Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 11:50

Сониҳаи нақлиётӣ ҷони се нафарро гирифт

8 июн 2013, 10:58

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, як сониҳаи нақлиётӣ дар ҷануби кишвар мунҷар ба марги се нафар гардидааст.

Ба иттилои манбаъ, рӯзи 6-уми июн ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Абдулло Нахутови 27-сола, сокини ноҳияи Панҷ, аснои ҳаракат аз самти ноҳияи Панҷ ба ҷониби ноҳияи Қумсангир, дар роҳи мошингарди деҳаи Пешкаппа аз ӯҳдаи идора нақлиёт набаромада, ба қисми қафои автомашинаи тамғаи “ЗИЛ-431312”, ки ба Тоҳир Маҳмадқулови 41-сола тааллуқ дорад, бархӯрдааст.

Дар натиҷа ронандаи худрав- Абдулло Нахутов ва мусофиронаш Иброҳимбек Абдусатторови навзод ва Рустам Алиеви 27-сола, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Инчунин чор нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ гирифта, дар беморхона бистариянд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • дуогуи мардум

  • 8 июн 2013 13:04
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Худованди Бузург чояшонро чаннат бигардон.
Аз Худованди Бузург мехохам тамоми ронандагон ва мусофиронро дар амоанш нигох дорад ва хамеша рохашон сафед бошад. Дигар ин хама такдир аст.
Посух додан
  • Рохгузар

  • 8 июн 2013 18:01
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Худованд рахмату махфираташон кунад омин!

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!