Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 03:17

Владимир Жириновский бо муҳоҷирони тоҷик мулоқот кард

7 июн 2013, 08:51

Владимир Жириновский, райиси ҳизби либерал-демократии Русия (ЛДПР) зимни боздид аз як шаҳраки назди Маскав бо муҳоҷирони тоҷик суҳбат кардааст.

Торнамои расмии ЛДПР навиштааст, ки Жириновский дар ин дидор гуфтааст, мушкили аслие, ки кишвараш ба он рубару мешавад, ҳузури зиёди муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад.

«Муҳоҷирони ғайриқонунӣ хеле зиёданд, корфармоҳое, ки шароити дуруст фароҳам намекунанд, зиёданд. Муҳоҷирон дар таҳхона ва кӯчаҳо зиндагӣ ва шабу рӯз бидуни истироҳат кор мекунанд. Одитарин ҳолати санитарӣ риоя намешавад. Ҳақмузди онҳо пурра пардохт нашуда, баъзан умуман маблағе намедиҳанд. Ва маълум аст, ки ин ҳама ба шумо бетаъсир нахоҳад буд. 22 сол мешавад, ки мо дар кишварҳои алоҳида зиндагӣ мекунем, дар бисёре аз шаҳрҳои Русия мардум намефаҳманд, ки ин қадар одаме, ки забон, фарҳанг ва динашон фарқ мекунад, кай омадаанд», - гуфтааст ӯ.

Раҳбари ЛДПР мушкили асосии муҳоҷиронро надонистани забони русӣ гуфтааст: «Дар Осиёи Миёна забони русиро дӯст медоштанд ва бо он хеле хуб ҳарф мезаданд. Агар шумо мехоҳед, ба Русия барои кор биёед, пас бояд забони русиро хеле хуб балад бошед. Ин корро хеле осон мешаванд, анҷом дод: мо муаллим ва китобҳои хуби омузишӣ дорем. Гузашта аз ин ҳамсояҳои наздикем. Ман бовар дорам, ки шумо хоҳиши наздикӣ бо Афғонистон ва Эронро надоред, он ҷо низоми исломӣ ва қоидаҳои шадид амал мекунад».




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Islom

  • 7 июн 2013 09:11
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
In garang islomgufta chiro tasavvur mekarda boshad?
Посух додан
  • Makor

  • 7 июн 2013 09:38
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Душмани раками яки точикон ки то дируз точику Точикистонро ба хок баробар карда буд, аз чи бошад, ки инкадар мехрубон шудааст ё таги коса нимкоса аст. Зеро интикодхои у бо фармони Кремлин аст ва ин ташриф хам ба фикрам аз боло накшабанди шудааст. Дуюм, мумкин у тарсидааст, ки мисли киргизхо, Парламенти Точикистон низ ба у Персона нонграта гуфта эълон мекунад. Вале вакилони мо ин гуна дилу гурда дошта бошанд, ин саволи матрах аст, албатта. Вале фикр мекунам аз ин яхуди-рус эхтиёт шудан лозим, зеро яхудихо ягон чизро бе фоида рохандози наменамоянд. Боки хама сарбаланд бошед.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин суханхои В.Жириновский баьзехошам рост.Имруз дар хакикат бисьёри аз мардуми мо дар шахрхои Руссия дар азобхои гуногун рубару мешаванд.Дар баьзе чойхо кор карда музди мехнати худро гирифта наметонанд,ва гайрахо. Халки точик пуштибоне надорад аз хисоби хукумати худ.Барои як летчики русс ки дар мо дастгир шуд чи гуна рафторхои нохуб карданд нисбати халки точик.Лек садхо точик дар Руссия зери азобан Хукумати мо чора намебинад. ...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ajb shahri diloroi Dushanbe
Посух додан
  • Шогирди Жереновский

  • 7 июн 2013 14:51
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Акаи Жирик гапои роста мега лекин мо мардуми точик факат танкид мекунемаш.Мо ки як бор гиребони худро буй намекунем факат гунохи дигаронро мегуем.Шумо медонед ки хама коргароне ки дар дачаю корхонахои акаи Жирик кор мекунан аз хисоби мухочиронан ба хусус аз точикхои худамон. Мо бояд ба акаи Жирик рахмат гуем ки кисми ками мухочиронамонро ба чойи кор таъмин мекунаду маоши хуб хам метияд.Дар ватани худамон хеч гох чунин мансабдор дар хонааш коргар намегирад, то ки ду камбагал сохиби кор шавад.Ба аки Владимир Волфович хазор рахмати калон мегуям.Так держи браток....Акаи Жирик ба пеш ...............
Посух додан
  • Daler

  • 7 июн 2013 15:32
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Zhirinovskiy mard ast, az azobu shikanjai mardumi oddi rui rost harf mezanad.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман хамин Жирика бад мебинам лекин як чизро гуфтаниям ки то проблема пеш наояд одам инкишоф намеебад.Наход ки чанд сол дар Россия зиндаги куни забонро наомузи.Ин кадар мардуми мо танбал шудааст
Посух додан
  • Madyoon

  • 5 апрел 2014 14:49
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
bod bar akai zhirikt

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!