Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 09:56

Стратегҳои Осиёи Марказӣ муттаҳид шуда алайҳи абарқудратҳо садо баланд карданианд

14 июл 2011, 10:35

Кишварҳои Осиёи Марказӣ тасмим доранд, бидуни дахолати абарқудратҳои ҷаҳон ба мушкилоти дохилиашон расидагӣ кунанд.


Бино ба қавли Сӯҳроб Шарипов,  сарвари маркази тадқиқоти стратегӣ, роҳбарони марказҳои таҳқиқотии  давлатҳои Осиёи Марказӣ бо сабаби дигаргуншавии муносиботи байнулмилалӣ, вазъи минтақавӣ, амният ва субот ба хулоса расиданд, ки гурӯҳи экспертӣ созмон диҳанд. Он мушкилие,  ки дар Осиёи Марказӣ ҳаст ва  ё пайдо мешавад  бидуни давлатҳои  Русия, Хитой ва дигар кишварҳои абарқудрат  худамон  бояд ҳал кунем. Шарипов афзуд, дар авохири моҳи июни соли равон дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон нишасти вижаи роҳбарони се маркази тадқиқотии стратегӣ- Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон сурат пазируфт, намояндаи ҳамсоякишварамон Ӯзбакистон мисли ҳамеша барои ширкат дар ин саммит вақт надошт.    
- Масъалаҳои асосие, ки дар он ҷо баррасӣ шуд, ин стратегияи Осиёи Марказӣ нисбат ба дигаргуниҳо ва сиёсати  берун шудани нерӯҳои эътилофӣ  аз Афғонистон буд. Амрико ва ҳампаймонҳои ӯ  аз моҳи июн баровардани  ҷузу томҳои низомии худро аз хоки Афғонистон  сар карданд. Ин ба вазъи минтақа таъсири хело ҷиддӣ дорад ва сари ин тасмим ҷиддан андеша бояд кард, илова намуд Сӯҳроб Шарипов
Директори МТС гуфт, марказҳои тадқиқоти  стратегии  Осиёи Марказӣ, фикр мекунем, ки метавонанд,  худ баҳои рушди минтақаро диҳанд ва муносибати худро бо ин бозингарони  геополитикӣ  муайян кунанду  ба ҳукумат ва  давлатҳояшон пешниҳоди мушаххас ироа созанд.       {jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!