Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 14:51

"Ҳаракати исломии Узбакистон зодаи даврони худкомагист"

8 июн 2013, 11:36

Коршиноси масоили сиёсиву амниятии Афғонистон бо ишора ба ҳамкориҳои довталабон ва ҳаракати исломии Узбакистон изҳор дошт, ки нерӯҳои Толибон дорои ҳувияте яксон ҳастанд ва фақат мадориси динӣ онҳоро дар тамоми минтақа ба ҳам пайванд медиҳад.

Ваҳиди Мужда, коршиноси масоили сиёсиву амниятии Афғонистон ба “Форс”гуфтааст, "дар кишварҳои исломӣ, ки низоми худкома ҳоким аст, вақте садои мардум аз масири қонунӣ фурсати инъикосро пайдо накунад, иддае пайдо мешаванд ва мардумро ба хушунат даъват менамоянд".

Ба гуфтаи ӯ, бояд таваҷҷуҳ дошт, дар чунин вазъияте хушунат ғалаба мекунад ва иттифоқоти баъдиро дар пай хоҳад дошт. Ҳаракати исломии Узбакистон низ зодаи даврони худкомагист ва ин дар ҳолест, ки ҳанӯз ҳам ба фаолияти худ дар Осиёи Марказӣ идома медиҳад. Теъдоди зиёде аз ин афрод имрӯз дар манотиқи Вазиристони шимолӣ ва ҷанубӣ дар манотиқи қабилаии Покистон мустақар ҳастанду ҳатто дар байни ин афрод занону кӯдакон низ ҳузур доранд.

-Ин афрод танҳо ба далели фирор аз ҳукумати худкомаи Узбакистон вориди Афғонистон ва Покистон шудаанд ва ҳангоме, ки онҷо рафтанд, барои дифоъ аз худ маҷбур шуданд силоҳ ба даст бигиранд. Дар гузашта низ мавзӯъ ба ҳамин сурат буд, зеро дар замони Толибон, худкомагӣ дар Узбакистон ҳукмфармо буду афроде аз тарси кушта ва ё зиндонӣ шудан ба Афғонистон паноҳ оварданд,-меафзояд Ваҳиди Мужда.

Ба қавли ӯ бо суқути диктатурҳо монанди кишварҳои арабӣ, теъдоди зиёде аз ин афрод ба кишварҳои худ баргаштаанд ва теъдоди андаке дар ин манотиқ боқӣ мондаанд.
Далели ин амр ин аст, ки дар ин кишварҳо демократия эҷод шуда ва садои мардум аз тариқи қонунӣ шунида мешавад.

Ваҳиди Мужда дар муқоисаи ҳаракати исломии Узбакистон ва ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, "вақте давлат ва ҲНИТ бо якдигар ба мувофиқа расиданд, то ба сурати сиёсӣ мушорикат дошта бошанд ва дар ҳукумату парлумони кишвар саҳим бошанд, ҷанг ба поён расид ва силоҳҳо ба замин гузошта шуд".

Аммо дар Узбакистон вазъият инчунин нест, бинобар ин афроди норозии Узбакистон ҳануз дар ин манотиқ ҳузур доранд,-мегӯяд ӯ.

-Аз ин хотир бояд таваҷҷуҳ дошт то замоне, ки ин мушкил дар дохили Узбакистон ҳал нашавад, дар Афғонистон ва Покистон мушкилоти узбакҳо ҳал нахоҳад шуд. Дар ин шубҳае нест, ки ҳаракати исломии Узбакистон дар канори Толибон дар бархе манотиқи Афғонистон дар ҳоли ҷанг ҳастанд. Қаблан аз сӯи Толибон эълом шуд, ки амалиёти Холид ибни Валид оғоз шудааст, бинобар ин бидуни шак дар Афғонистон гуруҳҳое аз кишварҳои мухталиф дар байни нерӯҳои Толибон мушоҳида мешавад.

Ҳамон тавр, ки дар замони шуриш алайҳи Шӯравӣ гуруҳҳои мухталифе дар Афғонистон вуҷуд дошт, имрӯз низ чунин аст. Дар ин хусус метавон ба шаҳрвандони Туркия, Покистон ва бархе кишварҳои аврупоӣ, ки дар канори Толибон дар ҳоли ҷанг ҳастанд ишора кард.

Агар диктаторӣ ва саркубгарӣ дар кишварҳо идома ёбад, дар воқеъ ин навъи бархурд заминасози хушунатҳои дутарафа мешавад. Ба вуҷуд омадани “Ал-Қоида” дар даҳаҳои гузашта дар Покистон ва Афғонистон дида шуд, ба ҳамин сабаб то замоне, ки низомҳои диктаторӣ дар дунё вуҷуд дошта бошаду мавриди ҳимояи абарқудратҳое монанди Амрико бошанд ин ҳаракатҳову хушунатҳо ба поён намерасанд.

Ин дар ҳолест, ки ҳамеша ҷунбишҳое зери номи “Ал-Қоида” ва дигар номҳо вуҷуд хоҳанд дошт ва роҳҳал ин аст, ки ба хостаҳои қонунии мардум таваҷҷуҳ сурат гирад.
Дар мавриди моҳияти Толибон бояд гуфт, ки шуриши ин афрод ҳамчунон дар минтақа идома дорад.

Гуруҳҳо ва афроди мухталифе аз кишварҳои мутафовит барои мубориза бо Иттиҳоди шӯравии собиқ вориди Афғонистон шуданду ҷангиданд. Албатта дар он ҳангом то суқути шӯравӣ, ҳимояи Амрико ва Арабистони Саудӣ аз чунин афроду гуруҳҳое вуҷуд дошт.
Аммо пас аз онки аҳдоф муяссар шуд, бар алайҳи ин афрод ҷанг оғоз шуд ва саркубу куштор то ба имрӯз идома дорад.

Бинобар ин, ончи имрӯз дар Афғонистон мушоҳида мешавад, дар воқеъ идомаи вазъияти гузашта аст, яъне гуруҳҳое аз кишварҳои мухталиф ин ҷо омадаанд ва зидди Амрико дар ҳоли ҷанг ҳастанд.

Онҳо фикр мекунанд Афғонистон сарзаминест, ки дар он ҳеч абарқудрате имкони пирӯз шуданро надорад, бинобар ин мехоҳанд дар саркубиву аз байн бурдани абарқудратҳо саҳм бигиранд.

Коршиносон ҳамчунин таъкид мекунанд, ки миллияти хосеро наметавон барои Толибон дар назар гирифт. Толибони покистонӣ, чеченӣ, узбак ва қирғиз дорои ҳувияте яксон ҳастанд, ки иборат аст аз толиб будан ва онҳо мактаби хосеро хатм мекунанд.

Дар поён бояд зикр намуд, ки агар бихоҳем тасвире аз фаолияти кунунии Толибон тасаввур кунем, мебояд таваҷҷуҳ дошт, ки мактабҳои динӣ ин афродро бо якдигар пайванд медиҳад на миллат.

Сарчашма: “Форс”




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!