Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 09:42

Беш аз 111 000 хонанда бо мактаб “худоҳофизӣ” мекунанд

6 июн 2013, 16:59

Соати ҳашти субҳи 7-уми июн дар кулли мактабҳои миёнаи Тоҷикистон “занги охир” ё “занги камолот” садо медиҳад.

Маҳмудхон Шоев, сухангӯи Вазорати маорифи Тоҷикистон, ба "Озодагон" гуфт, ин ҷашн барои бештар аз 111 ҳазор хатмкунанда ҳамагӣ як соат идома хоҳад дошт. Ба қавли мусоҳиби мо, аз 111 ҳазор хатмкунанда бештар аз 41 ҳазорашон духтарон ва боқимонда писаронанд.

Маҳмудхон Шоев таъкид кард, ки дар рӯзи «Занги камолот» ҷамъ кардани маблағ барои оростани зиёфат, хусусан дар тарабхонаҳо, тақдими туҳфаҳо, ба бар кардани лентаи сурх, сайругашт бо мошинҳо дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр аз сӯи хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ қатъиян манъ шудааст.

Ин барои нахустин бор аст, ки занги охир дар мактабҳои Тоҷикистон рӯзи ҳафтуми июн садо медиҳад. Солҳои пеш ин рӯз асосан 25-уми май ҷашн гирифта шуда, хонандагон пас аз анҷоми санҷишу имтиҳонҳо ба таътил мебаромаданд.

Қаблан Вайсиддин Исмоилов, мутахассиси пешбари Раёсати ташкилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф далели ба рӯзи ҳафтуми июн гузарондани занги камолотро чунин шарҳ дода буд: “Дар асоси қарори мушовараи Вазорати маориф аз моҳи декабри соли 2012 нақшаи таълимӣ, таҷдиди назар карда шуд. Пештар 34 ҳафтаи таҳсил буд, лекин ҳисобот нишон доданд, ки дар давраи истиқлолият рӯзҳои ҷашну идҳо 14 рӯзро ташкил медиҳад. Аз ҳамин лиҳоз хонандагон 34 ҳафтаро, ки дар нақшаи таълимӣ нишон дода шудааст, пурра намехонанд. Бино бар ин, занги камолот аз 25-уми май ба 7-уми июн гузаронда шуд, ҳамин аст”.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Муслима

  • 7 июн 2013 02:43
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хамин тавр рузхои чашну идхоятонро зиёд кардан гиред агар, барои кудакони бечора шояд таътили тобистона аз байн равад

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!