Бахшҳо
05 июн 2013 14:23Тоҷикистон / Сиёсат

Ҳукумат ба Бозор Собир дар Душанбе хона дод

Ҳукумати Тоҷикистон ба Бозор Собир, шоири маъруфи тоҷик, ки ахиран бо даъвати раисиҷумҳур аз Амрико ба Ватан баргашт, дар маҳаллаи Қарияи болои шаҳри Душанбе манзил туҳфа кардааст.

Дар ин бора ба “Озодагон” Низом Қосим, шоир ва яке аз дӯстони наздики Бозор Собир, иттилоъ дод. Вай афзуд, айни ҳол Бозор Собир дар хонаи хешу табораш зиндагӣ дорад ва ҳанӯз ба манзили туҳфакардаи ҳукумат нарафтааст.

Бозор Собир, шоири машҳури тоҷик, ки имсол ба синни 75 мерасад, пас аз нунздаҳ соли ғурбат бегоҳи 27-уми май барои иқомати доимӣ ба Тоҷикистон бозгашт. Ин шоири шинохтаи тоҷик, ки дар охири солҳои ҳаштоду аввали солҳои навадум дар саргаҳи ҳаракати озодихоҳиву истиқлолхоҳӣ буд, дар даврони даргириҳои дохилӣ ва баъд аз чанд муддати зиндон Тоҷикистонро тарк карда, аввал дар Маскав ва баъдан дар Амрико зиндагӣ ихтиёр намуд.

Вай дар лаҳзаҳои аввали фуруд омаданаш ба Душанбе гуфт, барои даъвати бозгашташ аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, сипосгузор аст. Ин шоири тоҷик ҳамзамон гуфт, тӯли ин ҳама муддат дар хориҷ аз кишвар дар бораи Тоҷикистон маълумот дошта ва ба назари ӯ дар ин ҷо ҳизбу созмонҳои нолозим зиёданд.

Бозор Собир 20-уми ноябри соли 1938 дар деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод ба дунё омада, баъд аз хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли 1962, дар маҷаллаҳои “Маориф ва маданият” ва “Садои Шарқ” фаъолият кардааст. “Хуни қалам”, “Аз гули хор то симхор”, “Оташбарг”, “Бо чамидан бо чашидан”, “Чашми сафедор”, “Офтобниҳол” аз гулчини ашъори Бозор Собир аст.
Мӯҳр
Аз ин хадяи Чаноби оли хайронам Вакте Бозор собир даьвои истиклолият мекарданд ва бо шоири точик будан фахр мекарданд уро ба зиндон андохтанд ва баьд бадарга карданд Имруз ки Бозор Собир бо бедин будани худ фахр мекунанд ва тамоми шоирони мусулмони точикро хамрох бо рахбари давлати Сомонийон Исмоили Сомони тахкир карда аз шапкаи ленин хам пасттар мешуморад ба у хона дар маркази шахр медиханд

Точикбача
Ин бозор собиро нони халк зад гурбаи мискин агар пар дошти тухми гунчишк аз замин бардошти вой бар холи миллат

ватанпараст
Бозор дар шеъреш мега ХУДО БО ЧУМЛАИ ПАЙГАМБАРОНАШ накард коре ки Ленин кард. Халки точики ман бошад чашм пушидану кур гаштана дуст медорад.

магазин
ачоиб ин мужика чаноза мекарда бошан

Ин икдоми хукумат он кадар хуб нест.дар хаминчо пур буд олимону прафессороне ки коре кардаанд ки БС дар хаёташ накарду ва намекунад агар ба онхо икдом мекарданд бисер хуб мешуд. Ин шапкадор ба чор шеъраш ки буи таърифу тавсиф меояд сохиби хона шуд ва аз Амрико ки барои мурдан рафта буд баргашт.Инчунин ба таъриху миллати мо ба кавле туф мекунад ва аз дину оини мо безор хаст чаро ки чунин лутф. Озодагон аваллин бор хаст ки вариди бахс мешавам ин навиштаро чоп кун ки мо бо шумоем.

УСТУВОР
МАН ХАМИН БОЗОРА НАМЕДОНАМ БА ИН МИЛЛАТ ЧИ ХИЗМАТ КАРДААСТ ГАЙРИ ДУ-СЕ МИСРА ШЕЪР КИ ХАМОНРО ХАМ ХИЗМАТ ГУФТАН АЙБ АСТ ЯК ВАКТ ДУШМАНИ МИЛЛАТ БУД ИМРУЗ ХОНАИ БЕПУЛ АЗ НОМИ МИЛЛАТ.ГУЗАШТАИ 99% МАРДУМРО ТАХКИР КАРД ХАТТО И СОМОНИРО АЗ ШАПКАИ ЛЕНИН ПАСТ МЕДОНАД МАН ХАМЧУН ЯК АНДОЗСУПОРАНДАИ ИН ДАВЛАТ АГАР ЯК ДИРАМИ МАН БА ХИСОБИ ИН ХОНА РАФТА БОШАД РОЗИ НЕСТАМ БОЗОР АГАР МАРД БОШАД ТОЧИКИСТОНА ТАРК КУНАД ЧУНКИ У БАЧАИ ЛЕНИН АСТ БА ИН ХУКУМАТ ЧИ ШУД ЛУБОЙ ВАКТ БОЗОР БАРОИ ЯК ТИН ХУКУМАТА МЕФУРУШАД

БОЗОР МОРО МАДЕХ ОЗор ,
КАРДИМОН ХОРУ ЗОР.
БОЗ АЗ ТУ ЧИ ИНТИЗОР ,
БОЗОР БОЗОР БОЗОР.
(МЕХРОБ.А )

ана акнун интизори шеърхои нави Бозор Собир дар васфи парчам, хизби ХДТ ва сарвари давлат мешавем.

Вали
Дига и бародара шин гуян мешина, хез гуян мехеза.

Бозордор
Ҳайфи Бозори собиқ.
Бозор дигар Бозор нест,
У дигар шоири афгор нест.
Бозори мо бозорӣ шуд,
Бозори мо дарборӣ шуд
Шоир агар чандрӯя шуд
Умед аз ӯ барканда буд,

Дӯстон дигар сухани хешро ҳайф насозед,
ки ин мавзӯъ кирои сухан гуфтану ба он аҳамият
доданро надорад.
Тавре мегӯянд, Дидед, ки нашуд, монед, ки равад.
Ба Худои мутаъол ҳаволааш кунед.

Ман намефахмам Шумо ва Бозору Хукуматро! охир Бозор Собир дар назди Консерваторияи милли манзили 3 хучрага дорад, инчунин у дар пушти боги нави Опера ва балети ба номи Айни манзили 2 хучрагаи дигар дорад, пас шумоён бо Низом Косим чаро дуруг мегуетон, ки хона надошт ва дар манзили хешу акрабояш зиндаги мекунад?! Хохиш мекунам, ки ин дуругхоятонро бас кунед ва Шумо хам мисли Бозор чоплус нашавед!!!

Хамин сайта мехони факат зидди Бозоранд, айб нест як мусафеда ин кадар гам додан, ба балохо гирифтор кардан. Монедаш бечора дар Ватан рохат карда гардад. Шумо худатон дар Ватан сохиби зиндаги,хонаву дар тинчед, монед Шоирро зиндаги кунад.

Эй бародар, шеър савдои хуш аст,
Дӯзах андар шоирӣ ҷои хуш аст.


donish,

Ту, ки дар шоирӣ қутбе надорӣ,
Намедонӣ куҷо ғарбу ҷануб аст.
Агар Бозор шеъратро нагирад,
Бирав он сӯи раҳ бозори хуб аст.

Ба Бозоре, ки доим дар сараш ғавғои бозор аст,
Яке ӯро фурӯшанда, яке ӯро харидор аст.

Чароғеро, ки Бозор
барфурӯзад,
Ҳар он кас пуф кунад,
ришаш бисӯзад.

Каримбой
Худо накунад,ки пеш аз маргаш васият кунад,ки маро дар Москва дар назди мавзолеи Ленин гуронед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)