Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 07:53

Зайд Саидов гуфтааст, "ба шароити боздоштгоҳ мутобиқ мешавад"

7 июн 2013, 14:03

Шӯҳрат Қудратов, яке аз вакилони мудофеи Зайд Саидов, раҳбари гуруҳи ташаббускори таъсиси Ҳизби Тоҷикистони нав, танҳо баъд аз ҳашт рӯз тавонистааст нафари таҳти ҳимояташро дар боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амният бубинад. Оқои Қудратов дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, ин дидор дар рӯзи ҷумъаи 7-уми июн иттифоқ уфтод.

“Имрӯз (7 июн) тақрибан соати 13-00 бо муфаттишон вориди боздоштгоҳи муваққатӣ шудам. Аз сӯҳбати зерҳимояам маълум шуд, ки дар воқеъ муфаттишон низ аз 29-уми май инҷониб ба назди ӯ надаромадаанд”,-илова кард Қудратов.

Ба қавли ин вакили мудофеъ, Зайд Саидов ба ӯ гуфта, ки оҳиста-оҳиста ба вазъи нигоҳдории боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амният мутобиқ мешавад. Шӯҳрат Қудратов мегӯяд, “ҳарчанд аз муносибати масъулини боздоштгоҳ ҳеч шикояте накард, аммо гуфт, ки дарди меъдааш ӯро азият медиҳад.”

Шӯҳрат Қудратов афзуд, ҳоло ӯ ва дигар ҳамкасбонаш талош доранд, то парвандаи марбут ба Зайд Саидовро қатъ карда, ӯро аз боздоштгоҳ раҳо кунанд. Зеро, ба гуфтаи ӯ, “тамоми далелҳое, ки муфаттишон барои боздошти зерҳимояи мо ва ба ҷавобгарӣ кашидани ӯ пешниҳод карданд, воқеият надорад”.

Дар акс: Зайд Саидов, раҳбари гуруҳи ташаббускори таъсиси Ҳизби Тоҷикистони нав ва вазири пешини саноат


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
о боз гап-гап хаст, ки акаи Зайда чанд руз пеш сар доданду холи дар хабси хонаги аст, хамин гап ростми?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Зайд Саидови мухтарам мо чавонони точик бо Шумо хастем, сабр кунед токат кунед ба максадхои некатон, ки аз ободонии кишаври азизамон, Точикистон иборат мебошад, рузе бо розигии Худованд ва мардуми шарифи озодиохи точик хохед расид. Мо чавонон медонем, ки Шумо гунох надоред, агар гунох медоштед аз Фаронса бар намегаштед. Читавре, ки мегуянд: поёни шаби сиёх сафед аст.
Посух додан
  • чавон

  • 7 июн 2013 20:00
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Сайид,
бале бародар Худо кунад ки акаи Зайд озод шавад.Мо чавонони бо чунин хамватанони чавонмардамон ифтихор дорем!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Худо хохад, озод мешвад, агар хак бошад. Как говорится -Правда, есть-сила.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Зайд Саидов мо то охир бо шумоем )))
Посух додан
  • Ситора

  • 17 август 2014 03:11
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Барои чи дар Чт касе ба мардум камтарак ёрдам кунад тамоми Хукуматдорон Аламашон мекунад тез хамон одамро мешикананд Аз худо тарсед Зайд Саид бегунох аст

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!