Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 17:28

Нӯҳ медали варзишгарони тоҷик дар “Ҷоми Узбакистон”

6 июн 2013, 11:48

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба варзиши сабук дар шаҳри Тошканди Узбакистон нӯҳ медал ба даст овардаанд.

Ба иттилои Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон, дар ин мусобиқа барои дарёфти “Ҷоми Узбакистон” ҳудуди 400 варзишгар аз Қирғизистон, Қазоқистон, Узбакистон ва Тоҷикистон иштирок доштанд. Ба қавли ӯ, варзишгарони тоҷик дар ин мусобиқа 1 медали тило, 6 медали нуқра ва ду нишони биринҷиро соҳибӣ кардаанд.

Гуфта мешавад, 9-уми июни соли ҷорӣ варзишгарони тоҷик дар шаҳри Бишкек дар 16-умин мусобиқоти байналмилалӣ оид ба варзиши сабук ширкат хоҳанд кард. Дар мусобиқаи мазкур варзишгарон аз 10 кишвар аз ҷумла Тоҷикистон, Русия, Куриёи Шимолӣ ва Озорбойҷон иштирок хоҳанд кард. Ба ҳайати Тоҷикистон, ки дар мусобиқаи мазкур ширкат мекунанд 15 нафар шомиланд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!