Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 19:14

Ислом Каримов аз болои ТАЛКО ба Бан Ки Мун шикоят бурд

7 июн 2013, 10:56

Узбакистон ин бор аз болои ширкати алюминиюми Тоҷикистон -- Талко ба Созмони Милали Муттаҳид шикоят бурдааст.

Ҳукумати Узбакистон бо ирсоли як нома ба унвони Бан Ки Мун, дабири кулли СММ, аз вазъи бади экологии манотиқи марзии худ бо Тоҷикистон шикоят карда, гуфтааст, ширкати алюминиюми тоҷик хисороти зистмуҳитии зиёде ба ин кишвар расонидааст.

Дар ин нома омадааст, олудагии фаромарзӣ, ки аз газҳои гулхани зараровари корхонаи алюминиюми тоҷик -- Талко сар мезанад, таҳдид ба амнияти экологии муҳити зисти Узбакистон дорад.

Мақомоти узбак бо исрор аз Бан Ки Мун, дабири кулли СММ, хостаанд, то ба таъсири манфӣ ва зараровари гази гулханҳои ин корхонаи саноатии Тоҷикистон ба Узбакистон поён бахшад.

Маврид ба ёдоварист, корхонаи тавлиди алюминиюми Тоҷикистон мавсум ба «ТадАз» баҳори соли 1975 сохта ба истифода дода шудааст, ки алъон бо номи ширкати «ТАЛКО» маъруф аст. Ин корхона бузургтарин истеҳсолкунандаи алюминий дар Осиёи Марказӣ буда, зарфияти истеҳсолиаш дар як сол баробар ба 500 ҳазор тонна арзизи тайёр аст ва ягона корхонаи воридкунандаи арзи хориҷӣ ба буҷаи кишвар маҳсуб мегардад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аслан дуруст аст кори Каримов. СММ бояд накши миёнравро дар асл бозад. Вале мутаассифиона идорахои СММ дар Душанбе ва Тошканд оиди масъалахои "душвор" каноргири мекунанд. Ба СММ мурочиат карданиам: кани як бузурги ва макоми худро нишон дихед! Як вохурии байни ду Президентро ташкил кунед! Метавонед? Агар не, он лоихахои Шуморо НПО-хо хам метавонанд амали созанд. Пас накши Шумо дар чист???
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Одами беакл будай лекин хамин Каримуффффф уфффф
Посух додан
  • Сайкумриддин

  • 7 июн 2013 15:21
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мегум хами дута акаву додар боша?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
kalagafs,
ХАМИН ЗАВОДИ КАЛОНТАРИН ДАР ОСИЁИ МИЁНА ТАЛКО . ЯГОН ВОИДА ДОРАД БА ХАЛКИ МО?ИЛТИМОС ХАБАРНИГОРОН НАВИСЕД ЯГОН МАКОЛА ФОИДАИ ТАЛКО ЧИ КАДАР БОШАД ?ФАХМЕМ БА ФИКРАМ ТАЛКО МАРДУМИ ТОЧИКИСТОНРО 20-ФОИЗ ХУРОНАД ВА ПУШОНАД,КАРИМОВ ЧУРАТИ ШИКОЯТ КАРДАНРО, НАМЕКУНАД БА ООН.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ИН САГИ МУГУЛ МОРО ДАР ВАТАНАМОН НОРОХАТ СОХТАНИСТ ЧИ?

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!