Бахшҳо

"Мехоҳам, мусулмон шавам!"

Торнамои "Озодагон" аз ҳамаи онҳое, ки вақти худро дареғ надоштаву барояш нома мефиристанд, изҳори сипос мекунад. Ҳоло як нома аз Абдуманнон Шералиев ба дасти мо расида, ки фикр мекунем, ибратомӯз хоҳад буд. Бо нашри ин нома, аз Шумо ҳам мехоҳем, агар гуфтание доред, ба адреси мо бифристед: ozodagonweb@gmail.com


Дар Екатеринбург (Русия) дӯсте дорам, бо номи Фарҳод. Яке аз он нафаронест, ки буданашон бурди миллати мост. Ҳеч кумакеро аз ҳеч касе дареғ намедорад.

Дар хонааш меҳмон будам ва ду қиссаи ачиберо нақл кард. Ӯ гуфт, “ҳар гоҳе дар интернет тарҷумаи русии ояте аз Қуръон ё ҳадиси паёмбар (с)-ро пайдо мекардам, дар “девор”-ам мегузоштам. Рӯзе зери яке аз чунин гузоштаҳоям зани русе, ки баъдан маълум шуд, аз шаҳри Запорожетси Укроин будааст, шарҳе навишт ва чанд сония баъд аз ман дархости дӯстӣ кард.”

Ба қавли дӯстам Фарҳод, аввалин суоли зан ин будааст, «ман китоби зиёде мехонам, аммо ҳеч ҷое суханоне ба ин хубӣ, ки ту менависӣ, пайдо накардаам. Ин суханони чӣ касеанд?»

Фарҳод дар посух гуфтааст, «он китобҳое, ки ту мехонӣ, навиштаи башаранд, аммо он чӣ ман дар деворам мегузорам, аз китоби холиқи башар ва фармудаҳои паёмбараш (с) аст.»

“Пурсид, ки чигуна мешавад ин китобҳоро пайдо кард? Чанд нишонии интернетиеро, ки медонистам, равон кардам. Ҳар гоҳ чизе намефаҳмид, суол мекард. Рӯз аз рӯз донишаш зиёдтар ва суолҳояш мушкилтар мешуданд. Ман, ки таҳсилдида нестам, аз посух гуфтан ба пурсишҳояш мушкилӣ мекашидам ва мегуфтам сабр кунад, то аз донишманде бипурсам. Бад-ин минвол чанд моҳе гузашт ва рӯзе ҷумлае навишт, ки наздик буд аз хурсандӣ ба ҳаво бипарам: «Мехоҳам, мусулмон бошам!» Гуфтамаш марҳабо, нури дида тоҷи сар!”,-нақл кард дӯстам Фарҳод.

Дар идома сӯҳбати онҳо ба ин шакл идома ёфтааст:
-Агар мусалмон шудам, чӣ ҳадяе бароям медиҳӣ?
-Ҳарчи хостӣ!
-Ҳарчи хостам?!
-Бале, харчи хостӣ. Ва агар тавонашро надорам, иншоаллоҳ Парвардгорам кумак мекунад.
-Намехоҳӣ шайх бошӣ?
-Шайх? Яъне чӣ гуна?
-Шайхҳо, ки чанд хонум доранд…
-Хуб, чаро не? Ҳадяе, ки мехоҳӣ ҳамин аст?
-Бале! Чигуна бояд мусалмон шавам?
-Бояд ғусл намоӣ, либосеро, ки сатри авратат бошад, бипӯшӣ ва биравӣ масҷид. Онҷо хоҳанд фаҳмонд, ки чӣ кор бояд кунӣ.
-Кори мушкил ки нест?
-На, танҳо гуфтани калимоти зебоест: Ло илоҳа иллаллоҳу Муҳаммадур расулуллоҳ, яъне нест Худое ҷуз Аллоҳ ва Муҳаммад (с) паёмбари Ӯст.

Як ҳафта бад-ин минвол сипарӣ шуд, ки ҳар бегоҳ менавишт – рӯзи дароз гаштам, аммо масҷиде пайдо накардам. Ниҳоят гуфтамаш то ба бозор биравад ва онҷо мусалмонеро пайдо кунаду суроғи масҷидро гирад. Бегоҳи он рӯз навишт, ки дар бозор марди чеченеро бо номи Умар пайдо кардааст ва суроғи масҷидро аз ӯ пурсидааст. Он мард дар тааҷҷуб афтода пурсидааст, ки масҷидро чӣ кор мекунӣ? Чун фаҳмидааст, ки мехоҳад Исломро қабул кунад, гуфтааст, фардо биёяд то ба масҷид бибарадаш. Фардои он рӯз ба телефонам аз Укроин занг заданд. Бардоштам, ки марде худро Билол муаррифӣ кард ва гуфт, хуш ба ҳолат бародари ҷон! Мо солҳост дар ин шаҳр ба даъват машғулем ва тавонистем танҳо 13 нафарро бо иҷозаи Худованд ба Ислом биёварем, аммо ту аз чунин дурӣ дар чан рӯз як нафарро ба сафи мо пайвастӣ. Муборакат бод, ки хонум омад ва Исломро қабул кард! Гуфтам, мо бо хонум аҳд кардаем, ки никоҳ кунем. Гуфт бархезу биё, хонаи ман, хонаи туст, то омаданат ман ҳама чизро барои тӯй омода мекунам, тӯйро дар хонаам барпо мекунем.

Вақте омадам Билол маро дар фурудгоҳ пешвоз гирифт ва мисли бародари ҷонӣ ба оғӯш кашид. Дар хонааш тамоми нозу неъматро омода кардаву меҳмонони зиёдеро даъват карда буд. Чеченҳо гӯиё хешони ман буданд, ки ҳам хидмат мекарданду ҳам хурсандӣ. Ончунон пазироӣ карданд, ки аслан эҳсоси бегонагиву мусофирӣ накардам. Баъд аз тӯй хостам ба Билол масрафи онро бипардозам, ки қабул накард. Гуфт, оини бародарӣ ин аст дигар.

Онҷо 10 рӯз мондам. Завҷаи тозамусалмонам то ҳадде меҳрубон буд, ки гоҳо хиҷолат мекашидам. Вақте аз меҳрубонии зиёдаш эътироз мекардам, мегуфт, ҳанӯз қисме ҳам аз меҳрубонии занони паёмбар (с)-ро накардааст. Исломро ба маънии томи он қабул карда буд ва ман аз рафтори ӯ мусалмонӣ меомӯхтам!

Ҳар моҳ ба диданаш меравам. Он қадар меҳрубоние дорад, ки гумон мекунам дар биҳишт афтидаам…

Абдуманнон ШЕРАЛИЕВ
Мӯҳр
Чамшед
Мошолох хуш ба холат бародар Худованд хамеша чунин хушбахту мехрубон бимонед. Аз хондани ин киса халоват бурдам ба муалиф ташакур мегуям Озодагон аз шумо хам минатдорем зуд зуд чоп кунед хамин хел кисахои чолибро!!!

Фира
Худованд нигахбонат бошад барода бигзор сафи чунин чавонхо зиед гарданд исломро ба тамоми одамони гайри исломи фахмонанд... Бисер киссаи чолибу шунидани

БАРОДАРИ ИСЛОМИ ХУДО БАРОИ ТУ ДАР ДУНЁ ҲУРРИ БИҲИШТИ АТО КАРДААСТ, ХУШ БАР ҲОЛАТ.!!! ЭЙ КОШК БАРОИ ХАМАИ МУСАЛМОНОН ХАМИН ТУРИ ХАМСАРИ МУМИНА ХАКИКИ АТО НАМОЯД. ВОКЕЪАННАМ ХУДО МЕҲРУБОН АСТ.

Хушо ба холатон...Намедонам аз хушхоли чи нависам... Худованд ба мо хам насиб гардонад, ки шахсеро ба дини Худо тавонем рохнамои намоем... Ба хардуяшон ва ба бародароне ки дар хизматашон буданд, аз Худованд ачри бузург таманно дорам.

Фирдавс
Шукри Худованди таборак ва таъолоро менамоям
Сипосгузорам ба сомонаи "Озодагон" ва инчунин ба бародари азиз Абдуманнон, ки чунин як киссаи хуберо барои мо навиштаанд, Аз Худованд дуо мекунем, ки чунин занон сафи солехахонро зиёд гардонанд омин!

Abubakr
Мошоаллох! Хуш ба холат, бародари чон! Дар ин чанд рузхои гузашта (як мох ё зиёдтар аз он) додари ман низ, ки дар Русия зиндаги мекунаду то хол мучаррад аст, зани русеро, ки мисли дигар русхо одати шаробу сигор надорад, ба ислом даъваташ карда ва мусалмонаш намудааст. Аз ман барои бо у никох кардан пурсид. Гуфтам, хуш ба холаш, дар нимарах намону бо у издивоч кун ва иншааллох ачрашро хам дар дунё ва хам дар охират хохи дид.!
Аз хондани ин киссаи имони ашкам рафт. Муборакат бод!!!

Воқеаи аҷиб ва ибратомуз..
Ба бародар Фарҳод, ҳамчун мутахассиси шариъат як муждагона ва як тавсия дорам:
-Бародар Фарҳод ту бо ин корат ҷойгоҳи олие дар ҷаннат ҳаҷз (резерв, брон) кардаӣ.
-Бояд огоҳ бошӣ -Худо нокарда- ин ҷойгоҳ аз даст наравад..
Аз Худо броятон хотимаи некро талаб дорам..

МашаАллоҳ бародар.Аллоҳ боз ғайрати исломиро бароят ато кунад.Маълум аст,ки аз компутар ба манфиати дин истифода кардаи.Аллоҳ бозҳам имонҳоятонро қави гардонад.Ва барои ин нависандаи ин қисса ақру ҳасанот ато фармояд

Мошолло бародари азиз, сад офарин. Исломи мо иншоллох муттахидкунанда аст. Агар мардуми кишвар Исломи азизро дуруст дарк кунанд, ватан обод мешаваду тафрикаи махалгарои аз кабии клобию гармию хучанди аз байн меравад.

САЛОМ БА ХАМАИ ХОХАР ВА БАРОДАРЕ, КИ НИСБАТ БА ДИНИ МУБИНИ ИСЛОМ НАЗАРИ НЕК ДОРАД ВА Ё НАДОРАД. ИН КИССА БОЯД ИБРАТ БА ХАР КАСЕ БОШАД, КИ АХЛИ ХИРАД ВА АНДЕША АСТ.

КУРБОНИ ШУМО ШАВАМ МАСЪУЛИНИ "ОЗОДАГОН" БО ИН МАВОДЕ, КИ ДАР ИХТИЁРИ ХОНАНДА КАРОР ДОДЕД. ИЛОХО ХАМЕША МУВАФФАКУ САРБАЛАНД, ОРОМУ ОСУДА ДАР ВАТАН ДАР КАНОРИ ФАРЗАНДОНАТОН БОШЕД.

Офарин Озодагони воло ба матлаби чоп намудаат

батик
МашаАллах бародар. Худованд хамеша сарбаланд бошед.

эмомали
Худованд инхел куватро дар хамаи мо мусалмонон тияд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)