Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 06:02

Тоҷикистон ин моҳ низ мавқеашро тағйир надод

7 июн 2013, 09:33

ФИФА, Федератсияи байналмилалии футбол рейтинги навбатии дастаҳои миллиро мунташир кард.

Тими миллии Тоҷикистон мавқеашро чун ду моҳи сипаришуда тағйир надода, ҳамоно бо 312 имтиёз зинаи 112-умро муаррифӣ мекунад. Федератсияи футболи Тоҷикистон мегӯяд, моҳи май яккачини кишвар ягон бозӣ анҷом надодааст: “Охирин дидори тими миллии Тоҷикистон 4-уми июн баргузор шуд. Дар ин вохӯрии дӯстона футболбозони тоҷик мунтахаби Афғонистонро бо ҳисби 3:2 шикаст доданд. Натиҷаи ин дидор дар феҳрасти моҳи июлии ФИФА дарҷ хоҳад шуд”.

Миёни 46 дастаи қораи Осиё тими миллии Тоҷикистон ба як зина поин рафта, дар ҷои 14-ум аст. Аммо дар байни мунтахабҳои собиқ Шӯравӣ зинаи нуҳумро касб мекунад. Тими миллии Тоҷикистон аз Озорбойҷон, Латвия, Туркманистон, Молдов, Қирғизистонва Қазоқистон пешгомтар аст.

Аммо дар садри рейтинги ФИФА тими миллии Испания бо 1614 имтиёз нишастааст. Олмон бо 1416 хол дуюм ва Аргентина бо 1287 имтиёз сеюманд. Даҳгонаи аввал ба ин тариқ аст: Хорватия (1222, 4-ум), Нидерландия (1158, 5-ум), Португалия (1137, 6-ум ), Колумбия (1123, 7-ум), Италия (1097, 8-ум), Англия (1095, 9-ум) ва Эквадор (1066, 10-ум).


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!