Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 17:45

Парлумон барои таҳқиқи қазияи Равшан Собиров комиссия таъсис дод

6 июн 2013, 10:58

Парлумони Қирғизистон барои омӯзиши ҳабсу маҳкумияти Равшан Собиров, собиқ вазири рушди иҷтимоӣ ва роҳбари ҷамъияти тоҷикони ин кишвар, комиссияи махсус ташкил додааст.

Қарор дар ин бора дар ҷаласаи рӯзи 6-уми июн бо ташаббуси Бодош Мамирова, ноиби раиси парлумон қабул гардид. Мамирова изҳор дошт, ки дар маҳбас бо Равшан Собиров мулоқот доштааст: “Собиров аз мо хоҳиш дорад, ки ба ҳукми аз нигоҳи ӯ ноадолатонаи додгоҳ расидагӣ кунем. Ӯ ваъда дод, ки талаботу шартҳоеро пеш нахоҳад гузошт.”

Ахиран, Додгоҳи олии Қирғизистон ҳукми Додгоҳи шаҳри Бишкек, ки Равшан Собировро барои 5 сол зиндонӣ карда буд, бетағйир гузошт. Ин додгоҳ ҳамчунин гуфта буд, тамоми амволи Собиров бояд мусодира гардад.

Равшан Собиров ба он айбдор шудааст, ки дар замони вазири рушди иҷтимоии ин кишвар буданаш гӯиё ба ришвахӯрӣ даст задааст. Парванда алайҳи ӯ бо нишондоди собиқ ёвараш, Тоҳир Мирзоаҳмадов оғоз гардид, ки 4-уми июли соли 2012, зимни гирифтани ришва аз як ширкати итолиёвӣ дастгир шуд. Ӯ изҳор доштааст, ки маблағро бо дастури Собиров гирифтааст, вале баъдан эътирофоташро ба манфиати Равшан Собиров тағйир дода буд.

Равшан Собиров, ки моҳи декабри соли 2011 вазири рушди иҷтимоии Қирғизистон таъин гардид, моҳи июли соли 2012 дар робита ба иттиҳомот дар фасодкорӣ муваққатан аз ин мансаб барканор гардид. Ӯ панҷуми июли соли 2012 боздошт ва ба боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон интиқол ёфт. Додгоҳи ноҳияи Первомайски Бишкек, Собировро моҳи ноябри соли 2012 «сафед» эълон кард. Аммо додситонии кулли Қирғизистон парвандаи Собировро аз нав ба баррасӣ гирифта, ба додгоҳ ирсол намуд, ки бо панҷ сол ҳукми зиндон ва мусодираи амволаш поён ёфт.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!