Бахшҳо

Нигаронии мақомот аз афзоиши танфурӯшии “ноболиғон”

Ҳумайрои БАХТИЁР

Масъулони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар чаҳор моҳи аввали соли ҷорӣ 26 духтари зери синни 18-ро бо ҷурми даст доштан ба танфурӯшӣ боздошт кардаанд. Ин рақам аз забони Давлат Назаров, муовини сардори Хадамоти ҳуқуқвайронкунӣ миёни ҷавонону ноболиғони Вазорати умури дохилӣ, рӯзи 6-уми июн дар як мизи мудаввари Вазорати адлия ва созмони Спин-Плюс дар Душанбе садо дод.

Подполковники милиса Давлат Назаров сабаби аслии ба танфурӯшӣ даст задани духтарони ноболиғро “ба доми фиреби ҷавонон афтодани онҳо” донист. “Духтарони ноболиғро бо роҳи фиреб ба алоқаи ҷинсӣ водор мекунанду баъдан онҳо дар чаҳорсӯи зиндагӣ танҳо мегузоранд. Аз як сӯ, ҷавонон бо онҳо издивоҷ карда наметавонанд ва аз сӯи дигар хонавода ҳам имкони ба шавҳар додани онҳоро надоранд. Зеро духтар 16-сола асту хонадор кадани ӯ ҷиноят ҳисоб карда мешавад”,-таъкид кард ӯ.

Аз ин рӯ, ин масъули Вазорати умури дохилӣ пешниҳод кард, ки робитаи ҷинсӣ барои духтарон танҳо аз ҳаждаҳсолагӣ иҷоза бишавад. Ҳоло бар асоси Кодекси ҷиноӣ агар духтар ба синни 16 расида бошад, дар сурати ризоияти тарафайн, ҳаққи алоқаи ҷинсиро дорад. Аммо тибқи қонуни оила духтарон дар шонздаҳсолагӣ ноболиғ ҳисобида мешаванд ва қонун ҳаққи издивоҷ ё никоҳро танҳо дар ҳаждаҳсолагӣ додааст. Назар Давлатов мегӯяд, дар сурати рафъи ин духӯрагии қонун имкони пешгирӣ аз танфурӯшии ноболиғон ҳам бештар хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи ӯ, дар чаҳор моҳи аввали соли ҷорӣ 36 ҷавону ноболиғ даст ба худкушӣ задаанд, ки аз ин рақам 17 ҳолати худкушӣ аз ҷониби духтарон рух додааст. “Чунки баъди даст задан ба танфурӯшӣ онҳо танҳо мемонанд ва роҳи дигаре ба ҷуз аз худкушӣ намебинанд»,-гуфт Давлат Назаров.

Подполковник Давлат Назаров ҳамчунин аз афзоиши мизони ҷиноёт дар миёни ноболиғону ҷавонон нигаронӣ карда ва гуфт, дар 4 моҳи соли равон аз ҷониби ноболиғону ҷавонон 19 ҳолати куштор ба қайд гирифта шудааст. Гуфта шуд, ки дар ҳамин давра 9 ҳолати даст задани ноболиғону ҷавонон ба таҷовуз (соли 2012 -- 4 ҳолат), 231 ҳолати авбошӣ (2012 -- 163 ҳолат) ва 34 ҳолати ғоратгариро ба қайд гирифтаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2012 5 ҳолат бештар будааст.

Баҳром Абдулҳақов, муовини сардори Сарраёсати муассисаҳои ислоҳии Вазорати адлия, иллати аслии афзоиши ҷиноят миёни ноболиғону ҷавононро “аз назорати падару модар дур мондани онҳо ва ба афзоиши раванди муҳоҷирати шаҳрвандон” рабт дорад.

Ӯ гуфт, “дар солҳои Шӯравӣ барои комилан ба тарбия фаро гирифтани кӯдакону ноболиғон маҳфилҳои октябриву пионерӣ вуҷуд дошт. Аммо ҳоло ин гуна чорабиниҳову маҳфилҳо вуҷуд надорад, ки ин ҳам бар зарар аст.” Ба иттилои Вазорати адлияи Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир ҳудуди 602 нафар ноболиғ дар муассисаҳои ислоҳии ин вазорат нигоҳдорӣ мешаванд.
Мӯҳр
Ы
Ачоиб тафаккур, яъне агар конун синну соли балогатро ду сол зиёд кунад пас духтаройи беодоб дусоли дига токат мекардаанд? Дигараш ин ки синну соли балогатро конун танзим карда наметавонад, балки хар организм хар хел, ва сеюм ин ки ислом сини балогатро барои духтарон аз 9солаги боло ва барои писарон аз 12солаги боло мукаррар кардааст.

лутон
Илалиллохи ва ина лиллохи рочиун. ин худаш чи гап озоди магар айб нест ки духтар дар сини 20 солагиш ба балогат мерасуду издивоч мекунад охир ин як шармандаги нест. бояд боло нею поен фароварда шавад яне дар сини 12 то 15 ба издивоч дода шавад. хамаи ноболигон ба корхои ношоям даст задестиян аз он чумла мактаб духтаронро бинед

Нурали
Ин одам касе агар бошад хам, аввал синну соли никохиро аз синни балогат тафирика карда тавонад...

Shuhrat
Агар инхо ахкоми Исломро каме бошад хам медонистанд,хеч гох ба ин хулоса намеомаданд ва ингуна конунхоро намебароварданд.

Аслан дар Тоцикистон Ислом давлати шудааст наузамбиллох

Аслан дар Тоцикистон Ислом давлати шудааст наузамбиллох

Nauzambillah

Ато
Аввал ин, ки синну соли ба балогат расиданро Худо муайян кардааст ва он дар фитрат ва замири чисми инсон мавчуд аст. Ва дуввум ин,ки мантикан бо афзоиши фасод синни балогат на поён, балки бояд боло бурда шавад ва ба падарону модарон имкон дод шавад, ки пеш аз он, ки духтаронашон ба фохишаги даст зананд онхоро ба шавхар диханд. Аммо пахлухои дигари даст ба фохишаги задани ноболигон далелхои дигари бисёре дорад, ки дар он хизби дар сари кудрат буда ва хукумат гунахкор аст. Шумо таблиги домуллохоро манъ кардед, дарси исломиро, ки кудакро аз хурди одам месозад манъ кардед, дискаклубу, филмхои фахшу фучурро бо нархи арзон дар прокатхо ичозаи фуруш додаед, хичобро манъ кардед, аз дини ислом алергия доред, аз шунидани азон бемор мешавед, то 18-сола бояд ба масчид наравад, домуллохо дар минбархо ба чои амри маъруф ва нахи мункар паёми президент ва раиси хизби хокимро таблиг мекунанд вааааааааааааааааа....вазъияти иктисоди бад аст, падарон дар Россия, зури модарон барои шиками фарзандонро сер кардан намерасад, Бевазанхо аз хад зиёд шудааст. Хеч кас на раиси махалла, на раиси нохия, на раиси вилоят, на депутат ва на вазир ва на президент намехоханд гапи мардумро шунаванд! Бо ин хол чи кори дигар хам мешуд. Холо бадтар аз ин инашро хам бояд мунтазир буд, вале бадбахти дар он аст, ки хатто хамин макомоти доду вой бароварда аксаран худашон дар хамин корхо даст доранд ва на дар фикри ояндаи миллатанду на дар фикри духтарони ватан. Бовар кунед ояндаи миллат дар хатар аст. ОЁ КАСЕ ХАСТ, КИ БА ДОДИ ИН МИЛЛАТ БИРАСАД Ё НЕ?!!!

Shuhrat
То он даме,ки хукуматдорони мо барномаи рушди Точикистонро бо конуни Худо Куръон мутобик нагардонанд,ингуна мусибатхо болои мо зиед шудан мегирад. Ин хукуматдорони мо худро онкадар донову олим мегиранд,аммо дар асл аз ухдаи хеч коре намебароянд.

barakatulloh
mardumi be4ora ba gayr ay sar khamkadan diga 4iko kada metonan
Da Turkiya ba khotiri yak kamtar darakht tazohurot doran hukmat uzr khohi kard neki da tjk bosha dar irzi khudat dakholat mekna mo khappem

нисо
"Хар касе ку дур монд аз асли хеш......."

Saodat
Ана окибати сериалу кинохои хиндиву интернет
Дар сини 16 солаги духтарон тайер астанд ба алокаи чинси
Бо мардон озодона вомехуранд ба ресторан мераван
Дувум ин ки духтурони пулмаст зиед шуданд ки бо сад дусад доллар медузанд
Албатта духтаро кор мекунанд ду се сол баъд шавхар мекунанд вой бар холи он Домодхо ки бехабар аз таърихи арусашон

Мардуми моро таклидашон барбод дод.
Эй Хазор Лаънат бар ин таклид бод,,,

лутон, ачоиб халк хастем. Аз бачои оне, ки гунохи худро бинем дигаронро гунахкор мекунему исломро ба миен меорем. Аммо ки онхоро тарбия мекунад албатта МО (падару модар) Агар аз синни 15 - 12 солаги ба шавхар дихед ки бояд онхоро гирад? Писарони мо ба синни 25 мераванду на кору на бор доранд дар тори сари падару модаранд боз зан гирианду як нонхури зиедати оранд??? Ачиб он аст, ки мо факат чиз ва каси гунахкор мековем аммо ин проблемахоро хал намекунем
лутон,

Исломро ба Хукуматдори омехта накунед илтимос бехуда намегуянд "Гуфтаи мулоро ичро куну кардаашро не"

Насим
Аз сабаби одат кардан ба ин кор духтарон даст кашида наметавонанд зеро асаби онхо вайрон мешавад!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)