Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 03:12

Баҳси 12 млн $ барои Тоҷикистон дар ҳукумати Русия

6 июн 2013, 12:01

Имрӯз, 6-уми июн ҳукумати Русия масъалаи ҷудо намудани маблағ барои беҳтар намудани таъминоти ғизо дар макотиби Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ мекунад.

Тавре дар рӯзномаи ҷаласаи имрӯзаи ҳукумати Русия омадааст, ҷудо намудани 12 миллион доллар барои Тоҷикистон ва 10 миллион доллар барои Қирғизистон яке аз 10 масъалаи баррасишаванда хоҳанд буд.

Ба иттилои мақомоти рус ин маблағҳо дар доираи созиши ҳукумати Русия бо Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ ҷудо мегарданд. Дар доираи ин созиш дар назар аст, ки ба Тоҷикистон 5 ҳазору 560 тон ва ба Қирғизистон 2 ҳазору 469 тона ғизои истеҳсоли Русия тавассути худи созмонҳои русӣ интиқол ёбанд.

Мақсад аз лоиҳа коҳиши таъсири буҳронҳо ба қишри осебпазири ҷомеа арзёбӣ мешавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Мард

  • 6 июн 2013 13:57
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хукуматихо агар номус дошта бошанд кабул намекунанд ин кумакро вакте барои шикамат аз як давлат мисли гадо кумак дарёфт карди чигуна руят мешавад дар пеши онхо нишаста даъво мекуни ки мо мустакилеммммммммммм!?

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!