Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 12:55

Путин эътироф кард, ки аз занаш ҷудо шудааст (ВИДЕО)

7 июн 2013, 09:43

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, бегоҳи 6-уми июн дар як мусоҳибаи кӯтоҳ (ВИДЕО) эътироф кард, ки аз занаш, Людмила Александровна, ҷудо шудааст.

Путин ҳамроҳ бо Людмила Александровна аз балети “Эсмералда” дар кохи давлатии Кремл дидан карда, дар ҳошияи он бо хабарнигори шабакаи телевизионии “Русия 24” суҳбати кӯтоҳе анҷом доданд. Дар пайи суҳбат ва изҳори таассурот аз балет хабарнигор баногоҳ суол мекунад, ки “Шуморо хеле кам ҳамроҳ мебинанд ва овозаҳо ҳастанд, ки дар алоҳидагӣ зиндагӣ мекунед?”

Путин пас аз чанд лаҳзаи сукут ба Людмила Александровна назар афканда, эътироф кард, ки “бале.” Ӯ таъкид кард, дар ҷараёни кораш сафарҳои зиёд дорад, ки бори вазнин аст ва Людмила ин борро давоми 8-9 сол кашид: “Ниҳоят мо қарор кардем, ки ҷудо шавем. Ин қарори муштараки мо буд. Аммо бо Людмила мо ҳамеша одамони наздик хоҳем буд.”

Людмила Александровна дар тақвияти суханҳои Путин афзуд, “ман бисёр дар байни ҷомеа будан, парвозу рафтуомадҳоро хуш надорам ва аз сабаби он ки мо амалан хеле кам якдигарро мебинем, қарор кардем, ҷудо шавем. Ин қарори муштарак буд. Ман аз Владимир Владимирович хеле миннатдорам, ки то ҳол моро хабар мегирад, нигаҳбонӣ мекунад. Мо ба таври маданӣ ҷудо шудем.”

Дар мавриди фарзандҳояш Путин афзуд, “хеле дӯсташон медорад” ва онҳо маълумоти олиро дар Русия гирифта, дар Русия иқомат доранд.

Владимир ва Людмила Путин 28-уми июли соли 1983 тӯй дошта, аз никоҳашон соҳиби ду духтар, Мария соли таваллудаш 1985 ва Катя санаи таваллудаш аз 1986 шудаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!