Бахшҳо

Саволи "Озодагон": Аз шахсони номаълум наметарсед?

Субҳи дувуми июн афроди номаълум дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба хонаи соҳибкор Аҳмадхӯҷа Бобоев даромада, ӯро ҳамроҳи зану фарзандонаш ба қатл расониданд ва хонаашро оташ заданд. Ду моҳ қабл шахсони номаълум Сабинаву Малика Араловаҳои хурдсолро дар Душанбе дуздиданд. Баъдтар шахсони номаълум ҷонишини раиси Ҳизби наҳзати исломӣ Маҳмадалии Ҳаитро латукӯб карданд. Таи як моҳи охир шахсони номаълум ба мухолифони сиёсӣ тариқи телефон паёмакҳои таҳдид ва тавҳиномез мефиристанд...


Бо таваҷҷуҳ ба ин ҳама, “Озодагон” аз чанд нафар пурсид, ки Шумо аз шахсони номаълум наметарсед?

Маҳдии Собир, корманди Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон:
“Барои ин ҳодиса (куштор дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) парвандаи ҷиноӣ боз шудаасту феълан дар мавриди ин ҳодиса чизе гуфтан мушкил аст. Зеро худи ниҳодҳои қудратӣ онҳоеро, ки ба ин кор даст задаанд, муайян мекунанд. Чун ин кори ҷинояти сангин аст. Вале инки вақтҳои ахир паёмҳо бо воситаи СМС ба телефонҳои сиёсатмадорон ва нафароне, ки ба сиёсат сару кор мегиранд, ирсол мешавад, ин кори ҳукумату ҳизбҳои рақиб нест. Кори гуруҳҳоест, ки аз ҳукумат норозиянд. Ин паёомҳоро медиҳанд, то ҳукуматро беобрӯ кунанду вазъи Тоҷикистонро ноором созанд. Кумитаи амният бояд бар ин корҳо огоҳ бошаду барои ҳар пайғоме, ки ба телефонҳо ворид мешавад, парвандаи ҷиноятӣ боз намояд, то ҳангоми телефон кардан муайян шавад кисту аз куҷост. Дар муддати 3 рӯз ба одамоне, ки зери фишору таҳдид ҳастанд, бавоситаи расонаҳо ҷавоб диҳад, то мардум фаҳманду боварияшон нисбат ба ҳукумат зиёд шавад.”

Мунира Наҷимова, сокини шаҳри Душанбе:
“Бале, мутаассифона, моҳҳои охир ҳодисаҳое мисли куштор ва дуздидани бачаҳо зиёд мешавад, ки ба зиндагии мо бе таъсир буда наметавонад. Албатта, барои ҳаёти худ ва кӯдакон нигарон мешавем.”

Файзиннисо Воҳидова, ҳуқуқшинос:
“Афроди номаълуме, ки субҳи якшанбе дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аъзои як хонаводаро ба қатл расонида маблағи 30 ҳазор долларро рабудаанд ҷинояткороне мебошанд, ки дар ягон ҷо кор намекунанд ва мехоҳанд бо роҳи муфт фоида ба даст оваранд. Аслан сарчашмаи он масоили иҷтимоӣ мебошад. Шояд ҷавононе бошанд, ки шавқ ба сарват доранду вале ҷои кор намекунанд. Бинобар ин, ҷиноятест, ки иртиботе ба сиёсат надорад, чун ВАО ва вазорати корҳои дохилӣ навиштаанд, ки он шахс як соҳибкори ноҳиявист ва аз афродест, ки ба сиёсат умуман дахл надорад. Куштори ӯ ва хонаводааш танҳо ҷанбаҳои иҷтимоӣ дорад. Вале инки ба Раҳматилло Зоиров ва Шокирҷон Ҳакимов паёмакҳои таҳдидомез омадааст, ба фаъолияти сиёсияшон марбут мешавад.”

Комёб Ҷалилов, коршиноси масоили амниятӣ:
“Ҳеч гуна ҳодиса набояд беҷазо монад. Зеро таъмини амният бар ӯҳдаи ниҳодҳои қудратист. Бинобар ин, онҳо кори худро дуруст ба роҳ монанд. Чун ин воқеаҳо мумкин дар ояндаи наздик зиёдтар шавад на фақат барои сиёсатмадорон, балки алайҳи баъзе соҳибкорон ва шахсоне, ки дар ҷамъият эътибору обрӯ доранд. Куштани ҳар як шахс метавонад дар ҷамъият нооромӣ эҷод кунаду дар минтақа байни авлод ё байни дигар гуруҳҳои иҷтимоиву сиёсӣ сабаби бархӯрд шавад. Аз ин рӯ, ниҳодҳои тафтишотӣ ва пулис ин масъаларо ҳарчи зудтар бояд ҳал карда ҷинояткоронро ёбанд. Агар ҷинояте, ки нисбат ба як шахс шудааст, баррасӣ нагардад, барои ҷомеа оқибатҳои бадтаре метавонад дошта бошад. Ман умрамро дидаам ва ҷуз Худованд дигар аз ҳеч касу чизе тарсе надорам. Дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ ҳам чандин бор таҳдидҳо шунидам ва барои ман ин воқеаҳо фақат аламовар аст.”
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)