Номаи шодбошии Эмомалӣ Раҳмон унвонии Навоз Шариф
Эмомалӣ Раҳмон, райиси ҷумҳури Тоҷикистон ба муносибати ба ифои вазифа шурӯъ кардани Навоз Шариф ӯро шодбош гуфтааст. Дар ин бора Хабаргузории Ассошиейтед Пресс дар Покистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар номаи табрикии Эмомалӣ Раҳмон изҳори умед шуда, ки зери сарвазирии Навоз Шариф муносибати миёни Тоҷикистону Покистон ба давраҳои ҷадиди рушд хоҳад расид.
«Президент Раҳмон ҳамчунин ба нахуствазир ва мардуми дӯсти Покистон муваффақият хостааст»,-хабар медиҳад сарчашма.
Навоз Шарифи 63 сола рӯзи чоршанбе бо дарёфти райъи бештари вакилон маротибаи сеюм ба курсии нахуствазири Покистон нишаст. Аз 342 вакил 244 нафар аз номзадии ӯ пуштибонӣ кардаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |