуни асосӣ мегӯям. Сарқонуне, ки бо он чанд бор Эмомалӣ Раҳмон қасами кафил будани онро хӯрд. Сарқонуне, ки баъд аз оштӣ кардани ду ҷониби даргир: ҳукумат ва мухолифин омода карда шуда буд.

Сарқонуне, ки чанд бор иваз шуду мӯҳлати президентиро афзуд. Сарқонуне, ки бо он баъд аз ин навбат то бо он навбат ва аз он навбат то ба ин навбат интихоб шудани Раҳмон ҳамчун президенти Тоҷикистон иҷозат дод.

Ман гумон мекунам, ки наздикони президент ба ӯ на ҳама хабарҳоро, тавре ки ҳаст, мерасонанд. Агар президентро касе ба асорат гирад, пас, дар он ҳолат чӣ мешуда бошад, кӣ роҳбарии давлатро ба зиммаи худ мегирифта бошад?

Ба ёд оред, ба асорат афтидани собиқ президенти Тоҷикистон, Раҳмон Набиевро. Баъзан овозаҳое ҳам садо медиҳанд, ки президент ба атрофиёнаш ин ё он супоришро медиҳад, аммо аз натиҷаи кор ӯро нороҳат ва хашмгин мекунад. Ҷаноби раисҷумҳур, фикр намекунед, ки Шумо ҳам дар асорат афтодаед? Дар асорати атрофиёнатон?

Намедонам, аз ин пиар-компанияе, ки алайҳи Зайд Саидов ташкил карданд, атрофиёни Шумо, чӣ мехоста бошанд. Гӯиё ӯ рақиби Шумо шудаасту ва дар пушташ хориҷиён истодаанд. Чаро атрофиёнатон мехоҳанд Шуморо тарс диҳанд?

Дур кунед, онҳоро. Имиҷи Ҳукумати Шумову моро ҳам дар дарун ва ҳам дар берун маҳз он коҳиш дода истодаанд. Магар мешавад Шуморо бо ҷанг тарсонид, ки дар рӯзҳои ҷанги шаҳрвандӣ бо мардуми худ будед?

Магар фикр намекунед, ки атрофиён ба Шумо на хизмат, балки хиёнат мекунанд?

Аслан бовар накунед бо он атрофиён, ки ба Шумо дар бораи ҷанг хабарҳо мебаранду хабарҳо пахш мекунанд.

Фикр намекунам, мардуми мо боз хоҳони ҷанг бошанд. Мардуми мо “лаззат”-и онро чашид ва то ба имрӯз аз натиҷаи он ранҷ мекашад.

Ё Шумо фикри дигар доред?

Он тафриқаандозон сазовори бадтарин зулм ҳастанд. Мардум муттаҳид будан мехоҳанд. Мардум соҳиби ин сарзамин будану аз он фахриданро дар дил мепарваранд, на ҷангро. Мардуми Хатлону Бадахшону Зарафшону Раштонзамин имрӯз муттаҳид будан мехоҳанд. Онҳоро ин ҳолатҳо боз ҳам муттаҳидтар мекунанд.

Атрофиёни Шумо бошанд, дар асорати боварӣ қарор доранд. Яъне, бо онҳо ҳама кор раво. Бо Русия ҳероин бурда, обрӯи миллати моро резонидан низ.

Онҳо бо маоши давлатӣ чӣ тавр ин хонаҳоро месозанд, ки бо маоши 500-солаи онҳо наметавон сохт?! Барои ман ҳам мисли Шумо андӯҳовар аст, ки имрӯз мардуми мо аз диёри биҳиштосои худ баромада, ба ҳиҷрат мераванд. Чаро фарзандони фарзонаи мо, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ тарки Ватан карда буданд, фақат вақти расидани марг бармегарданд? Баъзеҳоро ҳатто ҷисми беҷонашон то ба Ватан намерасад.

Боис ба таассуф аст, ки ҷавонони боистеъдоду болаёқати мо дар Ватани худ ҷой наёфта, ҷое мераванд, ки онҳоро қадр мекунанд.

Ҷанг кайҳо тамом шуд. Мардум мехоҳанд пешрафт кунанд. Мардум бояд интихоб кунанд, ки пайгири кадом идея бошанд. Идеяи атрофиёни Шумо ва ё идеяи нафароне ба мисли Зайд Саидов. Ман гумон доштам, ки атрофиёни Шумо ба Тоҷикистони нав бар ба бар истода мардумро пеш хоҳед бурд ва боварии мардумро нисбати ҳукумат болотар хоҳанд бурд. Аммо...

Шояд дӯстон таъна зада ба ҳоли ман ханданд, ки чаро ба Шумо, ҷаноби раисҷумҳур, нома навиштам. Онҳо гумон доранд, ки Шумо номаи маро намехонед, аммо ман гумони дигар дорам.

Темур ВАРҚӢ,
журналист ва адиби тоҷик

PS: Ин матлаб назари шахсии муаллиф аст
Мӯҳр
Ачоиб нома, аз хондани он басо рохати маънави ва бахра бурдам. Тимур Варки шумоба гап нест!

Ali
Аҳсан! Дарди дили 8 миллион тоҷикро иброз намудед. Агар журналистону аҳли қалами Тоҷикистон ин иқдоми шуморо дастгирӣ намуда, яксадо ва муттаҳид расонаҳоро бо чунин воқеияитҳо пурбор кунанд, иншоаллоҳ натиҷаи мусбат хоҳад дод.
Гуфт Пайғамбар, ки чун кубӣ даре,
Оқибат з-он дар бурун оялд саре.
Мавлоно

Офаррин ба шумо Тимур Варки... Дуст табарбор, душман шакарбор... умедворем чаноби оли аз ин кор барои худ як хулосаи зарури касб хохад намуд.

Сафар
Хакикат гарчанде талх аст онро бояд гуфт ва шунид. Офарин ба марди худо ва бовичдон устод Тимур Варки. афсус ки намешиносам вагарна омада дастонатро мебусидам. Агар хама дидаву дониста ин тамоюли мошини дуруг ва тамаллуку чоплусиро нигох надоранд хатари пош хурдани давлат аз имкон берун нест. Макомот дидаву дониста ё аз бехирадиву чохили Президентро фиреб ва "подстава" карда истодаанд.

Сафар
Хакикат гарчанде талх аст онро бояд гуфт ва шунид. Офарин ба марди худо ва бовичдон устод Тимур Варки. афсус ки намешиносам вагарна омада дастонатро мебусидам. Агар хама дидаву дониста ин тамоюли мошини дуруг ва тамаллуку чоплусиро нигох надоранд хатари пош хурдани давлат аз имкон берун нест. Макомот дидаву дониста ё аз бехирадиву чохили Президентро фиреб ва "подстава" карда истодаанд.

Ташаккур ба ҷасорат, акаи Темур!
Имрӯз ту ва Барзу, ду тоҷики аслро ман виҷдони миллат меҳисобам, зеро вақте Тоҷикистони нав ташкил шуд, дуят дар ҳайати он набудед, вале чун ба сари Зайд Саидов абрҳои тира ҷамъ шуданд, дуят пайвастед!
Вале онҳое, ки бо Зайд буданд ва ба фишори аввалини ҳукумат тоб наоварда, ӯро фурӯхтанд ва аз ҳайати таъсисотии ҳизб баромаданд.
Ин амали онҳоро ман ғайр аз хиёнат дигар чизе намеҳисобам.
Ман ҳайронам, онҳо ба чашми ҳозира ҳайати Тоҷикистони нав чӣ тавр менигаранд?
Бисёр мехостам, хонандае номи ҳамаи онҳоеро, ки ба Зайд хиёнат карда, аз ҳизб баромаданд, дар ин саҳифа биорад.
Бори дигар раҳмат ба ту, акаи Темур!

Ахсан,ахсан,ахсан.

Абубакр
Укои Темур шумо марди худоед.Умедворам то охир дар хизби ''Точикистони нав'' бошед.Худо ёратон бод

Укои Темур шумо марди Худоед.Умедворам ба монанди дигарон хизби навраъсиси ''Точикистони нав''-ро тарк накунед.

эй кош хаминхел часорат дар хамаи журналистон дида мешуд... аммо.......

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)