Бахшҳо
04 июн 2013 11:57Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Хадамоти муҳоҷират: Баъзан муҳоҷиронро беасос ба Тоҷикистон бармегардонанд

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, мақомоти рус ахиран бархе аз муҳоҷирони тоҷикро беасос аз фурудгоҳ бозпас гардонда истодааст.

Абдуллоҳ Қодирӣ, сухангуи хадамоти мазкур, имрӯз 4-уми май ба «Озодагон» гуфт, ахиран ба 3 муҳоҷири меҳнатии тоҷик дар фурудгоҳи шаҳри Қазон иҷозаи вуруд ба Русияро надода, бозпас ба Ватан фиристодаанд: «Сабаби берун намудани онҳоро аз худи онҳо пурсон шавам, гуфта ба фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе равон шудам ва бо яке аз онҳо Далер Назаров, истиқоматкунандаи ноҳияи Ҳисор, вохӯрдам. Ӯ дар ҳаяҷон буд, қариб буд, ки аз чашмонаш ашк резад. Пурсон шудам, чаро туро баргардонданд?- гуфт худам намедонам, ҳеҷ чиз нагуфтанд, шиносномаамро гирифтанду гуфтанд шумо вориди қаламрави Федератсияи Русия шуда наметавонед. Сабабашро пурсон шудам, гуфт баъд мефаҳмед. Ҳеҷ чиз нагуфта маро бо хатсайри рафтагиам савор намуда, пас фиристоданд».

Бино ба иттилои манбаъ, ду шаҳрванди дигари Тоҷикистон, ки аз фурудгоҳи Қазон баргардонида шудаанд, Икром Бобоназаров ва Акобир Кабутов мебошанд, ки бе ироаи ягон асос ба онҳо иҷозаи вуруд ба Русия надодаанд.
Мӯҳр
Нав Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон аз хоб бедор шуд?!
Шахсан банда ба Хадамоти муҳоҷират, тавассути ВАО, аз ҷумла дар саҳифаҳои Фейсбуки, ҳушдор дода будам, ки аз 1 январи имсол қонунҳо дар Русия нисбати шаҳрвандони хориҷӣ ва муҳоҷирони корӣ сангин шудаанд ва рӯз то рӯз мушкилот зиёд мешаванд.
Сабабҳояшро низ гуфта будам. Ҳоло "Ӯ дар ҳаяҷон буд, қариб буд, ки аз чашмонаш ашк резад." гуён худро хандахариш накунед!
Ягон нафарро БЕАСОС барнамегардонанд!!! Агарчӣ, Русия аз руи қонунҳояш ҳуқуқ дорад бе асос ва шарҳ шаҳрванди хориҷиро иҷзаи вуруд ба ҳудуди кишвараш надиҳад.
Аввали сол, намояндагони ФМСи Русия дар Сафорати Тоҷикистон вохурӣ гузаронида буданду дар онҷо бо масъулони Сафорат, консулгариҳо ва аъзоёни "Шӯрои ҷамъиятҳо"и Достиев вохӯрдаву фаҳмонида буданд ва аз онҳо илтимос карда буданд, ки ба ҳамватанонашон расонанд, ки кадом тоҷикистониро дигар ба Русия вуруд шудан намемонанд.
Болотар аз ин, тарафи Русия сари вақт руйхати нафаронеро, ки ба Русия вуруд шуданашон манъ аст, ба Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мерасонанд.
Агар масъулони Тоҷикистон ба мардум нарасонанд, айби кӣ? Намешавад, ки дар телевизион ба ҷои рақсу бозиву мадҳияхонӣ барнома барои кӯмак ба муҳоҷирон ташкил кунанд?!
Оиди ин масъала 5 сол пеш ба президенту раиси Кумитаи радиову телевизион Асадулло Раҳмон мактуб навишта будам. Вале, ...

Makor
Бояд тамоми он нафароне, ки аз дастраси наёфтан ба ин ахбор зарар дидаанд, сарчамъ шуда Хадамоти Мухочирати Точикистон ва Сафоратхонаи дар Руссия бударо ба додгох кашанд ва тамоми зарари дидагиро бо иловаи зарари маънави аз онхо руёнанд. Як маротиба инхоро ба додгох кашед то, ки масъулиятро дар назди халк хис кунанд. Нагуед, ки хоида надораду намешавад, инхо ана аз хамин форигболии мо истифода мебаранд. То кудак нагиряд, модар шераш намедихад, зеро гуфтаанд:
Дар кафи мардонаги шамшер мебояд гирифт
Хакки худро аз дахони шер мебояд гирифт

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)