Бахшҳо

Ҳукумати пойтахт аз афзоиши нархи маҳсулот ҷилавгирӣ мекунад

Таҳти раёсати райиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев  оид ба баррасии масъалаҳои ғановати бозори истеъмолӣ ва коҳиш додани нархи онҳо барои дастрасии истеъмолкунандагон ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ баргузор гардид.

Тибқи иттилои сухангӯи ҳукумати шаҳри Душанбе, Шафқат Саидов нишасти мазкур бо иштироки масъулини соҳаҳои хоҷагидорӣ, директорони бозорҳои коммуналии шаҳр ва  соҳибкорон баргузор гардид.

Зимнан, таҳлилҳои воқеӣ ва мониторинги ҳамарӯзаи нархи маҳсулоти ниёзи аввалия ва натиҷаи забҳи чорво аз ҷониби комиссияи ҷамъиятию депутатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ташаббуси соҳибкорони дар харид ва фурӯши гӯшти гов ва гӯсфанд фаъолият дошта аз тарафи Раиси шаҳр дар марзи маъмурии Душанбе бо нархи то 23 сомонӣ ба фурӯш гузоштани  гӯшти гов ва то 24 сомонӣ гӯшти гӯсфанд ҷонибдорӣ гардид.

Ҷавобан ба иқдоми соҳибкорон Маҳмадсаид Убайдуллоев баҳри дастгирии онҳо оид ба зиёд намудани  воридоти чорвои забҳӣ ва гӯшт дар шаҳр муқаррар сохт, ки аз ҳисоби буҷети шаҳр ба Иттифоқи «Тоҷикматлубот» - 2 млн сомонӣ, КВД «Савдо ва бозорҳои шаҳр Душанбе»-1 млн сомонӣ  ва 20 нафар соҳибкорон - 1 млн сомонӣ қарзи бефоиз бо назардошти баргардонидани маблағҳо дар тӯли соли молиявӣ ҷудо карда шавад.

Ҳамзамон дастур дод, ки дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин иловатан дар назди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе сохтори нав - Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба харид, захира ва савдои маҳсулоти озуқаворӣ  ташкил намуда, аз ҷумла ба зиммаи он таъминсозии маводи озуқа ва фурӯши онро дар 114 «Гӯшаҳои деҳқон» вогузор намуда, дар шафати  тамоми «Гӯшаҳои деҳқон» баҳри ғизои маънавии сокинон фаъолияти дӯконҳои рӯзномафурӯшӣ ба роҳ монда шавад.

Зимнан, супориш гардид, ки барои бо маводи хушсифти ғизоӣ пайваста дар асоси баргузории тендерҳо таъмин намудани мактаб-интернату хонаҳои кӯдакони назди раёсатҳои маориф ва тандурстии шаҳр фаъолиятдошта корхонаи махсуси воҳиди давлатӣ таъсис дода шавад.

Инчунин КВД «Савдо ва бозорҳои шаҳр Душанбе» ва бозорҳои зертобеи он вазифадор карда шуданд, ки барои таъмини ҳамарӯза бо маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияҳои Ҷиргатол, Рашт ва дигар манотиқи кишвар хоҷагиҳои ёрирасон ташкил намоянд.

Дар ҷаласа пешниҳоди соҳибкор - Неъмат Назиров, ки дар воридот ва савдои яклухти орди навъи «Шамалған»-и Қазоқистон дар шаҳри Душанбе тахассус дорад, нисбати 50 кг орди мазкурро бо нархи 130 сомонӣ дар тамоми бозорҳои коммунали шаҳр ба савдо гузоштан ҷонибдорӣ гардида, дар асоси ташаббуси соҳибкорон нархи орди истеҳсоли маҳаллӣ то 120 сомонӣ ба фурӯш гузоштан дастгирӣ ёфт.

Бо тавачҷӯҳ ба нигаҳдошти болоравии нархи маводи сӯзишвории нақлиётӣ, ки дар ҷаласа соҳибкорони ба ин намуди хизматрасонӣ машғулиятдошта ширкат доштанд, зимни пажӯҳиши масъала ва пешниҳоди соҳибкорон Маҳмадсаид Убайдуллоев муқаррар сохт, ки баҳри мусоидат ба интиқоли миқдори лозимаи маводи сӯхт соҳибкорон имкон доранд бо таъсиси Ассосиатсияи якҷояи худ унвонии шаҳрдорӣ ҷиҳати дарёфти 10 млн сомонӣ қарзи бефоиз муроҷиат намоянд.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)