Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 02:44

"Ташаккур", бародари афғони ман!

7 июн 2013, 17:50

Аҷабам меояд. Ҳайратам меафзояд.

То дирӯз ашхоси наздик ба ҳукумат моро таъна мезаданд, ки чӣ ин қадар насиҳат мекунед? Шукри суботу осоиш кунед, кор кунед ва шукрона намоед, ки чунин дореду чунонед.

Имрӯз як шаҳрванди хориҷӣ аз минбари баланди масҷидамон баромада, мо -- тоҷикистониёнро насиҳат мекунад. Рӯзамон ба ҳамин дараҷа расидааст. Афсӯс…

Наход, ба насиҳату маслиҳати хориҷиён мӯҳтоҷ шуда бошем? Ва ӯ ҳам моро ба шукргузорӣ мехонад.

Барои мо, соҳибони ин марзу бум, дар масҷидамон сухан намедиҳанд. Барои мо иҷозати вазъ гуфтан нест. Барои ҳеч нафаре аз муллоҳои суннатии маъруф иҷозаи аз минбар сухан нест. Барои ӯ (як хориҷӣ) мумкин.

Чунки ӯ аз мо талаб дорад, шукр кунем ва ҳар рӯз ду ракъат намози шукрона бигузорему савобашро ба ҳаққи президент бахшем. Дасти азизат дардро набинад, бародари афғони ман. Ташаккур бар ту бародари ҳамзабон! Агар ту намебудӣ, мо аз куҷо ба қадри сулҳ мерасидему медонистем, ки дар биҳишт зиндагӣ дорем?

Сайёфи Мизроб, журналисти маъруфи тоҷик, чанде пештар навишта буд, ки афғонҳо ба Тоҷикистон барои духтарбозӣ меоянд. Онҳо меоянду духтарони моро таҷовуз мекунанд, ваъдаи ба занӣ гирифтанро медиҳанду баъд фирор то ба Афғонистон… Сайёф хато кардааст. Агар бинам, ҳатман мегӯям, ки ако, дигар ин тавр нанависед. Афғонҳо одамони зӯр ва соҳибминбар.

Мо то ба он ҳад оҷиз шудаем, ки аз хориҷӣ ҳам талаби мадҳу ситоиш кардани хешро мекунем ва минбари масҷидамонро дар ихтиёри онҳо мегузорем. Аммо чаро агар рӯҳониёни маъруфи кишвар, барои мисол, Тӯраҷонзодаҳо мардумро ба роҳи ҳақ даъват кунанд хушатон намеояд? Чаро агар Мулло Абдураҳими Қазоқонӣ, Ҳоҷӣ Мирзо аз минбар сухан кунанд, даҳонашонро мебандем? Онҳо мардумро аз зино, бадмастӣ, ҳаромкорӣ парҳез кунед, мегӯянд.

Пас, мо чӣ хулоса кунем? Ё дигар ба фармудаи бузурге иктифо кунем: «Меҳмон рӯзӣ зи худ меовараду гуноҳи мизбон мебарад…»

Ман ҳайрон…

Халил ҚАЮМЗОД

PS: Ин навишта назари шахсии муаллиф аст


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Фира

  • 7 июн 2013 18:12
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хакаст бародар Худованд нигахбонат бошад,, мо худкуши бегонапарварем худихора санг мезанему бегонагонро ситоиш мекунем. Он рухониене, ки дар боло зик шуданд номашон хело мардумро аз рохи фиску фасод гардонидан вакте, ки хизматашон тамом шуд дахонашонро бастанд ба хар рох.......
Посух додан
  • маҳастӣ

  • 7 июн 2013 19:30
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
мардум аз афғонҳо эхтиёт шавед! Ҳақ ба ҷониби муаллифи мақолла ва Сайёф аст.. Ин афғоонҳо ба ватани мо ба қавли худшон сирф ба хотири "истироҳат! меоянд ва садҳо духтарони соддаи моро бадбахт карданд. Алҳазар!
Посух додан
  • Nodir

  • 7 июн 2013 21:24
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
E avgon tu xudat ki hasti ki moro darsi adab meomuzi? Inqadar ki rohnamo budi rafta ba avgonhoi sargumu dumgazidaat rahnamoi kun ! Dar avfgoniston 30 sol ast ki az xuni hamdigar ser nashuded inruz tojikonro nasihat dori? Ba gufti gapo musicha chivu yaxmolakbozi chi!?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
вокеъан хам чои таассуф аст ки як ачнаби моро водор ба шукргузори ва савоби намози хондаатро ба кадоме бахшиданро омузад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рахми афгон ба кахри турк баробар гуфтаанд.Бале,онхо хамин хел гуруру маънивиёт доранд.Таи 20сол аст,ки мухочири доимии Россия хастам.Рафтору кирдори хамаи миллатхоро омухтаам.Ба хулосае омадам,ки дар Россия аз мардуми рус дида баинсофу бе кина мардум дигар нест. Точирони афгони дар бисёр шахрхои Россия хастанд. ин миллат чи хеле хам, ки гуем, дар хакикат бобароранд. Вале аз хама миллати мусулмонтарину худотарсро миллати мухочири точикро дидам. Арабхову афгонхову туркхо аз хад зиёд ба шариат часпидани мо мухочирон писханд мезананд. Аввалин бор донишчуёни Афгонистон дар Душанбе солхои 1978-79 ум пайдо шуданд. ман он солхо мактабхон будам. Баъд ба омузишгохи сохтмони дохил шуда, сипас аз адои хизмати харби тахсилро дар собик УДТ(ДДМТ)-и хозира шабона чанде давом дода, хорич шудам. Онхо гохе пинхони гохо ошкоро ба тичорати "майда" сару кор доштанд. Он солхо тамоми нуктахои савдо ва умуман фуруши маводу масолех ва озукавори давлати буданд. Ягон моли хуби хоричи (импортный)-ро бо чандин усулу шиносбозиву пули киммату хешутабори аз "подприлавки", яъне пинхони мехариди. Молхои хоричиро, то хатто тугмаву сузанро он солхо дар ягон нуктаи савдои шурави рох намедоданд. Омузгорони Донишгох бо хар як донишчуи афгон ду даста салом мекарданд. Дар холе, ки мо донишчуёни донишгох дукада шуда салом медодем, устодон катъи назар мекарданд. Духтарони факультахои филологи. шаркшиносиву иктисоди аз дидани афгонхо ба вачд меомаданд. Хатто як духтари донишчуи курси 3-юми факультаи филология тарки тахсил кард, то ки чавони шавхаршавандааш, ки аз оилаи бой ва сарватманд будааст, уро ба провинцияи Лагмони Афгонистон барад. Донишчуи афгон хело мутаккаббиру дамдузд ва олуфтаву маккор метофт. Ин духтари содда окибат аз вай духтарча таваллуд кард. Баъди тахсил афгони дипломдор ба Афгонистон баргашт, духтараки донишчуи собик ба Ёвон баргашт. Чунин фиребхурдахо садхо нафар буданд. Холо он духтари собик донишчу, бибикалони баркамол аст, вале дигар асло ба шавхар набаромад.
Посух додан
  • Аз Кулоб

  • 7 июн 2013 23:43
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Эээ Шумо хуб содда будаен! Ин мулои афгон ва ин мулохои шурои уламои худамон хамаашон мулохои ДАРБОРИЯН.барои инхо фаркаш чи ба инхо хар амре ки аз БОЛО шавад ичро мекунан
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бародарон моро шояд наберахомон набахшанд ва гуянд,ки мо буз дил будем, дар вакташ. Дасгири накардем ва сукут кардем ,он вакте,ки хукуки онхоро вайрон карда буданд. Онхо ин суханхоро мегуянд он вакте,ки Амри Маруфи Турачонзодахоро ,ва Домулло Мирзоро гуш кунанд. Дар Осиёи Миёна, ва берун аз он монанди Улламо Турачонзодахо Нуриддин,Акбар,Махмудчон ва Домулло Мирзо шахсон нестанд. Холо вакт дорем,ки онхоро аз минбари баланд,ё тилвизион ё аз радио бинему,гуш кунем. Бародари Авгон донад,ки у НОМАКУЛ КАРДААСТ.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
муллои авгон ай суханош маълумайки вакташба бисер найнавози хуб будаст
Посух додан
  • Вадуд

  • 8 июн 2013 17:04
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Муллои афғон сад фоиз ҷосус аст,, мақсад ва манфиатеро дунболагири мекунад дар зери парчами дин.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин "бародар" и афгонат аник гумоштаи хукуматдорони Точикистон аст. Агар муфтии "содику якру" - и мо аз андешаи у каблан огохй намедошт, харгиз чуръати ба минбар рох додани уро намекард.

Инро метавон як навъ таблиготи пешазинтихоботй ба нафъи президенти кунунй унвон кард
Посух додан
  • said

  • 9 июн 2013 12:38
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ofarin ba in fikri vasei mardonaat ki agar in ryhonieoni moro gyzorand onh fakat az aloh va rasuli y tarif mekunand az in xoti mahrymi minbar astan.
Посух додан
  • MK

  • 10 июн 2013 08:42
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Офарин, Абдухалил,он мардум ба касе дуст нестанд, мо луъбатаконему фалак луъбатбоз. Онхоро ки ба Точикистон рох медихад, бехтарин мехмонхонахо дар ихтиёри онхост. Ва умуан, мардуми бечораи точик дар симои ягон кас дуст надорад, Аз кадимулайём худаш бо худаш саргардон. Дар гузашта бо госибони бодиянишин хам ягон хукуматаш мубориза намебурд, уро пушбтибоне набуд, Модари точик фарзанде ба дунё намеорад, ки гами бародаронашро хурад, "Бачам, киссата пур кун, киссата, ки имруз хасти дар кудрат, пагох нести, кисата пур кун" гуфта таваллуд мекунад

Цитата: Сорбони Ошик .РФ
миллат чи хеле


Офарин ба андешахои равшанфикронаат. номус аз хама пас аз Имон гавхари боарзиштарин аст.
Касе боз навишта буд, ки ин муллои афгон дар давраи пеш мумкин "НАЙНАВОЗ" буд, вокеан фикр мекунам дуруст аст. эхтимол "Карнай" ё "сурнайнавоз" бошад.Фира,

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!