Бахшҳо

САДО: “Савоби ду ракъат намозатонро ба Э.Раҳмон бахшед"

Домулло Абдуррауф, як шаҳрванди Афғонистон, аз минбари масҷиди марказии шаҳри Душанбе аз ҷавонони тоҷик даъват намуд, то ба қадри сулҳу оромиш бирасанд ва ба гуфтаҳои бегонагон гӯш надиҳанд.

Ӯ, ки дар намози ҷумъаи рӯзи 7-уми июн дар масҷиди марказии Душанбе дар ин бора ҳарф мезад, гуфт, “кош, Афғонистон низ ба мисли Тоҷикистон як раҳбари хирадманд медошт, то онро ба сулҳу субот мерасонд.”

Домулло Абдуррауфро муовини раиси Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон, Домулло Саидакбар, мурарифӣ карда ва пеш аз оғози намози ҷумъа риштаи суханро ба ӯ дод.

Ба қавли Домулло Абдуррауф, дар Афғонистон зиёда аз се даҳа мешавад, ки ҷанг идома дорад ва ин кишварро ба як озмоишгоҳи силоҳу маводи интиҳорӣ табдил додаанд: “Аз ин рӯ, аз ҷавонони тоҷик даъват мекунам, то ба ҳарфҳое, ки тариқи радио ва расонаҳои гуногуни хориҷӣ садо медиҳанд, гӯш накунанду сулҳро мисли гавҳараки чашму дили худ нигоҳ дошта шукронаи онро ба ҷо оранд.”



Ин шаҳрванди Афғонистон мегӯяд, ӯ тақрибан 12-13 сол пеш дар Тоҷикистон зиндагӣ кардаасту вазъ ва шароити сангини ин кишварро дар он солҳо дар ёд дорад: “Боре ба ёд оред, ки чигуна соатҳои 2 ва 3-и субҳ мехестем ба хотири гирифтани як нон пушти дари мағозаҳо рост меистодем. Баъзан баъди истодани соатҳо наметавонистем, як нонро ба даст орем ва ҳатто мешуд, ки зери латукӯб қарор мегирифтем. Ин сулҳу оромӣ ва сериву пурие, ки мебинен ин худ ба худ наомадааст, ин ҳама танҳову танҳо дар натиҷаи раҳбарии хирадмандонаю дилсӯзонаи раиси кишваратон, Эмомалӣ Раҳмон ба миён омадааст.”

Абдуррауф таъкид кард, ки ҳар шаҳрванди Тоҷикистон аввалин коре, ки даст ба он бояд занад, ин хондани ду ракъат намоз дар ҳаққи Эмомалӣ Раҳмон мебошад: “Аввалин коре Шумо бояд кунед, ин гузоридани ду ракъат намоз мебошад ва савоби онро дар ҳаққи Эмомалӣ Раҳмон бибахшед. Худо гӯед, то ин оромӣ аз байн наравад, агар як бори дигар ин оромӣ аз байн равад, Шумо дигар наметавонед онро ба ҳам оред.”

Ба суоли мо дар ин бора ки ин нафар чигуна ба минбари масҷиди марказии Душанбе роҳ ёфтаву кӣ аст, муовини муфтӣ гуфт, баъдан дар ин бора хоҳанд гуфт. Зеро баъд аз анҷоми намози ҷумъа сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, Абдулғафури Орзу, ба назди муовини раиси Шӯрои уламо рафта, дар бораи Домулло Абдуррауф сӯҳбат мекард.

Дар акс: Домулло Абдуррауф, ки баъд аз адои намози ҷумъа бошитоб аз масҷид берун шуд
Мӯҳр
Намозгузор
ман низ дар ин барномаи ташвиқотии номзад ба раисҷумҳур иштирок доштам. аслан, ихтисос ёфтани нимаи дуюми мавъизаи имомро ба дарси сиёсӣ интизор будам, чун ин кор имрӯзҳо ба суннат табдил ёфтааст. бо ба минбар даъват шудани ин шахс маълумам гардид, ки ӯ баҳри адои кадом рисолат ба ин минбар соҳиб гашт. дар ҳоле, ки тибқи қарордод дар минбар ба ҷуз масъулони масҷид дигар шахс ҳаққи лаб кушодан надоранд, вале касе бо симати меҳмон аз Афғонистон дар минбари масҷиди марказӣ баромад карданаш аҷиб буд... ба худ меандешидам, ки боз ин бечора бо кадом василаву восита ба ин кор "ҳавасманд" шуда бошад.......

Домулло
Биёед,афгонхо моро тарзи зиндагиро нишон надихед,мардуми точик худаш медонад, ки савоби намозаша ба ки бахшаду аз ки пуштибони кунад. Ин авгонро хам албат ягон хона ё мошин ваъда кардаанд, ки ин кадар дар гами мардуми точик мебошад.

Махмуд
Замоне то омадани Путин Руссия низ дар чунин холат буд!Путин омаду Руссияро ба пой хезонд ва точик низ кути лоямути худро то хол аз Руссия меёбад! Ин хама каму беш ободии мардуми точик аввал аз АЛЛОХ ва дувумин аз Руссия мебошад!3.5 млрд долларе,ки хар сол аз Руссия ориди Точикистон мешавад,асоси зиндагии акалан токатовари мардуми точик аст! Мо бояд ба пеш нигох кунему пеш равем ва он кулвори кухнаро дигар нигох накунем.

Умар
бра Хомид Карзая дар хакш намоз бхон. чи кор дори ба халки точик. ука метонисти Афганистони хдта ором мекади.

И камбагала чан сумш дода бошан паах то ами дарачара расидем ки мачбур мекнан ки да хакш дуо кнену намоз гузорен ика таъриф бас набд кчо рафтестем

Sulh
Mardum bigued girakunam yo xanda?

мо бояд ба кафохам нигох кнем ва аз гузашта ибрат гирем.

Гапхои хамин афгон аксарятш ростай ку.

Ман низ имруз дар он чо будам ва ин маъизаи мухмро гуш кардам.аммо чунинашро интизор набудам.Хуб мешуд ки домулло Абдуррауф аз киссаи пайгомбар ва хадисхо гап мезад чунки масчид чои таърифу тавсиф нест.Ин икдоми хуб хаст ки дигар домуллохо омада суханрони мекунанд вале домуллохо худи чи? паси парда мондаанд онхо.бигузор аз куръон сухан шавад аз хадисхо ухан шавад дар масчидхо ин чи хол аст ки мебинем ...

салом алекум ва рахматуллохи ва баркотух мошаллох бародари азиз хело суханони зебу гуфтааст бародарони точик бакадри ин сулху салох бирасед фаромуш накунед соли 92 ро чи кадар мардуми мо аз гушнаги ба халокат расид боз касонеки дар даст силох доштан мардуми бечораро ба халокат расондан аллоха шукр гузори кунен то ин тинчию ороми боз довом биёбад дар ватани мо ва тамоми давлатхои мусалмонон омин омин

ин афгон натанхо кадри худро балки обуруи миллати афгонро аз байн бурд боин суханони гуфтааш. ягон марди богайрате набуд ки як мушт дар дахонаш мезад.....

Эй мулло Абдурауф,рафта дар Афгонистонат зиндаги кун.Манижаи Давлату дигар хофизахо бо шавку завки том ба Афгонистони"кашшоку камбагалу чангдида " мераванду бой шуда бармегарданд.Ёфти хамин Душанберо.Душанбегихо бошанд,бисёрашон дар Сибиранд.Худи афгонхо мегуянд,ки касе,ки он чо точири мекунад,ба чанг кораш нест.Чангидахову чангкунон хам ба точирон сару коре надоранд.Боз мегуянд,ки замини пурбаракат аст,Афгонистон.О ин тавр,ки бошад,хамончо истед охир.Кучо омадед ба Душанбеи Точикистон.

АВГОН ОМАДИ ХУШ ОМАДИ!!!!ЧИ БА СИЁСАТ КУШ МЕКУНИ ХУДАТАВУ МОРА РОХ НИШОН МЕДИХИ ??? АЗ ХУДО ТАРСУ ДАР ХАКИ МАНДУМИ КМБАГАЛУ МУХОЧИРО ДУО КУН ОНКАДАР ДИЛАТ МЕСУЗАД!!!!БА ТАМОМИ МАНДУМИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН МЕРАСОНАМ,КИ ИНГУНА МУЛОХОИ СИЁСАТПЕШАРО ГУШ НАДИХАНД.

Aз Кулоб
Ачабо ин рохбархои мо барои аз даст надодани курсихояшон чи корхое нест ки накунанд.Амо ман фикр мекунам хамин домуллохои азизи худамон ба монанди эшони Нуриддинчон, хочи Мирзо, муло Абдурахими казокон бехтаран аз хамон баъзе домулои афгон ба хамин мулохои точик ба Ислом хаминхо дар хаки сардорхо худашон дуои хайр мекунан мо худ шохиди ин хастем.

toba tobae i bechoraya haridagiyan! Pered viborniyay!

Аз Кулоб
Дар ин Ватани мо хеч кас ё гурух ба манфиати халк кор намекунад хама ба фоидаи худ е барои шухрат пайдо кардан.шумохо хам торномаи дарбориен чи?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)