Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 23:04

Ҷамъоварии ғалла дар меҳвари суҳбати Э. Раҳмон бо Ғ. Афзал

7 июн 2013, 15:19

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 7-уми июн тавассути телефон аз раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзал, ва раисони ноҳияҳои Фархор, Панҷ, Қумсангир, Ҷиликул ва Қубодиёну Шаҳритус ҳисобот гирифтааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳисоботи онҳо ба масоили вобаста ба ҷамъоварии ҳосили ғалладона, хусусан аз заминҳои обӣ ва вусъат додани кишти такрорӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, барои ташкили хуби кор дар ин самт супоришҳои мушаххас дод. Таъкид гардид, ки ҳосили ғалладонаи заминҳои обӣ бояд ҳарчи зудтар ҷамъоварӣ шуда, дар ҷойи он кишти такрорӣ ба роҳ монда шавад.

Ба иттилои манбаъ таваҷҷуҳи зиёд ба мавзӯи ҷамъоварӣ ва содироти меваю сабзавот ба хориҷи кишвар ва ҳамчунин ба захира намудани хӯроки чорво зоҳир карда шуд ва таъкид гардид, ки имсол обу ҳаво барои афзун намудани нишондодҳо дар самти кор басо мусоид омадааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Ғайбулло Авзал ва роҳбарони ноҳияҳои номбурдаи вилояти Хатлон, ҳамчунин доир ба вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ, муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ ва афзун намудани нишондодҳои истеҳсолӣ дастурот додааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!