Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 28 апрел 2017, 19:08

Пирӯзии мунтахаби наврасони Тоҷикистон бар Қирғизистон

5 июн 2013, 12:54

Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи футболи Тоҷикистон дар бозии охирини худ дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми Каспий” бар мунтахаби наврасони Қирғизистонро пирӯз шуд.

Ин бозӣ барои ҷойҳои 9-10-ум буда, рӯзи 4-уми июн дар шаҳри Бокуи Озорбойҷон баргузор гардид. Футболбозони тоҷик бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуда мақоми 9-умро касб карданд.

Мунтахаби наврасони тоҷик рӯзи 29-уми май аз футболбозони навраси Уругвай бо ҳисоби 0:3, рӯзи 30-юми май аз тими наврасони Ҷопон шикаст хӯрда, дар бозии сеюмашон бар тими Урдун бо ҳисоби 2:0 ғалаба карданд. Ҳар ду голро дар ин дидор ҳамлагари дастаи наврасони Тоҷикистон, Рустам Толибов, ба ҳадаф расонида буд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Апрел 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!