Бахшҳо
06 июн 2013 19:39Тоҷикистон / Сиёсат

"ал-Ҳаёт": Сулҳ дар Тоҷикистон хидмати ду тараф буд

Рӯзномаи умумиарабии "ал-Ҳаёт", 3-юми июн дар бораи тоҷикон, Тоҷикистон ва китоби "Хазинаи тиллоии тоҷикон" мақолаи калонҳаҷме чоп кардааст.

Тавре Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, баъди зикри таърихи бузурги тоҷикон муаллифи мақола ба таърихи навини тоҷикон рӯ оварда, навиштааст, ки мутаассифона дар оғози истиқлолият Тоҷикистон дучори ҷанги дохилӣ шуд.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз қавли рӯзномаи “ал Ҳаёт” овардааст, ки "баргардонидани ҳаёт ба маҷрои табиӣ хидмати пешвоёни ҳар ду тараф ва шахсан хидмати Президент Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки тавонист кишварро аз фалокати афғонишавӣ ва ё сомалишавӣ ва кишварҳои дигар, ки аз паи ҷангҳои дохилӣ хароб шудаанд, наҷот диҳад.”

Ба иттилои ВКХ “ал Ҳаёт” навиштааст, “Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ба муқовимати сахти ҳатто тарафдорони худ нигоҳ накарда, исрор карда буд, то дар кишваре, ки нав аз сотсиализм баромада буд, Конститутсия фаъолияти сиёсии ҳизби диниро (исломӣ) пешбинӣ кунад."

Дар бораи таърихи тоҷикон муаллифи мақола аз ҷумла навиштааст, ки дар ҷаҳони андешаи тамаддуни исломӣ имом Муҳаммад ибни Исмоили Бухорӣ муаллифи "Саҳеҳ", фақеҳон ва муаллифони тафсир ба монанди Абу Лайси Самарқандӣ ва Абу Мансури Мотридӣ аз фарзонагони асри даҳ, Абу Райҳони Берунӣ, шайху-р-раис Абу Алӣ ибни Сино ва бунёнгузори низоми донишгоҳҳои исломӣ дар ҷаҳони ислом Абулҳасан ибни Алӣ, ки бо тахаллуси хоҷа Низомулмулк маъруф мебошад, муаллифи "Эҳёи улуми дин" аллома Абу Ҳомиди Ғаззолӣ, ки дар донишгоҳи "Низомия"-и Низомулмулк дар қатори дигарон дарс хондааст ва даҳҳо нафар дигарон, аз ниёгони тоҷикон буда, дар айни замон мояи ифтихори ҳама мусулмонон ва инсоният мебошанд.

Сипас муаллифи мақола ба муаррифии китоби "Хазинаи тиллоии тоҷикон" пардохта, ба хонанда дар бораи китоб махсусан ва маданияти тоҷикон умуман, маълумоти арзанда манзур намудааст.
Мӯҳр
Муҳаммадсаид
Салом дустон ва хонандагони гиромӣ..!
Ман барои дарёфти манбаъи ин хабар кумак мехоҳам, зеро ҳар қадар, ки ба рузномаи ал-ҳаёти арабӣ муроҷиат кардам, хабаре ба ин унвон пайдо накардам.
Танҳо ин ду хабар:
-Яктояш сабаби баста шудани сомонаи youtube дар Тоҷикистон рақси раиси Ҷумҳури он дар туи писарсш
-Ва дигар қарор додани Тоҷикистон дар радифи кишварҳои диктотурии ғайри демократӣ дар соли 2013 аз тарафи хонаи озодии(Freedom House) Америка-ташкилоти ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои башар.
Дигар чизе наёфтам..

Агар чумлаи "баргардонидани ҳаёт ба маҷрои табиӣ хидмати пешвоёни ҳар ду тараф ва шахсан хидмати Президент Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки тавонист кишварро аз фалокати афғонишавӣ ва ё сомалишавӣ ва кишварҳои дигар, ки аз паи ҷангҳои дохилӣ хароб шудаанд, наҷот диҳад.” вокеъан нутки айнаннаклшудаи ВУХ бошад пас вой бар ахволи ин вазорат, ки аз гирифтани номи тарафи дигар аниктараш номи устоди мархум Саид Абдуллохи Нури худдори кардааст. Худоё тоифаеро чи шуда бошад, ки аз ислому аз номи устод С.А.Нури ин кадар харос доранд. Ё шояд рузномаи “ал Ҳаёт” низ номи устодро зикр накарда бошад?

Бо арзи салом ва адаб хидмати хамватанони азиз! Читавре, ки ба хамаи мо маълум аст дар кишвари мо чанги шахрванди ба вукуъ омада буд ва ин яке аз сахифахои сиёхи таърихи мо буд ва хеч кас инро инкор карда наметаваонад ба хамаи ин нигох накарда мо точикон тавонистем сулх кунем.Дар айнихол бошад тарафхои даргири собик мехоханд,ки накши ин ё он шахсро бузрг намоиш диханд,ки фалони бештар ба сулх кардан майл дошту фалони камтар лекин як далели кавиро ишон дода наметавонанд, ки фалони масалан дар фалон масъала гузашт ба хотири сулх кард.Лекин читавре, ки иштирокчиёни музокирот дар китобхояшон навиштаанд ва мегуянд: - вакте ягон хуччатро барои имзо кардан назди Абдулои Нури меовардем, савол мекарданд, ки хамин хуччат ба фоидаи миллат аст, мо егуфтем, ки бале, нохонда он хуччатро имзо мекард. Барои хамин ва намешаад,Ки ду шахс Созишномаи истикрори сулхро имо карда бошанду ба яктоаш кахрамон дихему ба дигараш не, ин бе адолатист.

KL
"Пешво"-е, ки ба худаш каср месозад, пешво нест, аз А. Нури хам авлиё насозеду аз дигараш хам. Агар мардуми точик феъли афгону зангихо медошт, дар ду дунё сулх намешуд. Сулх иродаи худи мардум буд.

bishkek
barodaron yaktaraf nakashed vakteki hak mekhohed hardutarafro nigoh karda khatohoro gued

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)