Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 20:22

Тамошои телевизиони К+ дар Тоҷикистон дубора имконпазир шуд

6 июн 2013, 09:10

Тамошои барномаҳои шабакаи телевизионии «К+»-и Қазоқистон тариқи моҳвора дар Тоҷикистон дубора имконпазир гардид.

Чанд тан аз шаҳрвандон дар суҳбат ба “Озодагон” гуфтанд, аз рӯзи 5-уми июн ба барномаҳои шабакаи телевизионии К+ тавассути моҳвора дастрасӣ доранд.

Дастрасӣ ба барномаҳои шабакаи К+ тариқи моҳвора дар Тоҷикистон аз рӯзи 28-уми май қатъ гардида буд ва ширкати “Тоҷиктелерадиоком”-и Тоҷикистон гуфт, ин ниҳод дар масдудияти шабака даст надорад. Ин дар ҳолест, ки бархе аз расонаҳои хабарӣ сабаби қатъ гардидани пахши барномаҳои ин шабакаро тариқи моҳвора мушкилоти молӣ унвон карда буданд.

Мушкили пахши шабакаи К+ тариқи моҳвора дар ҳоле ба миён омада буд, ки аз ин пештар дастрасӣ ба сомонаи интернетии он -- www.kplus-tv.net дар Тоҷикистон низ масдуд шуд.

Масдудияти сомона ва мушкил дар тамошои телевизиони К+ ба дунболи пахши навори тӯйи Рустами Эмомалӣ, писари раисҷумҳури Тоҷикистон, иттифоқ афтод. Тӯйи Рустами Эмомалиро К+ дар шарҳи Додоҷони Атовулло, журналист ва раҳбари ҷунбиши сиёсии Ватандор, пешниҳод кард, ки сабаби вокунишҳои зиёде дар Тоҷикистон шуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Баходур

  • 6 июн 2013 15:14
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Браво!!! Дар хакикат шабакаи телевизионии К+, оинаи нилгуни мардуми Точикистон гаштааст. Ба кучое, ки нарави ба бозор ба куча,ба мактаб,ба донишгох,ба чои кор,ба магоза,хама як гап мегуянд,ин хам бошад, хайрият К+кушоданд, ки хакикатро баён мекунад.
Ба пеш К+,ба нуктахои баланди озодихохи.
Посух додан
  • гандаш

  • 6 июн 2013 21:59
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рав кандата зан к пюсчон

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!