Бахшҳо
05 июн 2013 19:29Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Мирсаидов дар фикри гӯркунии радиоактив. Шабдолов: Русия кунад!

Ҳумайрои БАХТИЁР

Вакилони Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон рӯзи 5-уми июн баъд аз баҳсу баррасиҳо тарҳи қонун “Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ”-ро тасвиб карданд.

Пешнависи ин қонун аз сӯи Улмас Мирсаидов, раҳбари Оҷонсии амнияти ҳастаӣ ва радиоактиви Академияи улуми кишвар, муаррифӣ гардида ва ӯ гуфт, Тоҷикистон барои безарар гардонидани партовгоҳҳои радиоактив ба сармояи кишварҳои кумакрасон ниёз дорад. Ӯ афзуд, ҳукумати Тоҷикистон барои безарар кардани 55 миллион тонна радиоактив маблағ ҷудо мекунад, ки кофӣ нест.

“Ҳангоми баррасии масъалаи мазкур бо намояндагони созмонҳои байналмилалӣ хориҷиён аз мо аз мавҷудияти қонуни вижа суол мекунанд. Мо ҳам ваъда додем, ки дар ояндаи наздик заминаҳои ҳуқуқиро барои ёрӣ расонидани онҳо фароҳам хоҳем овард”,-гуфт Мирсаидов.

Дар ҳамин ҳол, Исмоил Талбаков, вакили парлумон, ин суолро дар миён гузошт, ки дар бисёре аз кишварҳои хориҷ партовҳои уран мавриди коркард қарор мегиранд ва оё Тоҷикистон чунин як имконият дорад, ё на? Дар ҷавоб ба ин савол, Улмас Мирсаидов, раҳбари Оҷонсии амнияти ҳастаӣ ва радиоактиви Академияи илмҳои Тоҷикистон, гуфт, одатан партовҳое мавриди коркарди дубора қарор мегиранд, ки дар таркиби онҳо миқдори уран зиёд бошад. “Дар партовҳои радиоактив Тоҷикистон миқдори уран хеле кам буда, коркарди дубораи он зарари иқтисодӣ хоҳад буд. Аз ҳамин хотир хокпӯш кардан барои Тоҷикистон беҳтарин роҳи безарар кардани ин партовгоҳҳо мебошад”,-илова кард ӯ.

Дар робита барои амнсозии партовгоҳҳои радиоактиви Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов, раҳбари Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва намояндаи ин ҳизб дар парлумон, гуфт, партовгоҳҳои радиоактив дар Тоҷикистон аз замони Шӯравӣ буда, аз ин хотир барои безарар кардани он Русия бояд мусоидат намояд: “Коркарди ураниюм дар шаҳри Чкалови Тоҷикистон солҳои 1945-1991 фаъолият дошт. Русия ҳамчун вориси Итиҳоди Шӯравӣ бояд, ки безарар кардани ин партовгоҳҳо саҳм бигирад.”

Гуфта мешавад, қаблан Анҷумани Иқтисодии АвруОсиё барои иҷрои тарҳи амнсозии партовҳои радиоактиви Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 39 миллион долари амрикоӣ ҷудо карда буд, ки 75 дарсади ин маблағ аз ҷониби Русия пардохт шудааст. Амалисолзии тарҳи мазкур аз соли ҷорӣ оғоз гардида, тибқи муқаррарот бояд то соли 2018 хотима ёбад.

Маҳмадшариф Ҳақдодов, раҳбари кумитаи ҳифзи муҳити зисти парлумони кишвар, мегӯяд, ҳамакнун Тоҷикистон бо қабули тарҳи мазкур роҳ, шарту шароитро барои безараргардонии партовгоҳҳо ва таъмини ҳифзи аҳоливу муҳити зист мушаххас сохт. Маврид ба зикр аст, ки дар гузашта Созмони Милал аз хатари 55 миллион тонна партовҳои радиоактив дар Тоҷикистон ва коркарду безарар нагардидани он ҳушдор дода буд.

Барои безарар кардани партовгоҳи радиоактивии Тоҷикистон то имрӯз чанде аз созмонҳои байналмилалӣ маблағ ихтисос додаанд. Иттиҳоди Аврупо дар охири соли гузашта барои безарар кардани партовгоҳҳои ҳастаии Тоҷикистон 2,4 миллион евро, дар соли 2001 Оҷонсии байналмилллии энержӣ барои амнсозии партовгоҳи ноҳияи Фаайзобод 700 ҳазор доллар ва барои назорати маводи радиоактив ва бунёди озмоишгоҳи муосир дар шаҳраки Истиқлол (Табошар) 5 миллион доллар ҷудо кардаанд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)