Бахшҳо

Агар дар бораи "Тоҷпромбонк" ягон чӣ нависед...

Ҷамила МИРБОЗХОНОВА

Гузориш аз бонке, ки ба гуфтаи Наима Бозоровна танқиди он ба журналист «вазнин меғалтад».


-Дар Русия ин қадар азоб мекашанд бас нест, ки боз барои дарёфти маблағи равонкардаашон дар ин ҷо азоб кашем? Ҳаққи бачаҳоро касе мехӯрад, ҳаромаш шавад!-шикояткунон як марди тахминан 60-65 сола аз назди филиали «Тоҷпромбонк» дар маҳаллаи Титови шаҳри Душанбе дур шуд. Ин пирамард аз он шиква дошт, ки маблағи фиристодаи фарзандашро ду рӯз боз наметавонад дастрас кунад. Мо, ки ба дунболи шикояти чанд муштарии дигар ба филиали ин бонк омада будем, хостем, то бо пирамард сӯҳбат кунем. Аммо ӯ моро корманди бонк гумон карда, дигар нахост суҳбат намояд
-Безорам аз бонкатон ва худатон. Ба фарзандонам мегӯям, дигар ба ин бонк пул равон накунанд,- гуфту аз наздамон бо як ошуфтахотирӣ дур шуд. Дар ҳоле, ки зиндагии тақрибан аксар аҳолии Тоҷикистон аз бонкҳо вобаста аст, эҳсос накардани масъулият аз ҷониби масъулини бонкҳо чи мушкилеро сари мардум ба бор меорад. Нафаре таъҷилан барои табобати модараш аз Русия пул мефиристад, аммо давоми ду ё се рӯз наметавонад, он маблағро дастрас кунад. Дар ин ҳолат гузашти вақт фоҷеабор ба поён мерасад, ки масъулин бояд инро дарк кунанд.

Мо ба ин хулоса дар ҳоле расидем, ки муштариёни «Тоҷпромбонк» аз фаъолияти нохуби он ба мо шикоят карданд. Ин бонк, яке аз бонкҳое аст, ки дар кишвар хизматрасонии интиқоли маблағҳоро, чун дигар бонкҳо анҷом медиҳад. Мо ба хотири пайгирии шикоятҳо ба филиали «Тоҷпромбонк», ки дар кӯчаи Титов-16, воқеъ дар фурудгоҳи кӯҳна ҷойгир аст, рафтем.

Бо як чеҳраи гирифта, Назокат Аббосовна, директори Маркази хизматрасонии филилаи ин бонк пешвоз гирифт. Суолҳои худро, ки чаро филиали Шумо ба муштариён хуб хизмат намерасонад ва маблағи муҳоҷиронро сари вақт ба наздиконашон намерасонад, пешниҳод кардем. Ин хонум дар авва лбо посухи ин ки «Бонки мо бо чунин мушкилот ҳеч гоҳ рӯ ба рӯ нашудааст», хост моро бовар кунонад. Аммо ғайринтизор худаш ба мушкилот иқрор шуд: Чунин мушкилот фақат дар бонки мо нест, бо чунин мушкилот тамоми бонкҳои кишвар рӯ ба рӯ ҳастанд. Ростӣ, чунин мушкилро доштем, дар моҳи апрел ва ҳоло бошад боз чун пештара ҳамааш хуб аст. Ин мушкили мо агар гӯем, ки мушкили мавсимӣ аст, хато нахоҳем кард, чунки 95 дарсади интиқоли маблағ ба бонки мо фақат аз ҷониби Русия ворид мешавад,- гуфт ӯ.

Ба хотири дарки воқеият хостем, то бо муштариёне, ки дар дохили бонк қарор доранд, ҳамсӯҳбат шавем. Се муштарӣ маблағашонро бе ягон мушкил дастрас карданд. Ба дил гуфтам, ки шояд сокинон аз ин филиал нодуруст шикоят кардаанд, вале ҳамин замон кор ранги дигар гирифт. Як ҷавони тақрибан 29-30- сола ворид шуд ва аз хизматрасонҳои бонк хоҳиш кард, то барояш 30 ҳазор рубли русии воридшударо бидиҳанд. Духтараконе, ки дар назди компютер менишастанд, аз ҳарфи ин ҷавон хушҳол нашуданд ва зуд чеҳраашон тағийр хӯрд. Ин ҷавон ҳам пулашро гирифт, вале ба истилоҳ ин кормандони бонк якбора «кафиданд».

Хазинадор, ки аз ӯ Фирӯза ном бурданд, пас аз додани се ҳазор рубли русӣ, гуфт, «дигар остатка нест, ҷавоб бтен ҳамара». Ба «бахти» хазинадор ҳамин лаҳза ду марди тақрибан 40 ва 35-сола ворид шуданд. Онҳо хоҳиш карданд, ки 50 ҳазор рубли русиашонро бояд таъҷилан бигиранд, зеро кори заруре доранд. Ҷавоб якто буд, ки мо пештар низ аз забони муштариёни ин бонк шунида будем: «Пул нест, дертар биёед ё баъд аз зуҳр биёед». Аммо ин ду муштарӣ иброз карданд, ки онҳо аз ноҳияи Қумсангир, ки то пойтахт хеле роҳи тӯлонӣ дорад, омадаанд ва бояд мабалғашонро бигиранд.

Ҳангоми сӯҳбат ин ду мард изҳор доштанд, ки бори аввал аст, ки ба хидматрасонии бади ин бонк шинос мешаванд ва дигар аз хидматрасониҳои он истифода нахоҳанд кард. Дидем, ки онҳо маблағи худро бе ягон мушкил аз Бонки «Эсхата», ки дар наздикии Маркази хизматрасонии «Тоҷпромбонк» буд, гирифтанд. Ин муштарӣ, ки худро Фаррух гуфта ба мо муаррифӣ кард, гуфт, ӯ ба тиҷорати мева дар Русия машғул аст ва маблағе, ки ҳоло ӯ аз «Тоҷпромбонк» сари вақт гирифта натавонист, аз Челябинск ба ӯ ирсол шудааст.

Дар ин нуқтаи хизматрасонӣ мушоҳида кардем, ки маблағи ирсолкардаи муҳоҷирон бо таъхир сурат мегирад ва он ҳам ҳар асъоре, ки фиристода нашуда бошад, бо пули сомонӣ ба муштариён дода мешавад. Муштариён аз ин амал низ шикоят доштанд. Дар ҳоле ки мувофиқи қоидаҳои бонк онҳо ҳуқуқи додани сомонӣ бе хоҳиши муштарӣ ба ӯро надоранд, балки агар ба муштарӣ доллар ё рубли русӣ фиристода бошанд, бояд бонк ҳамонро диҳад. Ин амалро Маҳмадулло Мирзоев, ҷонишини директори «Тоҷпромбонк»-и ҷумҳурӣ низ нодуруст донист. Мирзоев дар сӯҳбат ба мо гуфт, аз мушкиле, ки дар Маркази «фурудгоҳи кӯҳна» аст, огоҳӣ надорад: “Ман тамоми ҳуҷҷатҳоро ба Шумо нишон медиҳам, ки ҳангоми навиштани дархост аз тамоми филиал ва марказҳо мо фавран ба онҳо маблағ ирсол мекунем. Ман ҳайронам, ки чаро муштариён маблағҳои аз Русия ирсолкардаашонро сари вақт намегиранд, ман намедонам.”

Масъулини ин бонк ҳамчунин гуфтанд, бонки онҳо яке аз бонкҳои пешсаф ва фаъоли пойтахт ба шумор меравад. Ҳангоми сӯҳбат ҷонишини директор Наима Бозоровна, аз шунидани чунин камбудҳо сахт асабонӣ шуд ва худро дигар на дар назди ҳамкорон ва на хабарнигорон идора карда натавонист. Ӯ бо асабоният ва садои баланд фишор оварданӣ мешуд ва мегуфт, ки дар хусуси бонки онҳо чизе нанависам: “Шумо дигар мавзӯъ надоред, хоҳар?! Ин корро накунед, ман ба шумо гуфта истодам, ки агар шумо дар бораи «Тоҷпромбонк» ягон чӣ нависед ба шумо ВАЗНИН меғалтад, ВАЗНИН, ВАЗНИН. Шумо ҳаминро медонед? ВАЗНИН меғалтад! Равед дар бораи дигар бонкҳо нависед, бонки мо ягон камбудӣ надорад, фаҳмо! Ҳамаи бонкҳо камбудӣ доранд, фақат бонки мо не. Раис ҳоло хап аст, (раис гуфта Наима Бозоровна Мирзоевро, ки дар курсии кориаш менишаст ва ба суханони ӯ гӯш медоду дам намезад, ишора мекард) гап назадестан, ки чӣ гап. Ман мегўям, ба шумо ВАЗНИН меғалтад, агар шумо дар бораи бонки мо ягон чӣ нависед, ана мебинем…. Гуфтам-ку мебинем!”

Бо чунин таҳдид ин хонум, ки рафтораш аслан хоси бонкдорон дар ягон гӯшаи дунё нест, моро «пешвоз» гирифту тарк кард.
Аммо ин шикоят аз «Тоҷпромбонк» ягона набуд. Муштариёни ин бонк аз Кӯлоб низ ба мо шикоят карданд, ки маблағашонро сари вақт гирифта наметавонанд, вале умуман раиси ин бонк Инъом Ризмоновро пайдо намекунанд, то арзашонро бирасонанд. Ба суоли муштариён, ки раис куҷост, ҷавоб медиҳанд, ки сохтмон дорад.

Назар Сатторов, як сокини Кӯлоб зимни сӯҳбат бо мо гуфт: “Ин бонк дар Кӯлоб, ки фаъолияти назаррас надорад, тасмим доштааст, то бинои нав бисозад. Ризмонов низ дар ин ҷо танҳо ба ном ба ҳайси раис кор мекунад, бештар фикри ӯ дар сохтмон банд аст. Ӯ пештар ҳамчун раис ба бонки «Тоҷиксодиртбонк» ва «Аввалин бонки молиявии хурд» низ бино сохтааст.”

Ҳоло ба ин савол ҷавоб меҷӯям, ки «Тоҷпромбонк» бонки афроди асабонӣ ҳаст, ё сохтмончӣ?
Мӯҳр
Салом ман мизочи Агроинвестбонки Ш Панчакент мебошам Дируз ман аз Агроинвестбонк маблаг гирифтам 1-2 дакика ба маблагам ро гирифтам коргаронаш хуш муомила хастанд.Муштариён маблаги худро аз Агроинвестбонк гиред бад бовар мекунед ягонвакт маблагомо тамом шудаги пагох бед ин хел гапхо нест ба ман ин бонк бисёрхам макул аст .

Бисер хуб,ки дар ин мавзуъ навиштед.Зеро,ки ман хам чандин маротиба шунида будам,ки дар бонкхо одамонро сарсону саргардон мекунанад,ва онхо маблагхои худашонро саривакт дастрас карда наметавонанд.Хатто ман шунида будам,ки барои саривакт дастрас намудани пулхои худ,одамон "через"мекофтаанд.Дар хамин чой хам,кормандони бонк,аз мизочони худ ягон фоида бинанд.Корруптсия чунон ба магзу устухони мо даромаддаст,ки дар ширкатхои хусуси хам,мехоханд,ягон фоидаи барзиёд гиранд.

Мурод
Хайр тачпромбонк нашуд равед аз эсхато ё агро гиред ин тачпромбонг он кадар фаъолияти хуб хам надорад сабабаш маълум шуд он ча ба ВАЗНИН-хо шиштаги будастан. боз занак ! (Наима Бозоровна)! чи кор кунам ки дар забони занон чунин харфхоро мешунавам мардхо он тараф истанд. мисли Муовини Вазири маориф

Бонкдори Бепул
Бисёр мавзуи хубро пайгири намудаед. Аслан барои ман ин бонк писанд нест, агар дар бораи хузматрасонихои бонки Агроинвестбонк менавиштед ягон сухану нагзаку талхак мегуфтем. Дар ончи пропкахоро мебинеду Митингхои кишвархои хорича ба ёдатон меояд. барои гусад сесад муштари 2 нафар хизмат мерасонад кобили кабул нест.

медони чи огои Парвиз таъриф кардан хуб аст агар дар дохилаш танкид хам бошад. Агар дар Панчакент хизматрасонии агронивестбонк хуб мешуд пули сахар фиристодаро бегох намегирифтем .

Jurnalistkai behtarin budaast in dukhtar. Bar padarash rahmat 1000 bor. In zanak vohima kard ki Jamilabony dar joyash shinond sakht shinondast ku. Qandata zan dukhtari zebo. In khel dukhtari nozanina mo orzy mekunem ba nazdamon daroyad akalan 1- marotiba, Naima Bozorobna albat did dukhtari khushry bakhilish omad heeeee. HAmai gapho jon dorand. Mo ham intizori maqolahoi digar, gufagien ki davom dorad..

In zanak diplomt ham nabudast. Haifi chunin raisa budanash. Gap zadanash az kucha farq nameshudast. Ofarin Jamila ainan dodi sukhanhoyashro..Ana chuninho dar sari degy tabaq va vazifa meshinand bad konechno dar giriftani pul Vaznin moda meshavad ....

нигора
Салом ба хонандагони ин мачала. Ман сокини хамин кучаи Титова хастам ки ие филиал хизматрасонии худашро ба мо мерасонад.Ман гуфтаниям,ки аз хизматрасонии ин филиал рози хастам, вале аз дигар филиалхояш намедонам аммо ин филеале ки дар наздикии мо хаст хеле вазифашро хуб ичро мекунад. Мо сари вахт пулхоямонро мегирем.

коркунони Аэропорт
Мо коркунони Аэропорт хастем,ки дар вакте ба мо аз руссия пул фиристода мешавд тавасути интиколи маблаг мо бе ягон махдудият пуламонро аз Титова 18 мегирем. Мо он кадар вахти зиёд надорем ки ба дигар бонкхо равем ин бонк бошад дар наздикии мо аст ва маблагамонро гирифта сари вахт ба кор мегардем мисли дигар банкхо не ки дар навбат бо соатош меисти. Ин журналистхо Худо мегуянд ки гуши Фил чумбад.

Чамшед
салом ба хамаи хонандагони ин макола! Ман сокини кучаи Гостелло мебошам, ки хонаи мо дар наздикии ин филиали бонк карор дорад. Дар давоми соли охир ман аз хизматхои ин бонк 2-маротиба истифода намудам ва ягон мушкили дар гирифтани пули худ эхсос накардам. Ин макола ба фикри ман ва сокинони кучаи мо аз руи хакикат набуда асосе барои танкид намебинем. Хайр мумкин ки хамон руз пул ним соат дер оварда бошанд. Ин кадар журналисти хуб агар бошед як бор рафта ба духтурхонахо, нотариусхо, милисахонахо, донишгоххо назар кунед ва мебинед ки мардум чи азобу шикоятхо доранд!!!

Давлатмох
Апаи Чамила хамара ай хандара суст карди ягон анекдод нанависти ки бисёртар бхандем

Чамилахон барои чуръататон ахсант, лекин чаро дар он чо факат бо занако сар ба сар шудед? Чонишини директори «Тоҷпромбонк»-и ҷумҳурӣ ки мард аст чаро хап шишта гапкашии шуморо тамошо кардаст? е шуморо тамошо мекард?
лекин ин чо хам мардум рост навиштаанд, ба ин чуръататон як аз нотариусхою духтурхонахо хам макола нависед, ё шумо хам факат гирд гирди бонкхо мегардеду шикоятхои мизочони бонкро мешунавед? акалан дар хамин бонкхо дер хам бошад бе взятка пуломона мегирем, боз хаминорам шумо сиех кардед.

[quote=Парвиз] Ту худат ба фикрам посбони филиали "Агроинвестбонк"-и ш.Панчакент хасти, ки ин кадар онхоро таъриф карди. Дигар посуххоро хон, мардум аз бонки "Точпромбонк" рози хастанд.

Мушкили оиди пардохти маблағи интиқолшуда баъзан вақт шуданаш мумкин аст, инчунин дар тамоми Бонкҳои дунё. Бонкҳои Тоҷикистон шукр, ки ба халқ хизмат мекунанд. Аввало раҳмат ба Раиси ҶСП БСТТИСТ "Тоҷпромбонк" Зиёев Ҷамшед Азизович, ки кушиш менамояд дар тамоми ноҳияҳои ҷумҳурӣ Бинои бонкро сохта, ба мизоҷон хизмат расонад. Раҳмат гуфтан даркор ба Иномҷон Ризвонов, ки бо ҳамин шароити душвор дар ш.Кулоб бинои Бонкро месозад. Охир - рақобат гуфтани гап ҳам ҳаст-ку. Дигар ин ки дар мақола ному вазифаи шахсони номбаршударо дуруст дарҷ кардан даркор. Дар як ҷой сӣ ҳазор мегуеду, дар ҷои дигар се ҳазор. Худи мизоҷ кадом маблағро гирифта бошад?
Телефон: 91-962-4444, 93-516-61-01.

ман якхафта боз бонки есхата воқеъ дар бозори саховат аст ба ончо меравам ман мехостам доллар гирам вале онҳо ба ман мегӯянд тамом шуд инҳо худашон 880 мехаранду курсӣ давлати 882 мебошад инҳо ба мардум намедиҳанд ва худашон ба миёнаравхо 990 95 мефуршанд куҷост раиси шаҳр

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)