Бахшҳо

Оё мехоҳед, зан, духтар ва хоҳаратон маълумоти олӣ гиранд?

Дар Тоҷикистон бештар аз он нигаронӣ мешавад, ки мардон монеи таҳсили духтарон дар макотиби олӣ мегарданд. Таҷрибаомӯзи “Озодагон”, Қадриддин Исоев, дар як сӯҳбати сарироҳӣ аз се сокини шаҳри Душанбе пурсид, то куҷо ба маълумоти олӣ доштани духтарон мухолифу то куҷо тарафдоранд.


Зуҳурбек Зокиров, як сокини Душанбе, гуфт, шеваи либоспӯшии духтарон дар донишгоҳҳову мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ӯро водор мекунад, то аз таҳсили духтаронаш дар макотиби олӣ ҷилавгирӣ намояд, ҳарчад бисёр мехоҳад онҳо маълумот дошта бошанд. Ба қавли мусоҳиби мо, “мутаассифона, болои духтарҳо фишор меоранд, то бо сари пӯшида ба синфхона дохил нашаванд. Ба тарзи либоспӯшии онҳо дахолат мекунанд. Аз ин нуқтаи назар мо наметавонем духтарҳоямонро беиффату аз тарбия маҳрум созем.”

Сорбон Закиюллоев, фориғуттаҳсили Донишкадаи забонҳо, низ чунин андеша дорад. Вале ӯ мегӯяд, барои идомаи таҳсили ҳамсару духтараш омодааст ба хориҷ аз Тоҷикистон биравад. “Чунки он ҷо озод аст. Ҳадди ақалл дар онҷо ба либоси занони мо дахолат намекунанд. Ҳар рӯз масъулини Вазорати маориф як шакли либоспӯшӣ пешниҳод мекунанд, ки ин ақидаи Ғарб аст дар мо ҷорӣ мешавад”,-илова кард ӯ.

Илҳомиддин Давлатов, омӯзгори гимназияи хусусӣ ба номи Абурайҳони Берунӣ, андешаи дигар дорад. Номбурда вазъи пасти иқтисодиро сабаби аслии ин вазъ медонад: “Шахсан 614 сомонӣ моҳона мегирам. Бовар кунед, ин маблағ дар роҳкиро ва баъзе лавозимоти хона ба зӯр кифоягӣ мекунад, чи гуна ҳамсару духтарони худро мо ба илмандӯзӣ ташвиқ кунем?”
Мӯҳр
Чаро не?.Духтар агар маълумотноку бомаърифат бошад,сиёхро аз сафед фарк мекунад.Мухточу дастнигари бародару шавхари корхояш бебароршуда намегардад.Хаёт хамин аст.Кани ягон мухочири кори алохида барои хохараки бесаводу бекораш пул фиристонад?."Агар духтар сохибточ гардад.Ба пешаш сад писар мухточ гардад"Духтарони зебои Точикистон хамеша аз паси донишу хониш бошед.Рузе мерасад,ки фоидахои маълумоту маърифатро мебинед.

Аввалан барои саводомузии занонону бонувон ягон гуфтание надорам, чун сиёсати хирадмандонаи раиси чумхури мо мухтарам Чаноби Оли Эмомали Рахмон аст ва баробари он барои чавондухтарони лаёкатманди нохияхои дурдасти кухистон квотахои Президенти бо хобгоххои замонави таъмин хастанд. Аз баъзан донишчуёни Донишгохи давлатии забонхои Точикистон ки дар шафати мо хобгох доранду ва кисмати бештари онро донишчудухтарон ташкил мекунанд, ман фикр мекунам баъзеи он духтарон дур аз илм шудаанд. Магар ин донишомузист ё................ Ман рости чандин маротиба расман ба Ректори донишгох мактуб кардани будам, аммо шарму ору номуси точикона маро нагузошт, ки духтари точикро бо ин хислату рафтори гайриахлокиаш арз намоям.

барои тахсили оий гирифтани дутарон хеч марди бо фарханг зид намешавд,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)