Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 00:16

Сафири мусиқӣ ба Тоҷикистон меояд

6 июн 2013, 14:10

Деметриус Спанеас, овозхон ва бастакори маъруф, ки ба ҳайси Сафири мусиқӣ шинохта шудааст, ба Душанбе меояд.

Аз маркази фарҳангии «Бохтар» ба «Озодагон» гуфтанд, ки Спанеас, баъди зуҳри 8-уми июн дар толори ин марказ барои хоҳишмандон аз мусиқӣ ва эҷод суҳбат хоҳад кард.

Деметриус Спанеас мусиқии классикӣ, ҷаз ва суннатиро дар ИМА, Аврупои Шарқӣ ва Осиё ба ҳам омезиш дода, барои ба вуҷуд омадани муколамаи ҷаҳонӣ тариқи ҳамкориҳои эҷодӣ талош мекунад.

«Вай бо мутрибони маъруфи ҷаҳоние назири Ҷон Кэйҷ, Рэй Чарлз ва мусиқанавозони шинохтаи мусиқии суннатии кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамкорӣ кардааст»,-афзуд манбаъ.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • эх..

  • 6 июн 2013 16:28
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба чои ин ягон ховаршинос ва ё олими улуми аклияро биёранд намешавад ки камтар маърифату акл омузад ба ин чомеаи парешони мо..

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!