Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори ББС дар вилояти Суғд ба хонааш бармегардад.
Тавре расонаҳои хабарӣ иттилоъ медиҳанд, Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон санадеро имзо гузоштааст, ки тибқи он Усмонов зери шароити махсус озод мешавад. Гуфтанист, журналистро шоми имрӯз аз боздоштгоҳ раҳо мекунанд. Ҳамзамон, иттилоъи расида ҳокӣ бар он аст, ки дар озодии журналист дастури президент Эмомалӣ Раҳмон нақши асосиро бозидааст.Ёдрас менамоем, Усмонов таърихи 13-уми июн аз сӯи кормандони ҳифзи ҳуқуқ боздошт гардид. Ӯро дар узвият ба ҳизби табушудаи Ҳизб-ут-Таҳрир, паҳн кардани варақаҳои таблиғотии ин ташкилоти ифротӣ ва даъвати ҷонибдорон ба сафи ин ҳизб гумонбар медонистанд. Дар робита созмонҳои дохиливу байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон, сафоратхонаҳои кишварҳои ғарбӣ бо пахши баёнияҳо хостори озодии Усмонов шуданд.{jathumbnail off}
Мӯҳр